Formula novemver 2024
ХУШДОМАН ПОЙҲОИ ДОМОДРО БӮСИДУ...
20.09.2020
ОИЛА
5837

 

Ҳамроҳи шавҳарам ба аёдати волидонам рафтанӣ будем. Нав ба маршрутка савор шуда будем, ки садои ошное ба гӯш расид:

-Ҳой сағера, о мемурӣ, ки як зан бигирӣ, ҷонамон аз дасти хонумҳои ту ба лабамон расидааст. Дирӯз боз як духтари хушрӯй бо як писарчаи панҷ-шашмоҳа омада туро суроғ кард. Гуфт, ки ман зани дуюми Хуршед, ана ин писаракамон бемор шудааст, ба падараш гӯед, ки ба хона биёяд, то кӯдакро ба беморхона барем…

Ин гапро аз даҳони ҷӯраи наздики шавҳарам Юсуф шунида ҳуш аз сарам парид. Бехабар аз он ки ҳамкори шавҳарам барои санҷидани ман чунин шӯхӣ карда истодааст, дар ҳамон даруни нақлиёт аз гиребони шавҳарам гирифта, ҷанҷол бардоштам. Хуршед ба ғазаб омада маро як шаппотӣ зад. Аламам бештар гашту кӯдаки якмоҳаро ба дасташ додам ва «аз худат ҳам безораму аз сеғераат ҳам» гӯён, аз маршрутка фаромадам. Шавҳарам аз пасам фаромада маро садо кард, аммо ба рӯяш нанигариста ба нақлиёти дигар нишастам ва ба хонаи модарам рафтам.

Гирёну нолон ҳодисаҳо ба модарам нақл кардам. Зани дуюм доштани домодашро шунида модарам маро тарафдорӣ намуд ва таскин дода гуфт:

-Хуб кардӣ, ки фарзандашро ба дасташ дода омадӣ, бигзор худаш калон кунад. Парво накун, як моҳ нагузашта шавҳар мекунӣ. Ягон йигити чор кас медидагиро гирифта шоҳона зиндагӣ мекунӣ. Зиқ нашав духтарҷон, бачадонат бошад, боз бачаю духтар мекунӣ…

Ҳамин тавр аз байн ду моҳ гузашту касе аз хонаи шавҳарам барои бурдани ман наомад. Дилам барои духтарчаҳоям гум мезад, аммо ғурури ҷавонӣ намегузошт, ки ба хонаи хушдоманам баргардам.

Рӯзе холаам, ки дар як ноҳияи дур зиндагӣ мекард, хабаргирӣ омад. Маро бе фарзандонам дар хонаи модарам дида пурсид:

-Маҳина, чаро ту бе кӯдаконат омадӣ? Духтарчаҳоятро кӣ нигоҳубин мекунад?

Модарам оҳи сард кашида гуфтанд:

-Маҳина дигар ба хонаи шавҳараш намеравад. Шӯяш дар болои духтарам зан гирифта будааст, Маҳинаҷон ин гапо шунида кӯдаконашро партофта омад. Садқаи гул барин духтарам шавад, он касофат. Акнун худаш сағераҳояшро бонӣ карда шинад. Насиб бошад, духтарамро дубора ба шавҳар медиҳам. Мебинӣ, ки як сол нагузашта боз бачадор мешавад...»

Холаам ин гапро шунида ба сари модарам дод зад:

-Ҳой апа, ақлатон дар ҷояш?! Ин духтар ҳоло ҷавон аст, пастию баландиҳои зиндагиро намефаҳмад, шуморо чӣ бало задааст, ки барои дупула гап, ки ҳоло ростию дуруғиаш маълум нест, хонаи духтаратонро вайрон мекунед. Шавҳар мекардааст! Албатта вай шавҳар мекунад, шавҳараш зани дигар мегирад, вале тақдири ду фарзанди онҳо чӣ мешавад? Кӯдакон пеш-пеши пойи паиндару моиндар шаванд-а! Ҳоло ҳам дер нашудааст, худи ҳозир хеста кулча шӯред, пагоҳ саҳар Маҳинаро ба хонаи шавҳараш бурда мемонем. Зарур шавад, пойҳои домодатонро бӯса кунед, то талоқи духтаратонро надиҳад. Ба ман ало-ало нигоҳ накунед. Хезед, хезед, модар барои ҳамин хел рӯзҳо даркор!

Ҳамин тавр бо маслиҳати холаам модарам маро бо кулчаю тӯша ба хонаи хушдоманам бурд.

Аҳли оилаи шавҳарам аз рафтори ман сахт ранҷида буданд. Касе ба саломамон алек нагирифт. Модарам аз дами дарвоза баргаштани буданд, лекин холаам тела зада ману апаашро ба хона даровард.

Изои мумин ҳаром гӯён моро ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздамон дастурхон кушоданд. Духтарчаам аллакай семоҳа ва хандонак шуда буд. Хостам ӯро ба оғӯш бигирам, маро ношинос дида гиря кард. Амааш ӯро бо меҳр ба оғӯш гирифта ба хонаи дигар бурд. Шавҳарам бо қошу қавоқи гирифта ба наздамон баромада гуфт:

-Барои кӯдак омада бошӣ, умед накун, ман фарзанди ба ту медодагӣ надорам. Метавонӣ рафта шавҳар кунӣ!

Модарам бо маслиҳати холаам амал намуда, худро ба пеши пойи домодаш партофт ва гиряву зорикунон илтиҷо намуд, ки аз гуноҳи мани беақл гузарад. Хола ва хушдоманам ҳам ба миёна даромада шавҳарамро насиҳат карданд, ки зиндагӣ бозича нест, ояндаи ду духтарчаашро андеша намояд, онҳо бе модар хору зор мешаванд. Ҳамин тавр калонсолон моро дубора оштӣ доданд.

Шукри худо ҳоло соҳиби ду домод ҳастем, ба наздики писарамонро зан медиҳем. Аз холаам сипосгузорам, ки оилаи маро аз вайроншавӣ наҷот дод. Мо дар ҳақиқат дар остонаи талоқ қарор доштем, агар холаам намебуд, кӣ медонад, ки тақдири мо чӣ мешуд. аз минбари баланди «Оила» ба ҷавонзанҳо гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ дар сари рашк ва қарҳру ғазаб бо шавҳар ҷангу ҷанҷол накунанд, чунки вайрон кардани муносибатҳои осону дубора барқарор намуданаш бисёр мушкил аст. Беҳуда нагуфтаанд:

Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст,

Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст.

Маҳина, ш. Душанбе.          

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД