Ҳоло дар тамоми расонаҳо фақат хушдоманҳоро золим мегӯянд: гӯё гандаанд, азоб медиҳанд. Қайсингулҳоро ҳам ҳамин хел мегӯянд.
Ба духтардорҳое, ки духтарони эрка калон кардаед, савол: чаро духтаронатонро ба шавҳар медиҳед? Хонаи шавҳар «ганда» аст, шавҳар модар дорад, апаву хоҳар дорад, акаву додар дорад, ҳамаашон «гандаанд» ва духтаратонро «азоб медиҳанд»... Духтаратонро ба шавҳар надиҳед! Ягон бачадор омада, дасту пояшро баста, маҷбурӣ ба писараш никоҳ карда наметавонад.
Хонаи падар барои духтар хонаи хушбахтиҳост? Пас, монед духтаратон дар ҳамон «хонаи хушбахтиҳо» хушбахтона зиндагӣ кунад. Зинда бод хонаи хушбахтиҳо!
MАРЯМ