shoh palace
Хушдоман аждаҳо нест!
13.02.2022
Оила
1170

 

Байни мардуми мо як оини нонавишта аст, духтари ба балоғат расида чӣ хатое кунад, албатта ба ў мегўянд, ҳоло фардо хушдоманат бо ту чиҳо кунад. Ё тамоми ҳунарҳоро ба духтарашон на барои он ки фардо ту модар мешавӣ, зан ҳастӣ, бояд ҳама ҳунарҳои занонаро ёд гирӣ, балки аз хушдоман тарсонида ёд медиҳанд. Ин ҳама хушдоманро дар назари духтарон пеш аз он ки келин шуда, ба хонаи шавҳар назди онҳо раванд, бад мекунад, як симои манфӣ дар тахаюли онҳо меофаранд. Аслан ин хел нест, хушдоман пеш аз ҳама МОДАР аст.

Хушдоман кист?

Хушдоман модари шавҳари шумост, ў ҷавонмардеро ба дунё оварда ба воя расонидааст, ки имрўз дўстдору ғамгусору падари фарзандони шумост.

 

Хушдоман пеш аз келин кардани шумо ҳазорон духтарро пеши назар овардаву рафтору гуфтору ахлоқи онҳоро ба риштаи таҳлил кашида, аз байнашон шуморо барои писарашон зебандаву арзанда дидааст. Пас, шумо барои ў бегона нестед.

 

Хушдоман занест, ки аз ризқи худ зада, худаш нахўрдаву напўшида, барои шумо ҷиҳоз ҷамъ кардааст. ҳангоми дидани арўси нозанине ҳаваси хушбахтии фарзанди худро намудааст.

 

Хушдоман, модарест, ки ҳарчанд эрод мегирад ё аз заъфияти асаб мешавад, фарзанди шуморо ҷанг кунад, аммо ҳеҷ кас фарзандони шуморо мисли ў дўст нахоҳад дошт.

 

Хушдоман хушбахтии шуморо мехоҳад, бовар кунед, ҳеҷ модар ҳеҷ гоҳ намехоҳад бапойи фарзандонаш хор халад.

 

Агар мехоҳед, фардо дар сояи давлати фарзандон фароғат кунед, ҳоояндаатонро имрўз созед, зеро ҳар чӣ коридӣ, ҳамонро медаравӣ.

 

Ба хонаи бахтат бо дили кушоду нияти нек қадам мон ва хушдоманатро ба ҷойи модарат дон, эродҳояшро болои чашм намову гапгардонӣ накун, бурд мекунӣ.

 

Хушдоман баракати хонадон, боиси сарҷамъии фарзандон, гармию нури зиндагист, зеро ў модар аст!

 

Модарон аз фарзанд чизе намехоҳанд, ҷуз аҳамият, меҳрубонӣ ва эҳтиром, ин се ҷузи хушбахтиро аз хотир набарору хушбахт бош!

 

Хушдоман занест, ки дар доманаш марди дилатро парвардааст, пас ўро дўст дор, эҳтиром намо ва модараш бихон!

                                                                         Фароҳамсоз Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД