Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муаллимаи азиз Мирзоева Сабзагул ҳастанд. Андешаҳои муаллима ва бибии меҳрубонро оид ба нақши модар дар тарбияи насли наврас манзури шумо мегардонем.
- “Кўдакон ояндаи моянд”,- такрор мекунем сари ҳар гап, вале дар тарбияи насли наврас ноқисии зиёде ба назар мерасад, ки яке аз онҳо аз одобу дониш ва китобхонӣ дур мондани кӯдакон мебошад. Баробари оғози таътили тобистона кўдакону наврасон зиёдтар дар кўчаю тангкўча пеши биноҳои истиқоматию ҷойҳои ҷамъиятӣ ба давутози беҳуда машғул мешаванд.
Шояд хонандаи азиз ба ин гуфтаи мо эрод мегирад, ки бачагӣ бо давутозу бозиҳояш зебост? Вале ҳар чиз ҳадди эътидол дорад, ҳар амале, ки сарҳади эътидолро убур мекунад, ба расвоӣ мекашад.
Ҳарчанд хеле обшўстаю забонзада шуда бошад ҳам, боз бармегардем ба ҳамон мақоли машҳури «Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ», зеро барои то сурайё каҷ нарафтани деворамон бояд мо онро сармашқи зиндагии хеш гардонем.
Волидони моро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили фарзандони хеш меҳр ба каломи нобро бедор намоянду онҳоро ба хондани китоб талқин кунанд. Фарзандонро маҳз падару модар бояд ба китобхонӣ талқин кунанд ва муаллим дар ин росто роҳбалад бошад.
Суҳбати ЛОЛА