35 years of independency
«Хуршеду Моҳ» ба ҳам мерасанд?
10.10.2026
Oila.tj
75

Филми нави бадеиву ошиқонаи «Хуршеду Моҳ» аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора ZARDIL Cinema хабар дод.

Филм маҳсули ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва студияи хусусии ZARDIL Cinema буда, коргардон ва муаллифи филмнома Манзаралӣ Шералӣ аст.

«Хуршеду Моҳ» дар жанри драмаи ошиқона офарида шуда, қиссаи муҳаббати нокоми ду қаҳрамон - Хуршед ва Моҳро бозгӯ мекунад. Ба гуфтаи коргардон, номи филм рамзӣ буда, ба андешаи маъруфи «хуршеду моҳ ҳаргиз ба ҳам намерасанд» ишора мекунад.

Нақши Хуршедро ҳунарпешаи Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ризо Юсуфӣ ва нақши Моҳро Соро Саидкамолӣ, блогер ва хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон иҷро кардаанд.

Дар филм ҳамчунин Асалбек Назрӣ, Султонмурод Бобомуродов, Парвиз Пӯлодӣ, Ҳотами Равшан ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд.

Созандагони филм мегӯянд, ки «Хуршеду Моҳ» бо ҳадафи пешниҳоди як асари ҷолиби миллӣ ва ҷалби бештари тамошобинон ба кинотеатрҳо таҳия шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД