Arzon march 2024
Хуррам-султон ба Маша табдил ёфт
1274


Ҳунарпешаи машҳури турк Марям Узерлиро мухлисону ҳаводорони синамо бештар ҳамчун Хуррам-султон аз сериали машҳури “Великолепный век” мешиносанд, дӯст медоранд ва ҳурмату эҳтиром макунанд.

Ба ҷавониаш нигоҳ накарда ин паричеҳраи чашмонаш мисли баҳри бекарон обӣ дар даҳҳо силсилафилм ва намоишномаҳои театрӣ нақш офарида, дили миллионҳо одамонро волаю шайдои хеш гардонидааст. Чанде қабл ин ситораи синамои турк дар рӯзи таваллуди духтарчаи дуввумаш худро ба қаҳрамони маъруфи филми тасвирии "Маша и Медведь" монанд карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксеро гузоштааст, ки дар он худи Марям Узерли ва духтараш либоси Машаро пӯшидаанд ва деворҳои хонаро бо расмҳои зиёди қаҳрамони ин филми тасвирӣ оро додаанд. Ин образи нави ҳунарпешаи маъруф сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Овоза аст, ки Марям Узерли аз силсилафилмҳо ба филмҳои тасвирӣ гузаштанист. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи пайроҳаи эҷодии ин зебосанами машҳур ва нақшаҳояш дар соли 2024 ба шумо маълумот диҳем.

                    Зодаи ду миллат

Марям Узерли 12-августи соли 1983 дар шаҳри Кассели Олмон таваллуд шудааст. Модараш Урсула олмонӣ ва падараш Ҳусейн турк аст. Волидайни ӯ қаблан дар Туркия зиндагӣ мекарданд, вале баъдан ба Олмон кӯч бастаанд. Марям дар оила фарзанди хурдӣ буда, ду бародар аз издивоҷи аввали модараш ва як апа дорад. Марям Узерли 41 сол дошта, соҳиби ду гулдухтари зебо мебошад.

                         Аз Олмон ба Туркия

Марям Узерли қадамҳои нахустинашро ба ҷодаи ҳунар ҳанӯз соли 2008 гузоштааст. Ҳунарпеша аз соли 2000 то 2003 дар студияи драмавии «Фрезе»-и Гамбург таҳсил карда, муддати чанд сол дар яке аз театрҳои Берлин кор мекард. Аз соли 2008 сар карда Мурям Узерли дар филмҳо ва сериалҳои олмонӣ нақшҳои эпизодӣ меофарид, баъдан ӯро ба синамои турк даъват карданд. Яке аз машҳуртарин образҳое, ки ин паризод офардааст, нақши Хуррам-султон аз сериали “Асри тиллоӣ” мебошад.

Хуррам-султон образе, ки ҳамагон дӯст доштанд
Соли 2010 ба Марям Узерлӣ пешниҳод шуд, ки нақши асосиро дар силсилафилми таърихии «Сад соли боҳашамат», яъне ҳамон сериали машҳури “Великолепный век” бибозад. Ин филм дар бораи ишқу муҳаббати Султон Сулаймон ба канизи славяниаш нақл мекунад. Продюсери филм Тимур Савҷӣ қисса кардааст, ки ҷустуҷӯи ҳунарпешаи мувофиқ ба образи Хуррам ду сол тӯл кашид, вале вақте коргардонҳо Марям Узерлиро диданд бо як овоз гуфтанд, ки зебосанаме, ки муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯяш буданд, ҳамин париваш аст. Дар ҳақиқат Марям Узерлӣ ба боварӣ сазовор буданашро исбот намуда, нақши хуррам-султонро чунон ҷаззоб офарид, ки аз намоиши ин филм 11 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол мардум ӯро ҳамчун хуррам-султон мешиносанд. Бояд гуфт, ки ин сериал бо зиёда ба 70 забонҳои хориҷӣ тарҷума ва пахш шудааст.

        Кашмакши судӣ барои Хуррам-султон

Моҳи майи соли 2013 Марям Узерли якбора силсилафилмро тарк кард. Охирон нақши офарии ӯ дар қисми 100-уми ин сериал буд. Ҳамон вақт Марям Узерли сабаби рафтанашро ба хастагии шадид рабт дода гуфта буд, ки наворбардории ин силсилафилм дар як рӯз то 16 соат давом мекунад ва ӯ сахтхаста шудааст, вале баъдтар маълум шуд, ки дар асл ҷангу ҷанҷолаш бо продюссерони силсилафилм, ки аз зиёд кардани ҳаққи ӯ худдорӣ мекарданд, боис гашта, моҷаро то додгоҳ низ расида будааст. Марям Узерли дар мурофиа тамоми гурӯҳи наворбардориро муттаҳам карда, гуфтааст, ки вазъияти ҳунармандон дар майдончаи наворгирӣ тоқатфарсо мебошад. Продюсери лоиҳа дар навбати худ ӯро ба бадгӯӣ, тӯҳмат, ва нақзи шартномаи қаблан имзокардааш муттаҳам кардааст. Ҳамин тавр Марям қаҳр карда ба Олмон бармегардад. Ӯро як ҳафтаи дароз интизорӣ кашида бошанд ҳам, ҳунарпешаи ранҷида робитаашро бо синамогарон пурра қатъ карда, дигар ба майдончаи наворгирӣ барнамегардад.

             Болои сӯхта намакоб

Болои схта намакоб гуфтагӣ барин, ҳамон шабу рӯзҳо ба сари Марям Узерли боз як мушкили дигар омада, марде, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, ӯро тарк мекунад. Марям Узерли аллакай аз дӯстдоштааш тоҷири номдор Кан Атес ҳомила буд ва ҷудоӣ аз ишқаш барояш боз як зарбаи ҷонсӯзи тақдир гашта, муддати тӯлонӣ ба худ омада натавонист.


         Бузургтарин дастоварди зиндагӣ

 

Марям Узерлӣ пас аз чанд соли худдорӣ кардан аз нақшофарӣ дар синамои турк охири соли 2014 дубора ба шаҳри Истанбул баргашта, солҳои 2015-и 2016 дар се лоиҳаи калонҳаҷм дар нақшҳои асосӣ ҳунарнамоӣ кард. Соли 2017 актрисса ба матбуот гуфт, ки вай дигар дар силсилафилмҳои телевизионӣ не, балки танҳо дар намоишномаҳои театрӣ нақш мебозад. Ин ҳунарпешаи зебову муваффақ дар филмҳои машҳури "Асри пурҳашаммат”, "Захми модар", "Мафия наметавонад ҷаҳонро ҳукмронӣ кунад", "Занбӯри асал" ва даҳҳо сериалҳои дигар нақш офаридааст, вале мегӯяд бузургтарин дастовардаш дар зиндагӣ фарзандонаш ҳастанд. Соли 2021 Марям Узерлӣ соҳиби боз як гулдухтар гашт, вале бо сабабҳои гуногун аз ин шавҳараш ҳам ҷудо шуд.

              Актрисса-тоҷир

Дар баробари нақш офаридан дар филму сериалҳо Марям Узерли ҳамчунин бо тиҷорат машғул буда, бренди косметикии худро бо номи "Meryem Cosmetics" таъсис додааст. Ин актриссаи машҳур ҳамчунин дар шаҳри Берлин қаҳвахона-нонвойхонаи "Нош Нош"-ро кушод.
Марям Узерли ба мултьфилм мегузарад?
Соли 2024 Марям Узерли дар 3 -солагии рӯзи таваллуди духтарчаи дуввумаш худро ба қаҳрамони маъруфи филми тасвирии "Маша и Медведь" монанд карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро гузошт, ки дар он худи Марям ва духтараш либоси Машаро пӯшида, хонаро бо расмҳои қаҳрамонони ин филми тасвирӣ оро додаанд. Ин аксҳо боиси пайдо шудани овозаҳо дар боби ба филмҳои тасвирӣ гузаштани актрисса гаштанд. Аммо худи Марям Узерли ин сару садоҳоро беасос хонда, гуфтааст, ки танҳо ба хотири хушҳолии духтарчааш ин корро карда буд.

Интизор меравад, ки дар соли 2024 Марям

Узерли бо ҳунарнамоӣ дар як филми ҷадид мухлисони худро шод созад. Силсилафилм "Ру" ном дошта, дар он Марям нақши Реян ном зани чиҳилсоларо мебозад, ки аз шавҳари хиёнаткораш ҷудо шуда, бо писари ноболиғаш танҳо мондааст.

                                       Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД