Аз кормандони «Оила» хоҳиш дорем, ки дар бораи хӯриши писандидаи сарояндаи дӯстдоштаам Парвина Шукруллоева, ки солҳо бедарак буду, хушбахтона дар ин сол аз худ дарак дод, маълумот диҳанд. Ҳамчунин мехоҳем, ретсепташро гирифта, онро дар хона омада кунам ва тамъи салати писандидаи Парвинаҷонро чашида, худро бо ӯ ҳамтабақ эҳсос намоем.
Савсану Санам, ш. Душанбе
Хоҳарони азиз, Савсану Санам! Парвинабону хӯриши чормағзиро дўст медоштааст. Инак, ретсепташро пешкашатон мегардонем.
Мањсулоти лозима:
4 дона картошкаи миёна
15 дона чормағз
10 дона финдук
1 тухм, кабудӣ
Қаймоқ (сметана)
70 г мавиз
Тарзи таҳия:
Картошкаро дар об пухта, гирд- гирд реза кунед. Дар зарфи ҳамвор баргњои салатро тунук карда сипас картошкањои гирд буридашударо тунук кунеду намаку мурч пошед. Аз болои картошка тухми ҳалқача резашударо чида, сипас мавизи қаблан таршударо тунук кунеду қаймоқ молед. Аз ҳама охир чормаѓзу кабудии резаро пошед.
Иштиҳои том!