Театр оинаи зиндагист. Намоишномаҳое, ки дар театр ба саҳна гузошта мешаванд, аз ҳаёти имрӯза ва гузаштаи мо қисса мекунанд. Инсон пас аз тамошои ҳар як намоишнома як ҷаҳон маънӣ мегирад.
Ба диққати ҳаводорони санъати театрӣ мерасонем, ки имрӯз соати 16:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи “Хунхори Торросӣ” аз рӯи асари драматург Азиз Несин дар коргардонии саркоргардони ин театр Султон Усмонов намоиш дода мешавад.
Шахсоне, ки мухлиси санъати волои театрӣ ҳастанд, метавонанд аз тамошои ин намоишнома як ҷаҳон лаззат бардоранд.