Sebiston new 2024 october
ХУНДУЗД (қисми 9)
3200

Давомаш ...

- Саидаброрҷон, писарам, салом, - гуфта, сӯйи ӯ рафт. 

- Падар, ин ҷо чӣ гап?

Саид хост чизе гӯяд, ки худи Саидназар:

- Бачем, ин зиёфат ба хотири рафтани ман.

- Чаро?

-Хона мерам, бачем. Очаат зиқ шудагист. Бе ин ҳам ин ҷо ҷойи мани мӯйсафед нест. Меравам, токҳоро қайчӣ кардан даркор.

- Э тока чӣ мекунед?! Ин ҷо барои шумо ҳама шароит ҳаст. Шумо ин ҷо роҳбар.

- Не бачем, ман меравам! Маро надор!

Дигар гӯё чизе нашуда бошад, касе лаб во намекард. Тоҷикони аз дасти тоҷики худ азобкашида ҳам хомӯш буданд. Мисле, ки тӯй бошад, дар як тараф ошпаз даҳони ошро кушода монда буду ба табақҳо ош мекашид, дар гӯшаи дигар косаҳо пури шӯрбо мешуду сихкабобҳо тақсим мешуд, коняку шампону арақ беҳисоб, ҳатто як гурӯҳ ҷавонони олуфтаи рус пайдо шуда хостанд ош хӯранд. Ошпаз хоҳиши онҳоро ба ҷо овард.

Ин шом барои тоҷикон ид буд. Баъди гусели Саидназар муҳосибот маоши пурраи якмоҳаашонро дод. Ҳама ба бонк шитофта, ба хонаҳояшон пул фиристоданд. Ба суратҳисоби телефонҳояшон пул гузаронда, баҳузур бо зану бачаҳояшон гап заданд. Ҳама маслиҳат карда, Саидназарро ҳам бахшиданд. Саидназар гӯё чизе нашуда бошад, хомӯшона баромада рафт…

Саид то бегоҳ асабӣ гашт. Хурсандии мардумро дида бошад ҳам, ҳеҷ наметавонист ором шавад…

Бегоҳ хона омад. Аз дар даромадан замон, хизматгорзан ӯро сари миз даъват кард. Каме карамшӯрбо хӯрду бо ҳамин дигар ба чизе даст набурд. Фикраш ҳанӯз ба тоҷикони бечораву ғариб банд буд. Он бечораҳоро дар ин ҷо ҳар касу нокас фиреб медиҳад, чунки ҳуқуқҳои худро намедонанд. Онҳо ҳатто забонро намедонанд, ки арзу шикоят намуда, худашонро ҳимоят намоянд.

Ин миллат - намояндаи тамаддуни бузург, ин ҷо залил аст, илова бар ин, теша бар решаи якдигар мезананд. Худоё, ин саҳнаҳо то ба кай давом меёфта бошанд? Ин мардум то ба кай якдигарро фиреб дода, зиндагӣ мекарда бошанд…

Сари Саидро ин саволҳо чунон гаранг карданд, ки ногуфтанӣ. Барои каме ором шудан вай ба ванна даромад. Оби гарм гӯё кӯфтагии чандинрӯзаи ӯро баровард. 20 дақиқа зиёдтар зери оби гарм истод, сипас хилъат пӯшида ба ошхона рафт ва ҷевонро кушода конякро бароварду ба ҷом сад грам рехта бардошт, сипас ба ҳуҷраи хобаш гузашт…

Андешаҳои мағшуш хобро аз чашмонаш рабуда буданд. Бисёр мехост истироҳат кунад. Бисёр мехост дар соҳили дарёи Кофарниҳон бошаду дӯлона хӯрад… бисёр мехост шикамсерӣ дӯлона хӯрад…

Нав ғанабаш бурда буд, ки дастони гарму мулоиме ба гарданаш расида ба молидан даромаданд. Дастҳои ҷонбахш гардани ӯро маҳс мекарданду лабоне нарму ҳаловатбахш гӯшҳояшро мебӯсиданд…

Саид рӯйболо шуда лабонашро ба лабони ангубини Наташа часпонд…

Наташа пас аз бӯсу канори гарм аз ҷояш бархоста ҳамон ангуштарини чанд рӯз пеш овардаи Саидро ба дасташ дод ва гуфт:

- Ту маро ба занӣ гирифтан намехоҳӣ?

- Охир ту гуфтӣ, ки ман мусулмон шавам…

- Ту ҳам гуфта будӣ, ки ман мусалмон шавам.

- Мехоҳӣ ё не?-Аниқ карданӣ шуд Наташа.

- Албатта мехоҳам!

- Ин тавр бошад, тез гузарон, ки боз аз фикрам нагардам,-ҳазл кард ҷавонзан.

Саид табассум дар лаб ангуштарро ба дасти Наташа гузаронд.

- Мо ду ошиқ… дини мо ишқ аст…

Дар маҳаллаи миллионерҳои рус Рублёвка имшаб танҳо як чароғ месӯхт- ин чароғе буд, ки аз шаби пурнишот ва гуворои ду дилдода- Саиди мусалмони тоҷик ва Наташаи руси насронӣ гувоҳӣ медод…

Ва чароғ то субҳ хомӯш нашуд…

АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД