arzon replenishment
Хун хоб бинӣ ба садама меафтӣ ё сарватманд мешавӣ?
1554


Салом! Ман шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам ва аз таъсири он то ҳол ба худ наомадаам. Дар хобам ба садамаи автомобилӣ гирифтор гаштем ва мошинамон ба ҳавзе парид.

Аҷибаш он буд, ки ҳавз ба ҷойи об пур аз хун буд ва мо дар байни хуну халаф дасту по зада, бо тамоми овоз дод мегуфтем. Бовар кунед, чунон сахт тарсидам, ки вақте бедор шудам, дар обу арақ тар шуда будам ва дилам гуп-гуп зада, аз қафаси синаам берун ҷаҳидан мехост. Ба чанд кас хоби дидаамро гуфтам, вале таъбири хобамро касе аниқ гуфта натавонист. Метарсам, ки мабодо ягон фалокати бузург ба сарам наояд. Илтимос, таъбири хобамро бигӯед.
Аҳлиддин, сокини шаҳри Душанбе

Посух
Бародари азиз! Дидани хун чи дар хоб ва чӣ дар бедорӣ ба кас таассуроти ногуворе мебахшад, вале ба таҳлука наафтед, зеро хоби дидаи шумо ягон хосияти бад надорад ва садама ё фоҷиаеро низ ба думбол намеорад, баръакс ин хоб фоли нек ва хурсандиовар мебошад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар одам хоб бинад, ки дар ҳавзи хун афтодааст, боигарии зиёде ба даст оварда, бою бадавлат мешавад ва соҳиби иззату эҳтиром мегардад.
Аммо доғи хун дар либос дар хоб чандон хосияти хуб надорад. Хоб бинед, ки куртаатон пур аз доғи хун аст ва надонед, ки дар куҷо хунолуд шудааст, ба туҳмати ноҳақ гирифтор мешавед ва исбот кардани бегуноҳиатон душвор мегардад.
Таъбири хоб ба ҷинсияти шахси хобдида низ вобастагӣ дорад. Мард хоб бинад, ки ба ҳавзи пур аз хун афтидааст, сарватманд мешавад, аммо давлату сарваташ на бо меҳнати ҳалол, балки бо роҳи дигар ба даст меояд. Аммо хоб бинад, ки аз бинаш хун рафта истодааст, бо роҳи ҳалол пулу моли бисёре ба даст меорад.
Зан дарёи хун хоб бинад, дар ҳаёти шахсиаш мушкилиҳо сар зада, душманонаш дар сари роҳи ӯ чоҳ мекананд ва дар ҳаққаш ҳар хел овозаҳои нохуше паҳн мекунанд, ки боиси сар задани ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ гашта метавонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД