Хоб дидам дар роҳ танаи луч истодаам ва духтари амакам маро ба мошинаш шинонда гирифта бурдааст. Мехоҳам таъбири хобамро донам.
Фарида аз. ш Ваҳдат
Хоҳари азиз! Барои пайдо намудани таъбири хоби шумо мо чандин хобномаҳоро дида баромадем ва ба хулосае омадем, ки худро дар хоб урён дидан рамзи беқудратӣ дар назди тақдири азалӣ мебошад. Чунин хоб метавонад нишонаи оғоз ёфтани беморӣ низ бошад.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар кас худро дар хоб лучи модарзод бубинад, бояд хеле эҳтиёткор бошад ва ба саломатиаш диққати ҷиддӣ диҳад, зеро чунин хоб як навъ огоҳӣ аз сахт бемор шудани шахси хобдида мебошад.
Урёнӣ дар хоб таъбирҳои дигар низ дорад. Кас хоб бинед, ки бо бадани урён дар байни мардум истодааст, ягон кору амалаш боиси сар задани ҷангу ҷанҷоли сахт гашта метавонад.
Ҳамаи атрофиёнатон пӯшидаю танҳо шумо лучи модарзод бошед, гапатон бо шахси дӯстдошта ё ҳамсаратон гурехта, ҷангу ҷанҷол мекунед ва дигарон ба ҳаёти шахсиатон дахолат намуда, шуморо муҳокима мекунанд ва гунаҳкор месозанд.
Хоб бинед, ки дар байни мардум бо тани урён истодаеду ҳама шуморо масхара карда истодаанд, вале заррае шарм намедоред, ошкорбаёнӣ ва фошгӯии шумо боиси сар задани ҷанҷоли сахт бо ҳамкоронатон дар корхона мегардад.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар кас худро дар хобаш дар куча лучи модарзод бубинад, аз беандешагӣ даст ба ягон амали ноҷое хоҳад зад, ки ӯро дар ҳолати ногувор мегузорад.
Дар хоб касе бадани шахси урёнро пӯшонад ё кӯшиш кунад, ки ӯро аз чашми дигарон дур созад, ҳамон шахс дар ҳалли ягон масъалаи муҳим ба ӯ кӯмак мерасонад, масалан зану шавҳари қаҳриро оштӣ медиҳад ва ғайра...
Аммо дар баъзе хобномаҳо омадаст, ки урёнӣ дар хоб рамзи озодӣ ва мисли кӯдак пок ва якдилу якрӯю якзабон будани шахси хобдида мебошад.