Охири ишқ
Муносибати ману Файзулло дигар ошкор буд. Мо ҳамарӯза имкон пайдо карда, якдигарро медидем. Аз дарсҳо гурехта дар ҳуҷраҳои холии хобгоҳ бо ҳам ишқварзӣ мекардем. Диламон пур буд, ки тобистони ҳамин сол бо ҳам оила барпо кунем, вале баҳор Файзуллоро ба Ироқ фиристоданд.
Ӯ зиқ шудани маро дарк карда, мегуфт:
-Ту хавотир нашав. Ман факултаи Шарқшиносӣ ба он сабаб намехонам, ки адабиётшинос шавам, балки ба он хотир, ки ба хориҷа сафар кунам, дипломат шавам. Ба ҳайси тарҷумон ба Ироқ рафтан шанси ягонаи ман барои расидан ба орзуҳоям, - мегуфт, ӯ.
Ҳамин тавр, ӯ ба Ироқ рафт. Рафту барнагашт. Аввалҳо хат менавишт, вале дере нагузашта гум шуд.
Яке аз рафиқони наздики ӯ ба ман гуфт: “Файзуллоро ба разведкаи КГБ ба кор қабул карданд. Дигар дар куҷо будани ӯ ва дар кадом воҳид кор карданаш номаълум аст. Ӯ дигар фарзанди СССР аст”.
Вақте ин хабарро шунидам, дар батнам 6-моҳа тифл доштам. Вақти рафтани Файзулло мо пайдо шудани тифлро намедонистем...
Халосӣ аз кӯдак
Ҳар қадар рӯзи таваллуди тифл наздик мешуд, ҳамон қадар дар таҳлука будам. Аз ҳомила буданам падару модарам бехабар буданд. Агар онҳо медонистанд, маро бо бародаронам реза-реза мекарданд. Вале шиками калонро то кай пинҳон мекардам. Рӯзе падарам аз куҷое хабардор шуда омад. Маро зери мушту лагад гирифта, ба иҷорахонае бурд. Чун вақти таваллудам наздик омад, маро бо модарам ва додаронам ба бемористон бурданд. Тавлиди тифл бисёр ба душворӣ пушти сар шуд. Вақте ба ҳуш омадам, тифламро ба ман надоданд. Падарам масъаларо пазонида буд. Бо кадом роҳе аз кӯдак халос шуд. Албатта, ӯро накушт, нобуд накард, балки аз ман зиндаҷудо намуд. Ҳамин тавр, ман кӯдакамро аз даст додам. Гунаҳгор ки будам, ҳақи пурсиданро надоштам, ки кӯдакам дар куҷост.
Подоши гуноҳ
...Рӯзҳо гузаштанд. Падарам маро ба никоҳи як нафар рафиқаш даровард, ки бефарзанд буд, аммо молу сарват дошт. Худо зуд ба мо фарзанд дод. Умед доштам, ки зиндагии навро оғоз мекунам, аммо...
Шоҳписар таваллуд кардаму... ҳеҷ афзоиш накард. Духтурҳо гуфтанд, маъюби гурӯҳи якум аст. Писари дуюмам ҳам бо беморӣ ба дунё омаду як умр рӯйи бистар аст. Шукр, ягона духтарам саломат мебошад. Бемории фарзандон мӯйсафедамро низ бемор кард. Ҳушу ёд надошт, солҳои охир. 13 сол ӯро бемордорӣ карда, гӯр кардам...
Ман худозадаам, худозада, - бо гиря нақли худро ба анҷом расонид, ҳамкорам Самарой.
Вақте дард рӯ мезанад
-Рӯзҳои душворро пушти сар кардӣ, ҳалолат бод, дугона, - дилбардорӣ кардам ӯро ва сабаби парешонии рӯзҳои охирро пурсидам.
Оҳи чуқур кашиду гуфт:
-Дар ҳавлии рӯ ба рӯям, чанд рӯз пеш иҷоранишинҳои нав омаданд. Домком, ки дугонаам аст, гуфт, ки хеле марди сарватманд аст, меҳмони нав. Аз хориҷа омада, худро ба қайд мондааст ва ба домком 100 доллар ширинкома додааст. Саҳар вақти корравӣ ҳамсояи навро шинохтам. Ӯ ҳамон Файзиддин аст, ки ғарқи кару фар, сари фармони мошин нишаста, бо оилааш ба сайру саёҳат мебаромад. 3 писари қад ба қад дошт. Занаш ҳам бад не. Ӯро дидаму дардам рӯ зад. Се чор рӯз аз қафояш поидам, хостам ба наздаш раваму дарди дил гӯям, гоҳо сари ҷаҳл мехостам, ки буғиаш кунам, бетоқат шудам, аммо... ӯ чӣ гуноҳ дорад, охир. Ӯро дида бетоқат шудам. Тақдири талхам аз пеши назарам гузашт. Имрӯз натофт. Аз домком пурсидам, гуфт ба осоишгоҳи “Оби Гарм” ва тамошои Помир рафтааст. “Ӯ шахси хатарнок, генерал будааст”-ҳушдор дод, домком... Вале ман ҳамоно бетоқатам ва чӣ кор карданамро намедонам.
Ибрат
Дӯстони азиз, ин қиссаро ба он сабаб рӯйи коғаз наовардам, ки дугонаамро ғайбат кунам ба шумо. Балки мақсади ман дигар аст. Хостам, ба шумо – хонандагони “Оила” дар мисоли дугонаам бигӯям, ки бо тақдир бозӣ кардан оқибати хуб надорад. Дар зиндагӣ тавре бояд зист, ки лоақал дар назди худ эҳсоси гуноҳ накунӣ.
НЕКДИЛ