Formula novemver 2024
ХУДОЁ, МОТАМИ ИШҚ ДОРАМ...
4576

 

Бо нияти идомаи таҳсил, аз деҳаи дурдасте ба пойтахт омадам. Дар аввал тамоми ҳушу ёдамро ба таҳсил бахшида будам. Мехостам ҳамон гуна духтари оддию самимӣ, вале ҷаҳондидаву хоксор ба деҳа баргардам.

Вале муҳити шаҳр ба куллӣ духтарони деҳаро дигар мекардааст. Миёни ҳамкурсон аз боду ҳавои деҳа сухан мегуфтаму онҳо механдиданд.

-Зарина, наход ба шаҳр омадаву ҳанӯз ҳам қишлоқ гӯён, аз он таърифу тавсиф кӯнӣ? Охир, шаҳр омадӣ, кӯшиш кун, ки духтари деҳа буданатро касе надонад, -гуфта, “маслиҳат” медоданд.

Танҳо соли аввал дилам ба ёди деҳа гум мезад. Аммо оҳиста-оҳиста муҳити шаҳр ба худ ҷалбам сохт. Дар курси дуюм мехондам, ки ошиқ шудам. Дилшодро, ки дар курси чоруми факултаи мо таҳсил мекард, девонавор дӯст доштам. Ҳар рӯз баъди дарс дар боғҳои фароғатии пойтахт бо Дилшод сайругашт мекардем. Аз ишқ сухан мегуфтему ба ҳамдигар ваъдаҳои осмонӣ медодем. Аслан розӣ будам, ки ба хотири бо Дилшод хушбахт будан аз ҳама чиз даст кашам. Ва бо ин мақсад рӯзе аз ин орзуҳо ба Дилшод сухан гуфтам. Ӯ лабханде карда гуфт.

-Зарина, агар чунин бошад, ман баъди хатми донишгоҳ оиладор шуданӣ. Ва туро дигар барои идомаи таҳсил иҷозат намедиҳам.

Ман бо хушнудӣ ба шартҳои Дилшод розӣ шудам. Ва ӯ оҳиста –оҳиста лаҷоми маро ба даст гирифт. Ҳар рӯз маро худаш ба донишгоҳ оварда, баъди дарс боз гирифта, ба хона мебурд. Дигар намегузошт, ки ҳатто миёни ҳамкурсонам дилхушӣ кунам. Дар аввал ба китобхонаҳо зиёд мерафтам. Акнун дигар Дилшод иҷозатам намедод. Пайваста дар санҷишу имтиҳонот худ кӯмакам менамуд.

Ҳамин тариқ, ман курси сеюму Дилшод соли охири донишгоҳро хатм кардем. Баъди гирифтани диплом Дилшод ба ноҳияи худ баргашту ба ман амр дод, то ба деҳа зудтар баргардам, зеро дар тараддуди тӯй шудан лозим. Баъди як ҳафтаи ба деҳа баргаштанам, падару модари Дилшод ба хонаи мо барои хостгорӣ омаданд. Хушбахтона, барои издивоҷи мо касе монеа нашуд. Ва дар муддати 2 моҳ ману Дилшод тӯй шудем. Ҳар ду низ аз бахти Худододамон меболидем. Касе ба мо коре надошт. Ба зӯдӣ дили хонаводаи шавҳарро ёфтам. Ва келини дӯстдори эшон ба ҳисоб мерафтам.

Дилшод бошад, тамоми ҳуҷҷатҳоямро аз донишгоҳ гирифта омад. Ва акнун хонанишин будам. Дилшод аз рӯйи ихтисосаш фаъолият набурд, яъне баъди баргузории тӯямон каме қарздор шудему ба хотири кандани қарзҳо озими Русия шуд. Кош, қодир мебудам он рӯзҳоро дубора баргардонам, то ӯро аз назди худ ба ҷое рафтан намегузоштам...

Ман бошам, дар ин муддат давраи ҳомиладориро паси сар мекардам. Аз ин рӯ, аз Дилшод хоҳиш кардам, ки маро иҷозат диҳад, то баргаштанаш дар хонаи волидонам истам. Бе ин ҳам дар хонаи хусуру хушдоман кореро ба анҷом дода наметавонистам. Аммо ӯ розӣ нашуда гуфт:

-Ҳеҷ кор ҳам накунӣ, пеши чашми модару падарам бош!

Ростӣ, баъди рафтани Дилшод худро хаставу танҳо ҳис мекардам. Ҳатто шартам монда буд, ки аз дарвоза ба берун набароям.

Дар хона хеле зиёд дилтанг мешудам. Аз рафтани Дилшод 5 моҳ гузашта буд, акнун моҳу рӯзи таваллуд низ наздик мешуд.Аз ин хотир, мебоист барои таваллуд ба хонаи падар биёям. Модарам низ чанд маротиба барои бурданам омад, аммо сухани Дилшод ҳамоно як буд.

-Дар ҳамин ҷо таваллуд кун, ҳамин ки рафтам, туро ҳамроҳи фарзандамон ба хонаи падарат, ба меҳмонӣ мебарам.

Сухани Дилшодро нашикаста, дар хонаи хушдоман Фирӯзамро таваллуд кардам. Ҳатто иҷозати то бемористон рафтанамро надод. Медонистам, ки кафили солиму бехатар таваллуд кардани зан маҳз таваллудхона аст, медонистам, аммо ба хотири дӯстдорӣ, ба хотири ишқу муҳаббати зиёд доштанам нисбати Дилшод, ба қавле аз баҳри ҷонам низ гузаштам. Вале беҳуда нагуфтаанд: “Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл”. Аз таваллуд шудани писарчаам 1 моҳ паси сар шуду Дилшод ҳеҷ нияти баргаштанро надошт...

Рӯзе телефони дастии хусурам ба дастам афтоду аз он рақамҳои Дилшодро чида, ба ӯ занг задам. Ӯ гӯширо бардошта, гумон кард, ки падараш аст:

-Лаббай, дадаҷон...,-гӯён, садо баланд кард.

Ман аз ин тарафи гӯшӣ аз худ дарак додам.

Вай каме худро хушнуд вонамуд карду хиҷолатомез гуфт:

-Оҳо, Заррина, хайрият ба ёдат мерасидем-да!

-Хайр, ҳозир гӯширо мон, андак пас худам зангат мезанам,-гуфту парешон телефонро хомӯш кард.

Ростӣ, аз чунин муносибати сарди Дилшод чунон аламам омад, лекин бо андешаи он ки шояд кораш зиёд аст ё имконият надорад, худро тасаллӣ медодам. Аз миёни сӯҳбати мо бо Дилшод гӯё боди тез гузар карда бошад, ки дигар тамоман занг назад.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД