Arzon march 2024
Худкушӣ дар Кӯлоб ва Данғара меафзояд
326

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаҳои худкушӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Соли 2024 дар ин минтақа 57 ҳодисаи худкушӣ ва ё сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 21 ҳодиса бештар мебошад.

Прокурор Ҳамзаалӣ Музофиров дар нишасти хабарӣ аз афзудани ҳодисаҳои худкушӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст: “Соли 2024 дар навоҳии ин минтақа 57 ҳодисаи сӯйиқасд ба худкушӣ ва худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Худкушӣ махсусан дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара зиёд буда, тӯли як сол дар ҳар яки ноҳияҳои номбурда 14-нафарӣ қасди ҷони худ намудаанд”.

Дар Ҳамадонӣ 7, дар Фархор 6, дар Муъминобод 5, дар Восеъ 4, дар Темурмалик 4, дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон яктогӣ ҳодисаҳои худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба қавли прокурор, одамон бештар бо сабаби душвориҳои зиндагӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва бемориҳои рӯҳӣ даст ба худкушӣ мезананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД