Писарам Шодибек бо Марворид ном духтараки ҳамдеҳаамон аҳду паймони ошиқӣ бастааст, вале ман ӯро келин кардан намехоҳам. Арӯси ёфтааш бе қош ва бисёр духтари безеб аст.
Намедонам писарам дар ин духтар чӣ ёфтааст, ки шабҳо то саҳар телефонӣ бо вай чақ-чақ мекунад. Борҳо рақамҳои Марвориди бешарму беҳаёро гирифта занг задам ва таъкид кардам, ки ба умеди писари ман нашавад. Худашро моҳи беайб гирифта мегӯяд: “Писаратон занг занад, айби ман чӣ?!” Ин духтар бо чӣ ҳилаю найранг сари писарамро тоб додааст, намедонам, вале ҳеҷ сарҳисоби корро наёфта истодаам. Ошиқию гапзанӣ ҳам ба эбаш будагист! Наход шаб то саҳар гап зананд-а?! Шодибекро имсол зан доданием, вале вай ду пояшро ба як мӯза андохта, қасам болои қасам хӯрда истодааст, ки ба ҷуз Марворид дигар касеро намегирад. Ман пул дода як духтари зарди бе қошу мижа ва қадаш мундуқро ба хонаам оварданӣ нестам. Ба писарам ошкоро гуфтам, ки агар ба умеди ҳамон “нозанини барги гул” бошӣ, дониста мон, ки дар ду дунё бе зан мегардӣ. Бачаи бешарм хандида “ман розӣ ” мегӯяд. Намедонам чӣ кор кунам, охир ман ҳам модарам ва мехоҳам писарам ягон чилкокули фариштарӯйро ба занӣ бигирад, то мардум аҳсан гӯянд. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Муаттара, аз н. Шаҳринав