-Ин ҷо «Оила» аст?
-Бале, гап занед, шуморо гӯш мекунем.
-Ба он хотир ба шумо занг зада истодаам, ки баъди марги ман дарди диламро чоп кунед.
-Астағфуриллоҳ гӯед, хоҳар, худаш чӣ гап аст?
-Бо Дилшод ном ҷавоне суҳбат мекардем, рафта –рафта дӯстиамон ба ишқу муҳаббат табдил ёфт. Модараш ба хонаамон хостгорӣ омад. Рӯзе, ки моро фотиҳа мекарданд, хостгорон аз падарам хоҳиш намудаанд, ки келинро як бор бинем. Модарам ба ҷону ҳолам намонда маро наздашон бурданд. Оддӣ, бе ягон орову торо баромадам, то нагӯянд, ки худашро хушрӯй нишон доданӣ шуда хуб рангу бор кардааст. Баробари маро дидан якбора авзои модари Дилшод беҷо шуд ва қошу қавоқ гиронда «ин духтар ба писари ман муносиб нест» гӯён, омин карда аз ҷояш бархост ва ҳатто хайрухӯш намуданро нася гузошта рафт.
Гиристам, зор-зор гириста садҳо бор ба тақдири бадам лаънат хондам. Дертар ба Дилшод занг зада ҳодисаи рӯйдодаро нақл кардам. Шарм дошта ба ҷойи модараш аз ман узр пурсид ва ваъда дод, ки масъаларо ҳал мекунад. Бо ҳамин ҳафтаҳо гузаштанду Дилшод дигар занг назад. Аз дӯстонаш шунидам, ки бо модараш ҷанҷол карда ба Русия рафтааст.
Худамро мекушам, чунки бе Дилшодҷонам зиндагӣ дар назарам аз гӯр ҳам ториктар менамояд. Дилшодҷон, мабодо чашмат ба номаи ман афтад, зудтар зангам бизан, вагарна…
Фазолат, аз деҳаи Оби калони Шаҳритуз