Arzon march 2024
Худамро чӣ хел нигоҳубин кунам?
614

Дар зимистон аз кремҳои ғафс ва аз сармоҳимояткунанда истифода намудан лозим аст, аммо тобистон инро намехоҳад. Танҳо малҳамҳои тунуки SPF-доштаро ба ҷойҳои офтобнамоёнбуда молидан лозим аст. Дар фасли гармо аз молиданҳои барзиёд даст кашидан лозим аст.

Наракҳое, ки сурх шуда, нав дар пӯсти шахс пайдо мешаванд, барои рӯйпуш намуданашон илоҷ аст. Маҳлуле, ки барои газаки чашм чаконда мешавад, дар яхдон гузошта, каме пас ба рӯи нарак молед, сурхияшро мегирад ва барои ороиши шумо ягон чиз монеа намешавад.

Пӯсти хушки таги мӯи сарро равғани мушхор табобат мекунад. Он иҷозат намедиҳад, ки мӯй сабусак пайдо кунад.

Барои хушбӯй шудани мӯй ба шона атри дӯстдоштаатонро пошед ва бо он мӯятонро шона кунед. То бегоҳ атри шумо атрофатонро муаттар менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД