Имрӯз яке аз бонувони зеботарини саҳнаи эстрадаи тоҷик, зебосанами булбуловоз, ҳунарманди Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷастаи Мирзовалӣ ҷашни зодрӯз дорад...
Ин нозанин ҷашни милолашро дар ҳалқаи аҳли хонавода ва дӯстони наздиктаринаш таҷлил менамояд. Ҳуҷаста мухлисони сершумори худро дорад ва бисёриҳо дар бораи зиндагии ин фариштаи саҳна донистан мехоҳанд. Аз ҳамин хотир мо қарор додем ба зиндагиномаи ин ҳунарманди машҳур назар андозем. Ҳуҷастаи Мирзовалӣ 18-уми январи соли 1993 чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Соли 2010 ба факултаи овозхони академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 бомуваффақият хатм намудааст. Ҳуҷастаи Мирзовалӣ аз рӯйи ихтисос сарояндаи опера бошад ҳам, мухлисони санъат ӯро бештар ҳамчун сарояндаи таронаҳои эстрадӣ мешиносанд. Бурди Ҳуҷаста дар он аст, ки аз тамоми нозукиҳои санъати сароядагӣ огоҳ буда, касбияти баландаш дар ҳар як тарона эҳсос карда мешавад.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Ҳуҷастаи Мирзовалиро бо ҷашни милодаш сидқан муборакбо гуфта, ба ин сарояндаи маъруф ва маҳбуб парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодӣ ва бахти сафеду комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.