Аҳли тарбиятгирандагон ва мураббиёни кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд иди Наврўзи байналмилалиро дар фазои идона ҷашн гирифтанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар чорабинӣ аз ҷониби кўдакон ва мурабиёни муассисаи томактабӣ урфу одат ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда, шеъру суруд ва таронаҳои наврўзӣ сароида шуд. Кўдакон фаро расидани баҳор ва фазилати Наврўзи ҷаҳониро бо истеъдод ва маҳорати хосса дар саҳнаҳои хеш ба маърази тамошо гузоштаанд.
Дар дег суманаки наврӯзӣ пухта, дастархони идонаи наврӯзӣ бо ҳафт син ва ҳафт шин густурда шудааст.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар маҳфил иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд додааст.