Formula novemver 2024
Хуҷанд: Меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил доданд
4265

Зино аз зумраи бадтарин гуноҳон ба шумор рафта, шахсоне, ки даст ба ин амали паст ва ҳаром мезананд, дар ду дунё шармандаву рӯсиёҳ мегарданд. Худованд дар китоби муқаддаси “Қуръон” бандагонашро ҳушдор дода, таъкид кардааст: “Ва ба зино наздик машавед, зеро он (Зино) коре зишт ва роҳе нописанд аст!» Сураи Исро, ояти 5


Тамоми динҳои олам зиноро ҳаром мешуморанд, дар шариати ислом бошад, натанҳо зино, балки ҳатто роҳҳое, ки инсонро сӯйи зино бурда метавонанд, мамнӯъ гардонида шудааст. Аз ҷумла нигоҳ кардан ба бегонагон ва хилват намудан бо мард ва ё зани номаҳрам барои бандаи мусалмон ҳаром ва манъ аст, аммо...


Афроди беандашае ҳастанд, ки барои зинокорон шароити айшу ишрат фароҳам оварда, ба хотири дарёфти пули муфт худро ба гуноҳи ин тоифа шарик месозанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як зани баднафс дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки зери ниқоби “Меҳмонхона” фоҳишахона ташкил карда, бо ин амали худ боиси костагии ахлоқи ҷомеа мегашт.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин зани 40-солаи хуҷандӣ гӯё бо мақсади ташкил кардани “Меҳмонхона” 10 хонаро иҷора гирифта, дар асл ин хонаҳоро ба шахсони ишратпарасту зинокор ба иҷора медодааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз се ҳуҷраи ба ном “Меҳмонхона” се ҷуфт зану мардони айёш дастгир шуданд, ки ба зинокорӣ машғул буданд. “Ошиқон”-и зинокор иқрор шудаанд, ки бар ивази як соати хилват ба соҳиби “меҳмонхона” 100-150 сомонӣ маблағ медоданд.


Аз рӯйи ин ҳодиса бо моддаи 239-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, зан барои ташкили фоҳишахона дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт, вале ҷазои вазнинтар ин тоифаро фардои қиёмат интизор аст, зеро бадтарин касбу даромад пуле аст, ки зани зинокор бар ивази танфурушӣ дарёфт мекунад. Чунин зан ҳатто ҳангоме ки нимаҳои шаб дарҳои осмон ба раҳмат ба рӯйи бандагони Худо кушода мешаванд, аз истиҷобати дуо маҳрум аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД