Дар шаҳри Хуҷанд ҳодисаи мудҳише руй дод, ки хурду калонро ба даҳшат овард. Шоҳидони ҳодиса ва нафарони огоҳ то ҳол ангушти ҳайрат газида мегӯянд: Наход ҷавонмарди 32-сола барои 30 сомонӣ одам кушад –а?
Яке ин ҳодисаро тасофуд меномиду дуюмӣ куштор, сеюмӣ марги нобаҳангом ва чорумӣ бозии қисмат, вале асли қазия норушан буд. Ниҳоят масъулини мақомоти корҳои дохила дар вилояти Суғд ба ин куштори пурсарусадо рушанӣ андохтанд. Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, котиби матуботии РВКД ҶТ ин ҳодисаи гушношунид ҳанӯз 8-уми сентябр дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд рух дода будааст.
Кӣ киро кушт?
Тавре ки аз гузориш бармеояд, як марди 32-сола сокини шаҳри Хуҷанд бо номи Самир Турсунов сокини дигари ҳамин шаҳр Амирҷон Миркамоловро ба қал расонидааст. Фарқи ин ҳодиса аз дигар кушторҳо дар он аст, ки Турсунов корд ё асбоби дигари бурандаю халандаро истифода набурда, як мушти Самири “муштзӯр” сабаби канда шудани риштаи умри Амирҷони 37- сола гаштааст.
Амирҷон, ки дар як ширкат ба ҳайси дастраскунанда (доставщик) кор мекардааст, ҳамон рӯзи шум доруи “Нафтезин”-и фармоишии Турсуновро ба суроғаи таъинкардааш тариқи скутер овардааст. Арзиши аслии хизматрасонӣ 50 сомонӣ мешудааст, вале фармоишгар –Самир Турсунов ҳамагӣ 20 сомонӣ додааст. Ҳарчанд Миркамолов иддао мекунад, ки ин пул ҳатто нархи сӯзишвории сарфшудааш нест, Самир Турсунов бо баҳонаи он ки дигар маблағ надорад ва баъдтар боқимондаашро медиҳад, бо номбурда ҷангу ҷанҷол карда, аз додани пул саркашӣ мекунад. Ҳамин тавр байни онҳо муноқиша сар мезанад.
Мувофиқи шаҳодати гумонбар Турсунов гӯё баъди он ки 20-сомониро додааст, Миркамолов ба ғазаб омада ӯро дашном додааст ва Турсунов сари қаҳр ӯро як мушт задааст ва ҳамин як мушти тақдирсӯз боиси марги Амирҷон Миркамолов гаштааст.
Беҳуда намегӯянд “вақте қаҳр меояд, ақл меравад”. Бо зарби як мушти Самир, ки қаҳри худро идора карда натавониста ба сари Амирҷон задааст, ин марди баркамол ба замин афтода, сараш ба роҳи бетонӣ бархӯрда, ҷароҳат мебардорад ва то беморхона нарасида мемирад.
Турсунов ба ҷойи кӯмак кардан ба ҷабрдида ҷойи ҳодисаро тарк кардааст, ки ин амалаш гуноҳи ӯро дар назди қонун боз ҳам вазнинтар месозад.
Айни ҳол нисбати Самир Турсунов бо моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ бо оқибати марг) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.