6-уми апрел бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд доир шуд,- хабар медиҳад сомонаи Варзиш ТВ.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи хуҷандиҳо анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи “Эсхата” – Мубинҷон Муминов ва Боҳирҷон Сангинбоев ба дарвозаи ҳариф заданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Лигаи Олӣ дастаи “Эсхата” муқобили КМВА бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфта буд. “Хатлон” бошад, дар меҳмони дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0 бар 3 ноком гашт.
Дар ҷадвали мусобиқа “Эсхата” ҳоло пас аз ду ғалаба бо касби 6 имтиёз садрнишин аст. “Хатлон” пас аз ду бохт дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст. Пас аз ду даври мусобиқа футболбозони дастаи “Хатлон” то ҳанӯз ба задани гол ноил нагардидаанд.
Дар даври навбатии чемпионати кишвар “Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Хуҷанд” вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо рӯзи 12-уми апрел дар варзишгоҳи “Спартак” доир хоҳад гашт.
Дастаи “Хатлон” дар даври навбатӣ рӯзи 12-уми апрел дар сафар бо дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад.
Ҳамин тавр, дар даври сеюм мо шоҳиди бозии “дерби”-и вилоятҳои Суғд ва Хатлон мегардем.