Дар Нигерия 24 узви як хонавода аз ғизои заҳролуд фавтиданд, -хабар медиҳад "Известия".
Ба иттилои манбаъ, ин хонавода аз 26 нафар иборат будва 24 нафарашон бар асари заҳролудшавӣ фавтида, аз ин оилаи калон танҳо 2 нафар зинда мондаанду халос.
Манбаъ аз қавли Сокото Али Инаме, намояндаи Вазорати беҳдошт менависад, ки вақти омода кардани хӯрок зан ба ҷои намакӣ ошӣ нафаҳмида нуриҳои кимиёиро истифода бурдааст.
Иштибоҳи кадбонуи хонадон боиси марги 24 нафар гашта, ба истиснои ду нафар, дигар ҳама аъзоёни оила бар асари заҳролудшавӣ ҷон ба ҳақ супурданд.
"Мутаассифона, ҳама аҳли оила баъди ғизоро хӯрдан ба ҳалокат расидаанд, ба истиснои ду зане, ки танҳо озуқавориро санҷидаанд. Онҳо табобат мегиранд ва имкони зинда монданашон вуҷуд дорад,”- изҳор доштааст Алӣ Инаме.
Ин намояндаи вазорати беҳдошт ба кулли шаҳрвандони Нигерия муроҷиат намуда таъкид кардааст, ки ин ҳодисаи нангин барои ҳамагон бояд дарси ибрат шавад ва минбаъд мардум эҳтиёт бошанд.