Маҳсулоти лозима:
150 грамм ананаси очонидашуда, 200 грамм гӯшти мурғ, 80 грамм панири сахт, 1 дандона сирпиёз, майонез, мурч.
Тарзи таҳия:
Оби ананаси очонидашударо полонда, чоркунҷа реза кунед. Гӯшти обпази мурғро чоркунҷа ё наргисӣ реза кунед. Панирро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Сирпиёзро реза карда, бо майонез омезед. Дар зарф мурғи реза, ананас ва панирро гирифта, бо майонезу сирпиёз омезед.
 
                 
                 
                 
                 
                 
                                                     
                     
                                            