Маҳсулоти лозима:
2 дона картошка, 1 сабзӣ, 1 лаблабу, 2 бодиринги очонидашуда, 1 дандона сирпиёз, майонез, мурч.
Тарзи таҳия:
Картошка, лаблабу ва сабзиро дар об пазеду баъди хунук шуданаш чоркунҷа реза кунед. Ҳамзамон бодиринги очонидашуда ва сабзиро реза карда, лаблабуи дар об пухташударо чоркунҷа реза карда, сирпиёзи кӯфтаро илова кунед. Ба хӯриш майонез андохта, мувофиқи табъ мурч илова кунед.