Маҳсулоти лозима:
Кабудӣ, 2 дандона сирпиёз, 200 грамм панир, 2 дона тухм, 1 дона лаблабӯ, намак, мурч, майонез.
Тарзи таҳия:
Лаблабӯро дар об пухта, баъди хунук шуданаш бо панир аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронед. Тухмро чоркунҷа реза карда, ба он сирпиёзи реза, намаку мурч ва майонез илова карда, бо кабудӣ оро диҳед. Ба ҷойи майонез метавонед омехтаи аз йогурт, ҳардал ва равғани зайтун омодашударо истифода баред.