“Хотира”-и Ҷонибек Муродов
01.06.2025
Oila.tj
196

Ситораи маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов клиптаронаи навбатиашро бо номи “Хотира” дар ютубканали “JM Company” нашр кард.

“Хотира” сужаи аҷиб ва муассир дорад. Дар он рӯзгори зани танҳое қисса мешавад, ки пас аз солҳои зиёд фарзанддор мегардад. Чун дар ҳаёти оилавӣ шавҳараш хуб набудааст, умед мебандад, ки фарзандаш марҳами ҳама дардҳояш мегардад. Зан бо танҳоӣ писарашро калон мекунад ва рӯзе ӯ бо рақифҳояш дучори садама мегардаду дар беморхона ҳалок мешавад.

Дар намоҳанги мазкур нақши марказиро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова иҷро кардааст.

Метавон гуфт, ки таҳиву нашри чунин сурудҳову намоҳангҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сарояндагони маъруфу роҳнамо то андозае барои насли ҷавон ибратомӯз аст. Дар ҳоле ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо бо сурудҳои бемазмуну бемантиқ тамошобини худро пайдо кардаанд, будани ин гуна сурудҳо каме ҳам бошад, завқи мардумро баланд мебардорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷонибек Муродов аз ҷумлаи он сарояндагонест, ки сурудҳои иҷтимоӣ хеле зиёд сароидааст. Аз ҷумла, “Худо яктост” “Худо ҳаст”, “Мусофир”, “Месароям” “Айлон” ва ғайраҳо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД