arzon replenishment
ХОСТГОРОН БО ЧАШМОНИ ПУРОБ АЗ ХОНААМОН НОУМЕД МЕРАВАНД
4537

 

Салом хонандагони ва муштариёни «Оила»-и азиз! Мехоҳам қиссаи ишқи покамро ба шумо ҳикоят намоям. Як бачаи ҳамсинфамро дўст медоштам. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи педагогӣ дохил шуду ман ба Донишгоҳӣ тиббӣ.

Ҳамсинфам падар надошту модараш дар мактаб фаррош буд, ман бошам аз оилаи бою бадавлат, бойдухтарам. Пас аз хатми курси дуюм ошиқамро ба аскарӣ бурданд. Аз хизмат ҳам вай тез-тез ба ман номаҳои пур аз меҳру муҳаббат мефиристод. Самадро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва бозгашташро бесаброна интизорӣ мекашидам.

Хулоса, баъди адои хизмати модар-Ватан Самад ҳамчун мард ба қавлаш вафо карда, ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам бо шунидани матлаби модару аммаи ин ҷавони камбағал асабӣ шуда гуфт:

-Хола, шумо то хонаи мо омадан аввал як бор саратонро ба кафи ду дастатон дошта андеша накардед, ки куҷо меравед?! Наход боварӣ дошта бошед, ки ман бо чунин давлату сарват духтари ягонаамро бароварда ба писари гадои шумо медињам?! Ҳар кас пояшро бояд чени кӯрпааш дароз кунад! Аз куҷое, ки омадед, ба ҳамон ҷо равед…

Модари хоксори Самад аз гапҳои талхи падарам хафа шуда бошад њам, дағалӣ накарда бо нармӣ фаҳмонд:

-Додарҷон, аввалаш писари ман гадо нест, шукри худо дар донишгоҳ мехонад, кор мекунад, ману ду хоҳарашро нигањбон аст, баъдан, мо бо майли худ дари шуморо накӯфтаем. Чанд сол мешавад, ки духтаратон писари маро дӯст медорад. Ошиқонро ҷудо кардан убол аст…

-Беваи аҳмақ, ҷилу пӯстакатро каш! Духтарам аз бешӯӣ мурад ҳам, ман дар ду дунё ӯро ба писари тафкашоли ту намедиҳам,-Дағалона дод зад падарам.

Ин рафтори ӯ қаҳри аммаи Самадро овард ва сахт карда гуфт:

-Садқаи нону намак шав нокас, мо туро одам гуфта аз дарат даромадем. Ин қадар аз рӯйи мансабат напар, акаи ман ҳам, агар намемурд, ҳоло ту барин вазифадору бообрӯ мешуд. Хезед янга, дигар гапатонро ба ин одам ҳайф накунед…

Бо ҳамин хостгорон бо чашмони пуроб баромада рафтанду ман аз шарми кори падарам чанд рӯз ба Самад занг назадам. Аз афташ вай ҳам аз моҷаро огоҳ шуда сахт ранҷид, ки дигар маро суроғ накард.

Пас аз модари Самад боз чанд каси дигар бо умед ба даргоҳамон қадам гузоштанд, вале падарам ҳама хостгоронро дағалона меронад. Метарсам, ки якравии падарам маро оқибат пирдухтар месозад, охир синну солам аллакай ба ҷое расидаасту қариб ҳама ҳамсолонам аллакай оиладор шуданд. Се-чор соли дигар ҳамин хел давом кардан гирад, дигар ягон ҷавони ҳамсолам намемонад, он гоҳ маҷбур мешавам, ки ба ягон мӯйсафед ба шавҳар бароям ё зани дуюм шуда, умре бо ғурбату кашмакаш ҳаёт ба сар бубарам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ситора.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД