new banner new years
Хонуми сагпараст (ҚИСМИ 3)
1338

Солҳои шӯравӣ бобоёни ўро аз деҳаи дурдасти кўҳистон муҳоҷир карда, ба водиҳо оварданд. Падараш баъди чандин сол ба ватани бобоӣ рафта, онҷо хонаи зебое бунёд кард, аввалҳо тобистонҳо он ҷо мерафтанд, баъдҳо дигар аз ёдҳо фаромўш шуд.

Маҳваш хуб медонист, ки хонаро хешовандони дури падараш нигоҳубин мекунанд. Баъди аз шавҳараш ҷудо шудан, хонаашро ба як оилаи духтур ба иҷора дода, Маҳваш ба ҳамон деҳаи дурдасти кўҳистон кӯча баст, ки як вақтҳо ҳамагӣ бист хоҷагӣ он ҷо зиндагӣ мекарданд. Баҳор буд, аз маркази ноҳия то деҳа як километр роҳро пиёда тай кардан лозим меомад, мошин он ҷо намерафт, на аспсаворе менамуду на харсаворе. Таксие ўро то сари роҳ оварда, гуфт, ки то пагоҳ дар ягон хона рўзашро саҳар кунад, аммо ў ҷомадони вазнинеро бардошта, ба қавли кўҳистониён «куҳтал»-ро рӯболо шуд. Дар роҳ ў ба саги пире вохўрд, ки ба зӯр нафас мекашид ва аз чашмони сафедгаштааш ашк мешорид. Маҳваш ба саг наздик шуда, сарашро сила кард ва ҷомадонашро кушода, барояш каме ҳасибу панир ва нисфи нон дод. Саг нону ҳасибро хӯрд ва лангон - лангон аз пайи Маҳваш равон шуд. Маълум буд, ки ҷонвар чизеро намебинад, зеро зуд-зуд пешпо хўрда мекалавид. Маҳваш ҳар ҷое дам мегирифт, бо саг «сўҳбат» мекард.

Вақти ғуруби офтоб, ба деҳа омадани як бонуи зебо, ки дар як дасташ сумкаи сурхи калон, дар дасти дигараш ҷомадон дошт ва саге аз пушташ афону хезон меомад, шоҳидонро ба ҳайрат гузошт. Деҳа хеле калон шуда буд, Маҳваш пурсида-пурсида хонаашонро ёфт. Хеши падараш, ки хона дар ихтиёри ў буд, шаб ўро меҳмон кард. Рўзи дигар Маҳваш аввал ба зиёрати қабри падараш рафт, ўро барои ҳама саргардониҳояш бахшид, баъд худаш ҳам бахшиш пурсиду ба хона омада, бо ёрии духтарони деҳа, ки ихтиёрӣ ба ёрии ў омада буданд, ба тоза кардани хонаашон пардохт. Дар як моҳ хонаи дар алаф гумро шинохта намешуд, саг низ ҷон гирифта, посбони қасри маликааш гашта буд. Хешонаш зиёд мехостанд, Маҳваш бо онҳо бихобад, аммо ў танҳоиро ихтиёр карда буд. Маҳваш аспсавориро омўхт ва барои худаш аспи зебои қимматбаҳое харид. Ба назди раиси ноҳия даромада, иҷозат гирифт ва як хонаашро ба бунгоҳи тиббӣ табдил дод. Занҳои деҳа ўро аз ҷони ширинашон зиёдтар дўст медоштанд. Аввалин коре, ки ў аз маоши чандмоҳааш кард, ин санг шинондан дар сари гўри падараш буд. Духтури аспсавор акнун барои таваллуд кунондани занҳо ба деҳаҳои дигар мерафт ва сагаш Абҷир ҳамроҳаш буд. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна як ҳайвони нобино посбони ин олиҳаи меҳр аст. Маҳваши зеборо бе аспу сагаш тасаввур кардан ғайриимкон буд…

Баъди як сол бародаронаш, ки медонистанд хоҳарашон дар диёри бобоӣ ба некроӣ машҳур аст, барои хабаргирии ў омаданд. Ба хотири номи падарашон хайру саховат карда баргаштанд ва хоҳарашонро ба хона оварда, тўй доданд. Маҳваш танҳо се рўз меҳмони бародарон буд ва ба хонааш баргашт. Ба хотири рўҳу арвоҳи падар ва хоҳари духтурашон бародаронаш роҳи деҳаро, ки ба маркази ноҳия пайванд мешуд, мумфарш карданд ва бо ёрии ҳукумати ноҳия дар деҳа беморхонаи хурдакаке ба кор шурўъ кард. Аввалин зани мошинсавори деҳа ҳам Маҳваш аст, бахти худро ин хонуми соҳибдил дар ватани бобоӣ ёфт. Шавҳараш Сайёди тоҷир, ки занашро саратони майнаи сар аз ў бурда буд, Маҳвашро хостгорӣ кард. Маҳваш сари духтараки ятими Сайёдро сила карда, соҳиби ду шоҳписар Шамсу Қамар гашт. Ин зани меҳрубон, имрўз бо шавҳару фарзандонаш дар ободонии диёри бобоӣ саҳм мегузорад.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД