Раҳматулло Мардиктоев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ як духтари 19-соларо, ки мехост худкушӣ намояд, аз марг наҷот додааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса шоми 19-уми апрел, тахминан соатҳои 21:00 рӯй дода, як духтари 19-сола бо қасди худкушӣ худро аз болои пули собиқ бозори “Султони Кабир” ба дарё ҳаво додааст, вале Раҳматулло Мардиктоев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ ин ҳодисаро мушоҳида намуда, фавран духтарро аз об бароварда, ёрии таъҷилӣ расонидааст ва ӯро аз марг наҷот додааст.
Пулиси Душанбе ба хонандаи мактаб барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва наҷоти духтар миннатдорӣ баён кардааст.
Айни замон духтар дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи Истиқлол” таҳти назорат ва табобати табибон қарор дорад. Мақомот сабаби қасди худкушӣ намудани ин ҷавондухтарро дар муноқишаи оилавӣ маънидод кардаанд.