Шуруъ аз 1-уми ноябр толибилмони тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст.
Солҳои пешин таътили тирамоҳии мактаббачаҳои тоҷик 10 рӯз идома меёфт, вале имсол муҳлати онро то 7 рӯз кӯтоҳ намуданд.
Ҳамин тавр, имсол хонандагон ҳамагӣ 1 ҳафта - аз 1 то 7-уми ноябр истироҳат хоҳанд кард.