Бехонагӣ дарди гарон аст, аз ҳамин хотир ҳар як инсон мехоҳад соҳиби манзили зебову замонавӣ гашта, дар хонаи шахсии худаш ҳамроҳи аҳли оилааш бе миннат ва орому осуда зиндагӣ кунад.
Ба хотири соҳиби манзил гаштан одамон камаш 15-20 сол заҳмат мекашанд ва аз ризқу рӯзии зану фарзандонашон зада, пул ҷамъ мекунанд, то соҳиби манзил гарданд, аммо афроди фиребгар ва беинсофе ёфт мешаванд, ки домони хонахаронр бо чормағзи пуч пур карда, баъди гирифтани пул харидори бечораро ба қавли мардуми рус “кидат” мекунанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти ду марди қаллоб хабар додааст, ки бо ваъдаи хона пули ду харидоронро гирифта, баъдан онҳоро бераҳмона фиреб додаанд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, як марди 69-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки ҳанӯз баҳори соли 2018, як марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ба қавлаш вафо накарда пулро ба манфиати худаш истифода бурдааст
Ба ҳамин монанд боз як марди дигари маккор дар шаҳри Кӯлоб ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Як марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе аз болои ин мард ба ШВКД муроҷиат намуда, қайд кардааст, ки моҳи апрели соли 2018, марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш манзили истиқоматиашро, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ба ному насабаш мегузаронад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст. Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.