Дар панҷаи дард
Мӯйсафеди Раҷабалӣ як сол боз ба қавли мардуми куҳистон «ҳучбемор» буд, яъне ба дард тан надода, устухонҳои бемадорашро аз рӯйи ҷогаҳи сафеди оҳарияш ҷамъ карда мехесту тавонам-натавонам пайи коре мерафт, аммо чанд рӯзи охир ҳолаш тамоман бад шуда монд. Беморӣ ҷисмашро дар панҷаи гирояш чунон мефишорад, ки мӯйсафед фақат гиря намекунаду халос. Кампирашу ду келин дар гирдаш парвона, писарҳояш ҳама хоҳишашро иҷро мекунанд, ҳашт духтар ба навбат дар сари болинаш бемордорӣ карда барояш хӯрокҳои парҳезӣ мепазанд, вале мӯйсафед парешону ғамгину маҳзун аст. Пайвандонаш дарди дилашро донанд ҳам, худро ба нодонӣ мезананд….
Чӯпонбача
Падари Раҷабалӣ чӯпон буд, се писараш низ касби бобоиро интихоб намуданд. Бародаронаш Нодиру Садир оиладор бошанд ҳам, шабу рӯз аз пушти моли давлат мегаштанд. Падарашон Шариф ҳар бори аз водӣ ба куҳистон бурдани мол албатта дар хонаи дӯсташ Расо меҳмон мешуд. Расо раиси ҷамоати яке аз деҳаҳои калонтарини куҳистон ва аз зумраи мардони сарватмандтарини музофот буд. Шарифу Расо бо ҳам аҳду паймони бародарӣ баста буданд ва писарони Шариф Расоро амак гуфта, ҳурмату эҳтиром менамуданд. Расо аз ҳама зиёд ба писари хурдии дӯсташ Раҷабалӣ меҳр дошт ва гоҳ-гоҳ сарашро силакунон шухӣ карда мегуфт:
-Раҷаб, ман туро домод мекунам. Озодаи маро бин, ба хироҷи як мамлакат меарзад, ту бо ин қомати баланду бозувони қавӣ зеби ӯ дорӣ, вале бо як шарт…
Шарти раис
Расо як писар ва як духтар дошт, писараш Соҳиб магазинчӣ буда, зану фарзанд дошт, Озодаи нозанинаш бошад, ҳанӯз мактабхон буд. Раҷабалӣ бо як дидан ошиқи ин маҳҷабин гашта бошад ҳам, ба хотири дӯстии падарашу раис инро ошкор намекард. Озода духтари сафедаки қоматбаланду оҳучашме буд. Духтари раис чунон хушрӯй буд, ки аз диданаш ҳанги одам меканд, гӯё Худованд тамоми ҳунарашро дар офаридани ҳамин бути симинбару абрӯкамон сарф карда бошад. Абрӯвони қаламӣ, пӯсти бирешимвор сафеду пурҷило, лабони сурхи арғувонӣ, рухсораҳои гулобиранг, мӯйҳои дарозу зулфони ҷингилааш дар дили бинанда шӯр меафканд. Ин духтар харидорони зиёде дошт, вале шарти раисро шунида, аксари ҷавонони ошиқ оҳи сард кашида, қафо мегаштанд. Расо барои духтараш дар паҳлӯи хонааш хонаи боҳашамате сохта, мехост ҷавони табъи дилашро хонадомод бигирад, зеро духтарашро аз ҳад зиёд дӯст медошт. Нангу номуси куҳистонӣ иҷозат намедод, ки ҷавонон ин шарти раисро қабул намоянд, аз ҳамин хотир Озодаро аз ҷонашон бештар дӯст доранд ҳам, бачаҳои деҳа хаёли васли ин зебосанамро аз сар дур мекарданд.
Ошиқи шайдо
Шарифи чӯпон низ аз шарти ошнояш хабар дошт, аз ҳамин хотир Озодаро аз ҷонаш бештар дӯст дорад ҳам, ҳаргиз дар бораи қудошавӣ бо рафиқаш гап намезад, зеро хонадомод шудани писари паҳлавонашро дар ду дунё намехост. Раҷабалӣ хизмати аскариро ба анҷом расонида ба хонаашон баргашту падару модараш дар бораи хонадоршавияш гап кушоданд. Ҷавон аз фурсат истифода бурда ба духтари раис ошиқи шайдо буданашро иброз дошт. Шарифи чӯпон бо ҳайрат ба писараш нигариста пурсид:
-Ту розӣ ҳастӣ, ки дар байни мардуми бегона хонадомод шавӣ?! Нангу номусат инро мебардорад?
-Бале, падар, ман розӣ ҳастам, ки як умр ғуломи амаки Расо шавам, вале бо Озода бошам,-ҷиддӣ посух дод Раҷабалӣ.
Шарифи чӯпон писарашро беномусу бенанг хонда ҷангу ҷанҷол кард, вале Раҷабалӣ бо ҳамон оҳанги пешин ҷавоб дод:
-Хоҳед ҳамин, нахоҳед ман аз хона баромада ба макони хизматам меравам ва бо ягон русдухтар хонадор мешавам!
Ду моҳи дароз падару модар ва бародаронаш дар гӯши Раҷабалӣ панду насиҳат хонданд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки чашми ошиқ кӯр аст. Оқибат диданд, ки намешавад, сари хони маслиҳат нишастанд…
Духтари шоҳи париён
Расо хостгорони аз тарафи дӯсташ омадаро бо хушнудӣ қабул карда, худи ҳамон шаб Озодаро бо Раҷабалӣ фотеҳа намуд ва ба хостгорон ҷомаҳои қимматбаҳо пӯшонда, гусел кард. Аз байн як моҳ нагузашта раис ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй дода, Озодаи нозанинашро ба водӣ гусел кард. Ҳамсояҳо ва хешу табори Шарифи чӯпон бо дидани чеҳраи чун моҳ зебои арӯси Раҷабалӣ даст ба гиребон бурда мегуфтанд: Худоё, ин духтар фарзанди одамизод аст ё парӣ? Дар умрамон чунин арӯси хушрӯйро бори аввал мебинем…
Хулоса, чанд рӯзи дигар занон дар лаби чашмаю сари пода танҳо дар бораи зебогии арӯси кӯҳистонӣ сухан мегуфтанд. Кампиракон ба Озодаи нозанин «духтари шоҳи париён» лақаб гузошта буданд. Танҳо кампири Сангимоҳ, модари Раҷабалӣ арӯси зеборо дӯст надошта, зери лаб ғур-ғуркунон мегуфт:
-Хок кашад зулфои ҷингилата, аз пушти ту аз писарам ҷудо мешавам! Ин ошиқи зор рӯзе пушаймон мешавад, вале он вақт ман нестам, ки саломаш диҳам. Бачаи сарзада, охир ту сағираи бесоҳиб набошӣ, ки дар дари хусур хонадомод шавӣ…
Хонадомод
Пас аз як моҳи тӯй Раҷабалӣ ва занаш роҳ сӯи кӯҳистон пеш гирифтанд ва дар хонаи навашон, ки пур аз ҷиҳози рангоранги рӯзгор буд, зиндагӣ оғоз карданд. Бо кӯмаки хусураш Раҷабалӣ курси шашмоҳаи дӯкондориро хатм карда дар ҳамсоядеҳ магазинчӣ шуд. Озода рӯзи дароз дар хонаи падараш буд ва танҳо бо фаромадани пардаи торикӣ ва аз кор баргаштани шавҳараш ба хонааш мерафт. Раҷабалӣ садқаю балогардони арӯси паризодаш буд ва соле танҳо як бор барои дидани модари пираш ба водӣ мерафту халос. Озодаи зебосанам бо давлату сарвати падару зебогияш фахр накунад ҳам , хушдоманаш ӯро дӯст намедошт ва ҳеҷ гоҳ ба хонааш намеомад. Дастовезу туҳфаҳои қиматбаҳои келин ҳам натавонист дили кампирро гарм созад…
Насаби булаҷаб
Раҷабалӣ ҷавонмарди меҳнатии хушфеъл бошад ҳам, мардуми куҳистон ба ӯ назари нек надоштанд. Дар тӯю маъракаҳо ҳамсояҳо дар бораи хонадомод латифаҳои намакин гуфта, ба сӯйи ӯ ишоракунон заҳрханда мекарданд, вале ҷавонмард ба хотири ҳамсараш ба ин ҳама мазоҳу масхаракуниҳо тоқат мекард. Чизе, ки ӯро аз ҳама бештар ба ғазаб меовард, ӯро бо номи занаш ном гирифтани мардум буд. Дар деҳа ғайри ӯ ду Раҷабалии дигар буд, якеро Раҷабалии Қандулло, дуввумиро Раҷабалии Мирзоаҳад мегуфтанд, ӯро бошад, Раҷаби Озода. Баъзан худро тасаллӣ медод, ки одамон аз бахилӣ ба ӯ чунин лақаб гузоштаанд, зеро вай як ҷавони бегона дар диёри онҳо соҳиби хонаю дар, зани зебо, фарзандони нозанин ва мавқеъ шудааст, вале…
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс…
Оҳиста-оҳиста корвони умрашон ноаён гузашту Раҷабалию Озода соҳиби ҳашт духтару ду писари нозанин гаштанд. Духтарони зебою оқилаашро ҳаққу ҳамсояҳо келин карданд, ду писарашро, ки соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кори хуб буданд, бо духтарҳои беҳтарини деҳа хонадор намуданд, аммо ҳамоно касе хонаи ӯро пурсад, мардум «Раҷабалии Озодаро мегӯед? Ҳо ана ҳамон хонаи боҳашаматро хусури раисаш сохта ба ӯ дода буд» гӯён, дарҳол хонадомод буданашро ба ёд меоварданд. Мебоист бо ин ҳама давлату савлат бурути Раҷабалиро табар набурад, вале вай аз карда сад бор пушаймон буда, дарун ба дарун худашро хӯрда мегашт, ки чаро дар вақташ гапи падарашро нагирифта ба хотири ишқу муҳаббат худро ғариб ва таънашунави дӯсту душман гардонд. Ғамин алам оқибат мӯйсафеди Раҷабалиро аз по афтонда ба бистари беморӣ кашид…
Ҳасратӣ
Мӯйсафеди Раҷабалӣ дар рӯйи ҷогаҳ гоҳ беҳушу гоҳ баҳуш хобида, симои волидону бародарони кайҳо аз дунё гузаштаашро пеши назар меовард ва оби чашмаш ба риши сафедаш мешорид. Ҷиянҳояш гоҳ-гоҳ ӯро хабаргирӣ биёянд ҳам, хумораш намешикаст. Боре фарзандонашро шинонида васият намуд:
-Вақте ки Худованд амонаташро гирифт, мурдаамро ба водӣ бурда дар бари бародаронам гӯрам кунед. Намехоҳам ҷасадам дар ин ҷо монад…. Писари калонияш аз ин васияти мӯйсафед оташин шуда гуфт:
-Падарҷон, шумо аз ин ҷо чӣ бадӣ дидед, ки ин хел мегӯед?! Дар ҳамин ҷо соҳиби хонаю дар, обрӯву иззат ва зиндагии ободу осуда шудед, мо, фарзандонатон дар ин ҷо ба дунё омадем. Албатта мо шуморо хор шудан намемонем ва ҳамеша даст пеши бар ба хизмататон тайёр ҳастем, вале чӣ хел мурдаи шуморо аз ин ҷо мебарем? Ба мардум чӣ мегӯем, охир то имрӯз ягон мурдаро аз ин ҷо ба водӣ набурдаанд…
Мӯйсафеди Раҷабалӣ дигар чизе нагуфт, вале то дами марг ҳамин ки ҳамсарашро танҳо ёбад, зорӣ мекард:
-Занак, ман ба хотири ту солҳо мазоқу масхараи мардумро тоқат кардам, илтимос мурдаамро ба водӣ, ба назди бародаронам баред!
Кампири Озода дасту пойи шавҳарашро маҳскунон мегуфт:
-Мӯйсафед, ин хел нагӯед, Худованд ба шумо умри дароз диҳаду мурдаи маро гӯр кунед…
Ҳамин тавр мӯйсафеди Раҷабалӣ ҳасратӣ аз дунё гузашт. Писаронаш васияти ӯро иҷро накарда, мурдаи падарашонро дар деҳа, дар бари бобои раисашон ба хок супурданд…