Саломихудроба хонандагонирозшунави «Оила» мерасонам. Ман Мадина, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Муддати 15 сол аст, ки оиладор ҳастам. Шукри Худо дар оилаи одамони хуб келин шудаам, шавҳарам шахси шинохтаву сарватманд аст.
Маълумоти олӣ дорам, вале шавҳарам барои кор кардан иҷозат намедиҳад. Баъдан аз чизе камбудӣ надорам ва ҳоҷати кор карданам ҳам нест. Дар хона ҳамроҳи хушдоману як додаршӯям зиндагӣ мекунем. То панҷ соли охир зиндагиямон хуб буд, вале шавҳарам бо зани дигаре шинос шуда, барояш хонаи иҷора гирифтааст. Акнун шавҳарам рӯзона бо ин зан асту шабҳо хеле дер ба хона меояд. Аз рашк ва фикри зиёд девона шудаам, садои баландро тоқат карда наметавонам, ҳама чиз ба асабам мерасад, сахт фаромӯшхотир шудаам.
Чанд маротиба қаҳр карда, ба хонаи волидонам рафтам, вале шавҳарам домони он занро сар намедиҳад. Шавҳарамро сахт дӯст медораму оилавайрон шудан намехоҳам. Медонам, ки қисмати зиёди хонандагони “Оила” бонувон ҳастанд ва нисбати сарнавишти ман бетафовут намеистанд. Маро як чиз бештар асабӣ месозад, чаро ин тоифаи бонувон бо шавҳарони худ тоқат накарда чудо мешаванду баъд шавхару бахти зани дигареро медузданд.
Ман ҳам бо шавҳарам ба осонӣ ба чунин рӯзҳо нарасидаем ва намегузорам, ки як зани кӯчагӣ падари фарзандонамро соҳиб шавад. Шабу рӯз дар сари ҷойнамоз зани шавҳардуздро дуои бад карда мегӯям: Хонаат сӯзад, шавҳардузд!
Ш.Д.