Formula novemver 2024
Хонаамро ба номи ошиқам кунам?
3021

Салом ба аҳли эҷоди сомонаи дӯстдоштанӣ ва ҳамдарду ҳамрози ҳамагон - "Оила". Аксарият мушкилоти худро ба ин сомона гуфта, дар ҳалли моҷарою муаммоҳои ба сарашон омада, маслиҳат мепурсанд, ман ҳам ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорам.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехонам. Дар поёни факултет рӯзе бо як ҷавони зебо рӯ ба рӯ шуда, бо як нигоҳ ошиқи шайдояш гаштам. Ӯ як ошёна аз мо поён мехонд ва ман аз дарс баромаданшро ҳар рӯз интизор мешудам. Як рӯз ӯро набинам, чизеро гум кардагӣ барин, беқарор мешудам.

Ҳамин тавр аз байн як моҳ гузашта, соли таҳсил ҳам ба охир расид. Ҳангоми имтиҳонсупорӣ аз як дӯсташ саҳифаи инстаграмашро пурсида ёфтам ва ба ӯ паём фиристодам. Ба паёмам ҷавоб гардонд.

Рӯзҳои аввал дӯстдориамро пинҳон медоштам, вале билохира тоқат накарда, ба ӯ изҳори муҳаббат намудам. Хурсанд шуда, ишқамро қабул кард.

Падарам дар шаҳр як хона харида ба номи ман карда буданд. Аз дӯстдории зиёд ба ӯ гуфтам, ки агар хоҳиш дошта бошад, аз оғози соли нави хониш дар он хона ройгон зиндагӣ кардан гирад.

Ҳамин тавр, мо мисли Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар гаштем, вале баъдтар фаҳмидам, ки ҷавони дӯстдоштаам бо як духтари дигар низ сӯҳбатҳои ошиқона мекардааст.

Он духтар чанд аксу паёмҳои ошиқонаи Маҷнуни бевафоямро ба ман равон кард. Аз рашк ба қавле “девона” шуда, дар наздаш шарт гузоштам, ки аз ду якеро интихоб кунед: ман ё он духтар.

Дар ҷавоб ошиқам дар назди ман шарт гузошт, ки агар хонаро ба номаш гузаронам, аз баҳри он духтар гузашта, бо ман издивоҷ мекунад.

Аз чанд нафар маслиҳат пурсидам, ки чи кор кунам, вале гуфтанд, ки ин корро накун, ин ҷавон ошиқи ту не, ошиқи хонаву дарат шудааст ва хоҳ-нохоҳ боз ба ту хиёнат карда, духтарбозиашро давом медиҳад.

Ҳарчанд кӯшиш мекунам, наметавонам ишқи ӯро аз дилам берун созам. Чунон сахт дӯсташ медорам, ки ба хотираш ба тамоми кор розиям.

Мехоҳам аз шумо маслиҳат пурсам, ки хонаро ба номаш кунам ё не? Ба фикратон, агар хонаро ба номаш кунам, маро фиреб мекунад?

Мастура аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
💔💔 2023-09-14, 09:29
Ассалом алейкум албатта фиреб мекунад ӯ агар мехост бо шумо будан ҳеҷгоҳ ин пешниҳодро намекард
Посух
Гуласал 2023-09-14, 14:45
Бе акл хастен шумо! Маълум аст ки хоната бигира тамом ай дар берун мекнат, одаме ки як бор хиёнат кна боз мекунад, шарм надошта болои шарт мондай, шумо не хонаи шумо даркорайша
Посух
Саида 2023-09-14, 18:03
Духтари беакли беномус бо як духтари дигар гапмезадааст боз ту кадри худро паст карда мегуи аз хардуямон яктаамонро интихоб кун боз он беномуси альфонс шарт мегузорад. Ин кадар шумо духтарон руз то руз кадри худро паст карда истодаед. Аз пушти мардхо шуда номуси худро аз даст медихед сабр кун вакте ки шавхар карди хамаи чизро мебини мехру мухаббат ишк хамаашро
Посух
Тахмина 2023-09-15, 10:25
Албатта фиреб мекунад . бА ЭХСОСОТ ДОДА НАШАВУ ХАКЛАТРО КОР ФАРМО .
Посух
Самира 2023-09-15, 13:03
Салом алейкум апачон и коро асло накунед у чавоб фиреб мекнад 1 борки хийонат кард то охир мекунад фаромуш кунед вайро хайотона насузоне илтимос апачон .хонаро бошад вообщее дар номи хичкас нагузаронед вай тухфа ай падартонайчи лозим дар дигар инсон додан .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД