Sebiston new 2024 october
Хонаам лонаи чуғз гашт
2860

 

Ман модарам, шояд дар назари дигарон модари бераҳм, модари ситамгару беинсоф намоям, вале… ҳар чи набошад, модарам охир!

Бо умед дар хонаам ду келин овардам. Писаронам Ҳасану Ҳусейн хушбахт буданд, ки ба дӯстдоштаҳояшон расиданд, аммо аз байн як сол ҳам нагузашта муносибаташон бо арӯсҳояшон бад шудан гирифт. Ман келинҳоямро гунаҳкор намекунам, айб дар худи бачаҳоям буд. Ҳардуяшон ба арақ ошиқ шуда, мудом масту аласт мегаштанд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ҳеҷ бачаҳоямро аз маю шароб дилсард карда натавонистам. Малика, келини хурдиам бисёр духтараки меҳрубон ва хоксору меҳнатӣ буд, вале қариб ҳар рӯз аз шавҳараш шатта мехӯрд. Борҳо писарамро насиҳат намудам, ки занашро азоб надиҳад, ҷояш омад, ҷанг кардам, дастонат шиканад гуфта дуои бад кардам, лекин ҳеҷ одам нашуд, ки нашуд! Ҳамоно Маликаи бечораро мезаду мезад. Билохира тоқати келинам тоқ шуд ва рӯзе «холаҷон, ман аз шумо сад бор розиям, вале дигар тоқати аз писаратон шатта хӯрдан надорам. Мани бетолеъ бо ҳазорон орзуву умед бо навои карнаю сурнай ба хонаи шумо омада будам, вале имрӯз бо ашки шашқатор аз ин хона баромада меравам. Маро дуои бад накунед» гӯён, баромада рафт. Келини калониам Фархунда низ чанд рӯз пас писарчаашро ба оғӯш гирифта, ҳатто ба рӯям нанигариста ба хонаи падару модараш рафт. Келинҳоям рафтанду хонаам дар назарам мисли лонаи чуғз ба вайрона табдил ёфт. Дигар тоби сари танҳо зистан надорам, шабу рӯз худо мегӯям, ки ҷонамро бигирад, то аз ғаму дард халос шавам.

Модари 64- сола, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД