Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Модарам ҳанӯз замони 8- сола буданам вафот карданду ман дар тарбияи холаам ба воя расидам. Падарамро ёд надорам, модари раҳматиам мегуфтанд, ки падарат моро партофта рафт. Меҳрубониҳои холаам хушам меояд, вале ягон навозиш ба навозиши модар баробар шуда наметавонад.
Дасти модар, бӯйи модар, навозишҳои модар дигар аст. Дӯстонамро ҳамроҳи модарашон бубинам, оҳ кашида, худ ба худ мегӯям, ки кошки ба ҷойи вай мебудам ва ягон ҷойи хилват ёфта, бо гиря диламро холӣ мекунам. Аксҳои зебои модарамро гирифта, гоҳо аз шаб то саҳар ба ин суратҳои безабон арзи дил мекунам. Мақсади ба «Оила» нома навиштанам он аст, ки бачаҳо барои пул шуда, волидонашон, хоса модарро партофта, ба Русия нараванд. Пулу моли дунё чирки даст аст ва ёфт мешавад, вале модарон ғаниматанд, ҷӯраҳо.
Бо эҳтиром: Ҳабибуллоев Ф.