goodwell
Ходими маъруфи фарҳанги тоҷик Мунира Шаҳидӣ даргузашт
15.07.2026
Oila.tj
141

Мунира Шаҳидӣ - шарқшинос, фарҳангшинос, тарҷумон ва ходими маъруфи фарҳанги тоҷик дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт.

Марҳум фарзанди бастакори номвар Зиёдулло Шаҳидӣ буда, барои тарғиби фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон хидматҳои мондагор кардааст.

Профессор Мунира Шаҳидӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи олам дарс гуфта, доир ба фарҳанги тоҷик китобу мақолаҳои зиёд нашр кардааст.

Ӯ бунёдгузор ва роҳбари Бунёди байналмилалии фарҳангии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буд.

Интизор меравад, ки пайкари Мунира Шаҳидӣ 16-уми июл ба Душанбе оварда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД