Formula novemver 2024
Хобномаи қуръонӣ : бо ҳарфи Ҷ
53595

Ҷавон

Ҷавон дар хоб ишора ба душмани нерӯманду пурқувват аст. Рафту ҷавон мӯйи зард дошта бошад, пас шахси хобдида душмани пинҳонӣ дорад, агар мӯяш сиёҳ бошад, душман сарватманд аст, дар сурате, ки мӯйи сари ҷавон зард бошад, аз душмани дағалу беодоб доштанаш дарак медиҳад. Дар хоб аз қафои ҷавон раҳсипор гардидан аз ҷониби душман мағлуб шудан аст. Агар ҷавон дар хоб ба мӯйсафед мубаддал гардад, шахси хобдида бомаърифату оқил мегардад.

Ҷазира

Шахсе, ки ҷазира хоб мебинад, ӯро дар зиндагӣ тағйиротҳои мусоид ё саёҳати аҷиб интизор аст.

Ҷанг

Ҷанг дар хоб нишонаи он аст, ки нархи маҳсулот қимат мешавад. Рафту дар хоб сокинони шаҳр байни худ ҷанг мекарда бошанд, ин маънои онро дорад, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло меравад.

Ҷангал

Дар хоб дар ҷангал қарор доштан нишонаи пешравӣ ва беҳбудӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш дар ҷангал роҳгум мезанад, бемории ошкорнашуда дорад.

Ҷаноза, дафн

Агар нафаре хоб бубинад, ки майитеро ҷаноза мекунад, он нафар ба хотири Оллоҳи бузург бо баъзе нафарон аҳди бародарӣ мебандад. Нафаре, ки дар хоб худро дар тобут ва мардони тобутбарандаро мебинад, ба қудрат мерасад ва нафарони зиёде мутеи ӯ мегарданд. Рафту издиҳоми ҷамъомада барои марги ӯ ашк мерехта бошанд, охири умраш осудаҳолӣ мебинад, агар издиҳом ашк намерехта бошанд, осудагиро намебинад. Дафну ҷаноза маънои бо касе пеш аз сафар хайрухуш карданро дорад. Баъзан дар хобе, ки инсон худро дар тобут мебинад, маънои онро дорад, ки шахси хобдида бо нафаре шинос мешаваду он нафар ба ӯ кӯмаки молиявӣ мерасонад. Агар тобутро касе намебардошта бошад, инсон ба маҳбас меафтад. Хоб дидани тобут дар даруни бозор маънои бо роҳи фиреб пул ба даст овардан аст, ба қабристон бурдани тобут дар зиндагӣ ростқавл буданро маънидод мекунад. Дар хоб бурдани тобут бо майит боигарӣ ва афзудани обрӯву нуфузро пешгӯӣ мекунад.

Ҷароҳат

Нафаре, ки дар хоб шахсеро захмӣ месозаду аз ҷароҳат хун ҷорӣ намегардад, он нафарро бадном месозад. Дар бадани худ захму яраву наракҳои зиёдро хоб дидан маънои ба даст овардани боигарӣ аст. Ҳар чизи иловагие, ки дар хоб дар бадан пайдо мешавад, нишонаи боигарӣ аст.

Ҷарроҳ

Ҷарроҳ дар хоб нафаре аст, ки одамонро ба меҳрубонӣ ва осудагӣ даъват мекунад.

Ҷашн, маърака

Ҷашну маърака дар хоб нишонаи пешравию дастовард дар зиндагӣ аст.

Ҷигар

Дар хоб ба ҷигари хом нигоҳ кардану акси худро дар он дидан нишонаи марги бармаҳал аст. Шахсе, ки ҷигари бирён ё обпазро хоб мебинад, хазина меёбад. Хоб дидани ҷароҳат ё яра дар ҷигар нишонаи ошиқ шуданро дорад.

Ҷин, арвоҳ, азозил

Ҷину арвоҳ дар хоб таҷассумгари афроди ҳиллагаранд. Маънои чунин хоб дар он аст, ки ҷинҳо таҷассумгари ҳиллаву найранг ҳастанд. Рафту нафаре дар хобаш ба ҷин Қуръон омӯзад, сарварӣ ва ҳукмронӣ насибаш мегардад. Дар назди хонаи худ ҷинро хоб дидан, тавбаву қасам ё таҳқиру хорӣ аст. Агар ҷин дар даруни хона бошад, ин хоб маънои онро дорад, ки ба хонаатон дузд медарояд ё душманон ба шумо зарару зиён мерасонанд. Дар хоб ба ҷин мубаддал гаштан маънои онро дорад, ки шумо дар зиндагӣ ба доми ҳиллаву найранг, дасисаву фиреб афтидаед. Агар ҷин дар хоб бо ҷодугарӣ машғул бошад, маънои дар канори қувваҳои нопок қарор доштани шахси хобдида аст.

Ҷисм

Ҷисми солим ва пурқувват дар хоб дину имони қавӣ аст. Агар нафаре ҷисми худро фарбеҳ хоб бинад, пас ба лутфи Худо муяссар мегардад. Лоғарӣ дар хоб нишонаи камбағалӣ, норасоии пул ва бесаводӣ аст. Ҷисми сангин ё оҳанин нишонаи марг аст.

Ҷодугар, соҳир

Ҷодугар дар хоб нафареро таҷассум мекунад, ки бо фиреб машғул асту аз Худованд ношукрӣ мекунад. Ҳамзамон ҷодугар дар хоб нафаре аст, ки миёни одамон душманиву адоват ва низоъ меафрӯзад.

Ҷом, соғар, қадаҳ

Дар хоб дидани ҷоми пур аз ҳомила гаштани зан дарак медиҳад.

Ҷорӯб

Аксаран ҷоруб хоб дидани инсон нишонаи аз байн рафтани нохушиҳо ва баргардонидани қарз аст. Дар баъзе хобномаҳои дигар ҷоруб дар хоб аз ғурбату муноқиша дарак медиҳад.

Ҷуворимакка

Ҷуворимакка дар хоб дороии бе сифат аст.

Ҷудоӣ

Дар хоб аз оилаи худ ҷудо шудану муносибатҳои хешу табориро қатъ намудан нишонаи гумроҳӣ аст.

Ҷумъа

Рӯзи ҷумъаро хоб дидан маънои онро дорад, ки мушкили инсон осон ва рӯзгораш бобаракат мегардад. Намози ҷумъа дар хоб нишонаи хушнудӣ, хушҳолӣ, ҷашну маърака ё дидор бо шахси дӯстдошта ва амалӣ гаштани орзуву умедҳои шахси хобдида аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Махдия 2023-05-27, 15:15
асалому алайкум дар хобам дидамки як зану як мардак бо се фарзандаш хонамон омада дара задан худам хуй накадам дара янама дар хобам файрот када гуфтам дара задесодан янам диду дара хуй кад хонамон ду этажа зандо руюм этаж бурда дар табак авкот бут тавба авкот дар назарам безеб тофт мардак дар хонай гари шинондем як таспехи сабз дар дасташ гудакояш дар дига хона хамашон чазир будан янахом дар як хонаи га шиштаги хандидесода будан хаминкадар мегумшон биен авкотшон бардорем не мегуянду механдан вайхо хаминкадар гушна мегум худам равам бардорам авкот лек янам бедорм мена Илтимос бген ин хоб чи мане дорад
Посух
Махфи 2023-07-22, 10:19
Дар хоб якеро jустан чи тадбир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Махдия 2023-05-27, 15:15
асалому алайкум дар хобам дидамки як зану як мардак бо се фарзандаш хонамон омада дара задан худам хуй накадам дара янама дар хобам файрот када гуфтам дара задесодан янам диду дара хуй кад хонамон ду этажа зандо руюм этаж бурда дар табак авкот бут тавба авкот дар назарам безеб тофт мардак дар хонай гари шинондем як таспехи сабз дар дасташ гудакояш дар дига хона хамашон чазир будан янахом дар як хонаи га шиштаги хандидесода будан хаминкадар мегумшон биен авкотшон бардорем не мегуянду механдан вайхо хаминкадар гушна мегум худам равам бардорам авкот лек янам бедорм мена Илтимос бген ин хоб чи мане дорад
Посух
Махфи 2023-07-22, 10:19
Дар хоб якеро jустан чи тадбир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД