Хамир
Хамир дар хоб боигарӣ ва насиба аз Оллоҳ аст. Ҳамзамон он ба зиёд гаштани насл ва ҳосили мева ишора мекунад. Нафаре, ки дар хоб хамир мешӯрад, дар бедорӣ маблағи пулӣ ба даст меораду барои оилаи худ сарф мекунад. Хамири зид расида нишонаи даромади зиёд ва фаврӣ аст.
Дафтар
Дафтар дар хоб ба фоидаи зиёд ва маблағи пулӣ ишора мекунад.
Паланг
Паланг дар хоб душмани пурзӯр ё кинагир аст ва нафаре, ки палангро мекушад, душмани худро мағлуб мегардад, шахсе, ки дар хобаш ба паланг мешинад, ҳокимият ба даст меорад. Ғурроси паланг дар хоб таҷассумгари шахси тамаъкор ва ҳарис аст.
Бофанда
Бофанда дар хоб нишонаи кори зиёд, эҳтимол кори сохтмон аст. Дар хоб бофтан аз сафар кардану муноқишаву низоъ дарак медиҳад.
Издиҳом, анбуҳ
Хоб дидани издиҳом ва анбуҳи одамон нишонаи душманони пинҳониву бадхоҳе аст, ки шахси хобдида нисбаташон эътимод дорад, вале аз ин тоифа зарар мебинад.
Ғарқшавӣ
Нафаре, ки дар хобаш ғарқ мешавад, ба санҷишу имтиҳони қисмат дучор мешавад ё гуноҳ содир мекунад. Чунин хоб ҳушдор аз Худованд аст, то ки шахси хобдида тавбаву истиғфор намояд. Барои шахси бе дин чунин хоб нишонаи он аст, ки бори дигар имкони ба Худованди бузург имон оварданро пайдо намудааст.
Табар
Табар дар хоб нишонаи ба даст овардани маблағи пулӣ аст.
Чармфурӯш
Чармфурӯш дар хоб нафари ҷанҷолӣ аст ва ҳар нафаре, ки чармфурӯшро хоб мебинад, бадбахтиву ташвиш ва беморӣ ба сараш меояд.
Тахтафурӯш
Хоб дидани нафаре, ки бо фурӯши чӯбу тахта машғул аст, таҷассумгари шахси дурӯяву дар дину имон мунофиқ аст.
Мевафурӯш
Мевафурӯш шахси дилпуре аст, ки амонат ва сиру асрори дигаронро маҳфуз нигоҳ медорад. Дар баъзе ҳолатҳо мевафурӯш дар хоб ба фарзанду зан, маблағ ва даромади пулӣ ишора мекунад.
Савдогар, фурӯшанда
Савдогар дар хоб ба даромади калон, фоида ва саёҳат ишора мекунад. Баъзан савдогар нишонаи бепарвоӣ зоҳир намудан дар фармудаҳои Худованд аз қабили Ҳаҷ, закот, рӯза ва намоз аст. Шахсе, ки худро дар ҳоли савдо кардан хоб мебинад, пас ҳунари тиҷорат кардан дорад. Фурӯшандаи машрубот дар хоб аз вохӯрӣ бо нафаре ҳушдор месозад, ки одамонро ба амалҳои номатлуб роҳнамо месозад. Хоб дидани шахси миёнарав дар кори савдо нишонаи вохӯрӣ бо нафаре аст, ки худро саховатманд вонамуд мекунад. Фурӯшандаи сангҳои қиматбаҳо дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси олиҳиммат дарак медиҳад.
Ҷашн, маърака
Ҷашну маърака дар хоб нишонаи пешравию дастовард дар зиндагӣ аст.
Қайроқ
Нафаре, ки дар хоб қайроқ ба даст гирифта, чизеро тез мекунад, робитаашро бо ошиқи пешинааш барқарор месозад.
Сабза
Дар хоб дидани замини беалафе, ки дар он алафи номаълум рӯидааст, далолат аз он аст, ки бо соҳиби ин мавзеъ муносибатҳои хешутаборӣ барқарор мешавад. Алафи сабз нишонаи имони мустаҳкам аст. Дар хоб сабзаро ба дасти худ гирифтан далели серҳосил омадани сол аст. Шахси камбизоате, ки худро миёни сабзазор хоб мебинад, сарватманд мегардад. Алафҳои ҳархела дар хоб нишонаи ноустуворӣ аст.
Туман
Туман дар хоб таҷассумгари илму дониш ва дини ислом аст, ба шарте ки тумани сиёҳу шамолдор набошад. Рафту туман дар хоб даҳшатнок бошад, дар корҳои диниву дунёии шахси хобдида мушкиливу чигил сар мезанад.
Нақб
Дар хоб вориди нақб шудан нишонаи ба доми макру ҳилла афтидану фиреб хӯрдан аст. Шахсе, ки дар дохили нақб об пайдо мекунад, бар зидди дигарон макру ҳилла пеш гирифта, фиреб мекунад. Ба тунел ворид гаштану равшаниро надидан, нишонаи он аст, ки ба хонаи шахси чунин хобдида дузд медарояд ва тамоми моли қимматбаҳоро медуздад. Дар дохили нақб намоз гузоридан нишонаи баргардонидани моли дуздидашуда аст.
Тут
Тут дар хоб даромади зиёду фоиданок аст.
Кибр
Кибру ғурур дар хоб аз наздик омадани рӯзи марг далолат медиҳад. Баъзан ин нишонаи беадолатӣ ва фарҷоми бади зиндагӣ аст.
Каду
Шахси бемор каду хоб бинад, шифо меёбад. Каду дар хоб нишонаи рафъи мушкилот ва аз худ сохтани илму дониши даркорӣ аст. Ҳар қадаре дар хоб хӯроки кадугӣ зиёд истеъмол карда шавад, ҳамон андоза инсон илму дониши зиёд аз худ мекунад.
Маҳбас
Нафаре, ки дар хоб аз маҳбас мегурезад, аз беморӣ раҳо меёбад. Шахсе, ки худро бо дастони баста дар зиндон хоб мебинад, дучори нохушӣ мегардад, худро дар маҳбас парешону ранҷур хоб дидан далолати он аст, ки шахси хобдида хушиву хурсандиро ба наздикӣ намебинад. Шахси бемор ё ғамгин аз маҳбаси ношинос ё хонаи танг берун шавад, дар бедорӣ дардаш сабук мегардад. Нафаре, ки дар хоб ба маҳбас меафтад, дар бедорӣ бемору андуҳгин мегардад. Баъзе уламо бар онанд, ки худро дар маҳбас хоб дидан нишонаи дарозумрӣ аст.
Куштор
Нафаре, ки дар хобаш одам мекушад, дар бедорӣ даст ба гуноҳи азим мезанад. Дар хоб нафареро ба қатл расонидан маънои онро дорад, ки шахси қатлшуда аз қотил фоида ба даст меорад. Дар хоб қатл шудан бурдборӣ ба даст оварданро маънидод мекунад. Баъзе уламо бар онанд, ки куштори инсон дар хоб нишонаи аз як бадбахтӣ раҳо шудану ба дигараш гирифтор шудан аст.
Ангиштсанг
Ангиштсанг дар хоб аз вохӯрӣ бо нафари хатарнок ё ба даст овардани пули бо роҳи гуноҳ ба даст овардашуда далолат медиҳад.
Таҳдид
Аз нафаре дар хоб таҳдид шунидан маънои нотарсӣ ва ба касе итоат накардан аст.
Шибит
Шибит дар хоб нишонаи таърифу тавсиф шуниданро дорад.
Сирко
Сирко дар хоб боигарӣ, худотарсӣ, баракат, дарозумрӣ ва нигоҳ доштани ҳадди эътидол дар дилхушиву сурур аст. Ҳамзамон истеъмоли нону сирко дар хоб таҷассумгари хушнудӣ аст.
Занбӯрхона
Занбӯрхона дар хоб нишонаи издивоҷ асту асал боигарӣ.
Кӯча
Кӯча дар хоб ташвишу изтироб ва мушкилот аст.