Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Т
151245

Табар

Табар дар хоб нишонаи ба даст овардани маблағи пулӣ аст.

Табассум

Табассум дар хоб ба хушҳолӣ, беҳбудӣ ва риоя намудани суннатҳо ишора мекунад, зеро хандаи Паёмбар аз табассум бештар намешуд.

Тавба

Тавба кардан дар хоб нишонаи наҷотёбӣ, хушбахтӣ ва муҳаббати Оллоҳ ба шахси тавбакунанда аст.

Танга, пул

Хоб дидани тангаҳои тиллоӣ зиёда аз чор адад хуб нест. Нафаре, ки дар хобаш тангаҳои тиллоиро ба даст меорад, сухани нохуш мешунавад. Рафту тангаҳои тиллоӣ дар хоб аз чор адад камтар бошад, он фарзандон аст. Тангаҳои нуқрагин таъбири гуногун доранд, ки ба мавқеи одамон вобастагӣ дорад. Барои нафаре хоб дидани тангаҳои нуқрагин баъд аз мушкиливу музокира ба осудагӣ расидан асту барои баъзеҳо чунин хоб аз муоширати гуворо шаҳодат медиҳад.

Тангаҳои қалбакӣ дар хоб қабеҳгӯӣ ва баддаҳонӣ асту баҳсу мунозира. Дар хоб аз дасти нафаре тангаи нуқрагин гирифтан маънои онро дорад, ки ин нафар сиру асрори худро ба шумо фош месозад ва агар дар хоб шумо ба касе танга диҳед, сири худро ба ин шахс боз мекунед. Баъзеҳо бар онанд, ки дар хоб дидани пул аз ҳодисаҳои ногувор, ташвиш ва изтироб ҳушдор месозад. Дар хоб аз нафаре пул гирифтан бо наздикон, шиносҳо ё ҳамкорон муноқиша карданро маънидод мекунад.

Табақча

Шахсе, ки табақча хоб мебинад, ба хонааш меҳмонони олиқадр меоянд.

Табларза

Дар хоб худро дар ҳоли табларза дидан, аз қарз халос шудан аст, зеро дар ҳадис гуфта мешавад, ки табларза гуноҳҳои инсонро пок месозад. Баъзан табларза дар хоб ба маънои амалӣ гаштани қавлу ваъда аст. Баъзе олимони таъбиргари хоб бар онанд, ки табларза дар хоб ягон нишонаи нек надошта, рамзи марг аст. Боз мегӯянд, ки агар нафаре дар хобаш табларзаи сахтро эҳсос намояд, барои гуноҳ содир накардан истодагарӣ мекунад.

Талоқ

Марде, ки дар хоб зани худро талоқ медиҳад, дар бедорӣ дороӣ ба даст меорад.

Тарбуз

Тарбуз ҳомиладории занро барои зан ва издивоҷро барои духтарон пешгӯӣ мекунад. Рафту инсон дар хобаш дасташро ба осмон дароз кардаву тарбуз мехурда бошад, ба наздикӣ ба орзуи дилаш мерасад. Тарбузи зард беморӣ асту тарбузи сабз молу мулк. Ба хонаи худ партофтани тарбуз аз марги наздикон дарак медиҳад.

Тарозу

Тарозу дар хоб ба имон, адолат ва бовиҷдонӣ ишора мекунад. Дар тарозу баркашидани пул маънои зиндагии бешарафона ва нодуруст ба сар бурдан аст.

Таҳдид

Аз нафаре дар хоб таҳдид шунидан маънои нотарсӣ ва ба касе итоат накардан аст.

Таҳқир

Таҳқир дар хоб нишонаи камбағалӣ, зихнагӣ ва заифии имон аст.

Таъна

Дар хоб таъна шунидан маънои дар бедорӣ пушаймон шуданро дорад.

Ташвиши рӯзгор

Ташвиши рӯзгор дар хоб дилхушӣ, бозӣ, хастагӣ ва бадбахтӣ аст ва дар баъзе ҳолатҳо ба зан, боигарӣ ва кӯдакон ишора мекунад.

Тахтапушт

Дарди тахтапушт дар хоб нишонаи муфлисшавӣ, пирӣ ва фартутшавӣ аст. Тахтапушти дӯсти худро хоб дидан, маънои аз ӯ ҷудо шуданро дорад. Тахтапушти душман дар хоб нишонаи наҷот ёфтан аз бадбахтие аст, ки ӯ эҷод намудааст. Тахтапушти духтар маънои хеле дер амалӣ шудани орзуҳо асту тахтапушти зан душвориҳои зиндагӣ, тахтапушти пиразан дар хоб ҳушдор аз он аст, ки ҳаёт гузарон аст.

Тахтафурӯш

Хоб дидани нафаре, ки бо фурӯши чӯбу тахта машғул аст, таҷассумгари шахси дурӯяву дар дину имон мунофиқ аст.

 

Таҳдид

Таҳдид дар хоб ба зулмот ва нобудшавии манзил ишора мекунад. Агар ба нафаре таҳдид карда бошеду он шахс дар хобатон аз Оллоҳ бароятон ҷазо талаб намоял, аз ҷазои Худованд эҳтиёт шавед.

Таяммум

Анҷом додани таяммум дар хоб аз сафар кардан ё сар задани беморие дарак медиҳад, ки шахси хобдидаро ба таяммум кардан водор месозад.

Ташнагӣ

Дар хоб ташна мондан ишора ба камбағалӣ, суст шудани кори тиҷорат аст ва боз он маънои ёд кардани шахсеро дорад, ки ба роҳи дур сафар кардааст. Оби соф нӯшидан дар хоб нишонаи саломатӣ ва хушбахтӣ асту оби тира маънои бемор шудану сар задани муноқишаро дорад.

Ташнагӣ шикастан

Баъди ташнагии зиёд об нӯшидан дар хоб нишонаи аз душвориҳо раҳо ёфтан, баъди нодорӣ сарватманд шудан ва илму дониш аз худ карданро маънидод мекунад. Обёрӣ ва обдиҳӣ дар хоб мустаҳкамии имон, ростқавлӣ ва росткорӣ дар зиндагӣ аст.

Теппа, адир

Теппаву адир дар хоб ҳамчун илму дониши ба даст овардашуда таъбир мегардад. Адири пурсабза дар хоб нишонаи аъмоли нек ва худотарсии шахси хобдида аст. Шахсе, ки дар болои адир истода, назди одамон гап мезанад ё азон мехонад, обрӯву нуфузаш афзун гашта, пуштибон пайдо месозад.

Тилло

Тилло дар хоби зан нишонаи хурсандӣ, молу мулки иллоҳӣ ва рафъ гардидани ғаму ташвиш аст. Мард агар тилло хоб бубинад, нишонаи мусибату фалокат, ғаму андуҳ ва зиёну зарар аст. Агар шахсе дар хобатон ба шумо тилло диҳад ё тилло ёбед, дороии худро аз даст медиҳед. Об кардани тилло дар хоб шаҳодати он аст, ки бо сабаби амалҳои ношоиста муноқиша сар мезанад. Заргарро хоб дидан далолат аз вохӯрӣ бо шахси фиребгар ва қаллоб аст. Хонаи аз хишти тиллоӣ сохташуда дар хоб маънои онро дорад, ки дар хона сӯхтор сар мезанад.

Тимсоҳ

Тимсоҳ дар хоб душман аст. Рафту тимсоҳ хоб бинед, дар бедорӣ бо савдогар ё корманди давлатие ҳамсуҳбат мешавед, ки хеле дурӯғгӯ аст. Тимсоҳро дар хоб куштан маънои онро дорад, ки дар оянда аз мушкилиҳои калоне мегурезед. Агар тимсоҳ шуморо ба даруни об кашида барад, эҳтимол шуморо пулис дастгир мекунад.

Тир, тирпарронӣ

Дар хоб тир паррондан нишонаи исбот намудани ҳақиқат ба нафаре аст. Агар тир ба ҳадаф расида бошад, ҳақиқат собит мегардад, дар акси ҳол ҳақиқат собит намегардад. Бо тири нуқрагин паррондан ба зане мактуб навиштанро маънидод мекунад.

Титав, мурғи даштӣ

Мурғи даштӣ дар хоб ҳамчун зани зебо таъбир мегардад. Гӯшти титав дар хоб маблағе аст, ки ба зан тааллуқ дорад. Ҳамзамон мурғи даштӣ дар хоб нафаре аст, ки ба ӯ эътимод бастан номумкин аст.

Тифл, кӯдак

Хоб дидани тифли ширхора нишонаи ташвишу изтироб, заифӣ ва хастагӣ аз туҳмати ҷоҳилон аст. Тифлаки ба воя расида дар хоб хабари хуш аст. Тифли бемор дар хоб нохушӣ аст, тифли солим бошад, нишонаи хушбахтӣ ва аз мушкилӣ раҳо шудан. Тифлеро дар даст қапидан аз афзун гаштани дороӣ дарак медиҳад. Дар хоб соҳиби тифл шудан дар бедорӣ зиёд шудани ташвишу тараддуд аст. Шахсе, ки дар хобаш тифлеро Қуръон меомӯзад, барои гуноҳҳои содирнамудаи худ сидқан пушаймон гаштааст.

Товус

Марде, ки товус хоб мебинад, бо зани бою сарватманд издивоҷ мекунад.

Тоҷ

Тоҷ дар хоби мард нишонаи ба иззату икром расиданро дораду дар хоби зан аз шавҳар карданаш дарак медиҳад.

Торикӣ, зулмат

Торикиву зулмат дар хоб нишонаи иштибоҳ, гумроҳӣ, саргарангӣ ва фишор аст.

Тӯй, зиёфат

Ширкат варзидан дар тӯй нишонаи ба даст овардани маблағи пулӣ ва рафъ гардидани ташвишу ғаму андуҳ аст.

Туман

Туман дар хоб таҷассумгари илму дониш ва дини ислом аст, ба шарте ки тумани сиёҳу шамолдор набошад. Рафту туман дар хоб даҳшатнок бошад, дар корҳои диниву дунёии шахси хобдида мушкиливу чигил сар мезанад.

Тӯр

Тӯр дар хоб нишонаи ташвишҳои иловагӣ аст. Рафту сафаракӣ дар даст тӯр хоб бинад, нишонаи он аст, ки рӯзҳои наздик ба хона бармегардад.

Тут

Тут дар хоб даромади зиёду фоиданок аст.

Тӯфон

Тӯфон, гирдбод дар хоб аз сар задани садама ё ҳодисаи ногувору нохуш дарак медиҳад.

Тухм

Тухм дар хоб ҳамчун зан таъбир мегардад. Рафту тухм дар даруни зарф бошад, ҳамчун духтар таъбир мегардад. Нафаре, ки дар дасти худ тухми обпаз хоб мебинад, корҳояш агар мушкилу ҳалнашаванда бошанд, рафъ гардида, рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Дар хоб истеъмол кардани тухми обпазу бирён нишонаи боигарӣ аст. Тухми хомро дар хоб истеъмол намудан нишонаи ба даст овардани пули ҳаром аст. Мурғи нафаре, ки дар хоб тухм мекунад, соҳиби фарзанд мешавад. Тухми обпази аз пучоқ тозакардашуда дар хоб таҷассумгари ғизои солим аст, рафту шахси хобдида тухми хом тановул намояд, дороияшро бо роҳи ҳаром ба даст овардааст ё ташвише ба сараш омада, ба кори нодуруст даст мезанад. Марде, ки дар хобаш тухм мешиканад, зан мегирад, агар тухмро шикаста натавонад, зани шавҳардида мегирад. Агар мард дар хобаш бо даст тухмро занад ва завҷаи ҳомила дошта бошад, занаш исқоти ҳамл мекунад. Рафту мард тухми бисёр хоб бинад, пас соҳиби дороӣ ва молу мулки зиёде аст, ки аз вайрон шуданаш ҳарос дорад. Тухми обпаз дар хоб маънои бартараф гаштани кори тулкашидаву печидаро дорад. Тухми турна дар хоб таҷассумгари тифли бадбахт аст. Тухми тутӣ дар хоб духтари парҳезгор аст. Ба зане, ки дар хобаш тухм медиҳанд, соҳиби писари бошараф мегардад. Агар тухм шиканад, тифл вафот мекунад. Тухми бисёр дар хоб шаҳодати ғаму андуҳ асту дар аксари ҳолатҳо ба корҳои пинҳонӣ ишора мекунад. Тухми калон дар хоб шаҳодати писар асту тухми хурд ҳамчун духтар таъбир мегардад.

Тухмӣ

Тухмӣ дар хоб насли хубу нек аст. Ҳамзамон он маблағе аст, ки бо роҳи ҳалол ба даст оварда шудааст. Дар хоб ба замини корам тухмӣ пошидан ва қад кашидану сабз шудани онро назора намудан ба иззату икром расидан ва аз бадбахтӣ раҳо гаштанро маънидод мекунад.

Туҳмат

Туҳмат дар хоб кам шудани файзу баракат аст. Дар хоб туҳмат кардани як нафар нишонаи ба туҳмат дучор шудани шахси туҳматкун аст.

Туҳфа

Туҳфа дар хоб ба хушнудӣ, муҳаббат, таваҷҷуҳ ва оштӣ шудани нафарони бо ҳам душману ҷангӣ ишора мекунад.

Туф, оби даҳон, балғам

Туф дар хоб нишонаи ҷодугарӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш балғам туф мекунад, дар бедорӣ шифо ёфта, ҳолаш беҳ мегардад. Оби даҳон туф кардан дар хоб маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар сухани кардаи худ устувор намеистад. Шахсе, ки дар хобаш туф мекунад, суханони номатлуб ба забон меорад, рафту туф бо хун ё балғам омехта бошад, суханеро ба забон меорад, ки гуфтанаш манъ аст ё ба амали нораво даст мезанад. Дар хоб ҷониби нафаре туф кардан нишонаи он шахсро бадном карданро дорад. Хушк шудани туфро хоб дидан нишонаи муфлис шудан аст. Дар хоб ба замин туф кардан далели он аст, ки шахси чунин хобдида рӯзҳои наздик қитъаи замин харидорӣ мекунад. Шахсе, ки дар хобаш ба дарахт туф мекунад, ба ваъдаи худ вафо намекунад. Дар хоб ба девор туф кардан маънои аз даст додани тамоми молу амвол аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Иброхим 2023-03-28, 12:08
Хоб дидам лабонам Пури табхол
Посух
Махваш 2023-05-07, 13:52
Салом. Хоб дидам ки туфли сурхи занонаро ором медихему тухфа мекунем
Посух
Мавзуна 2023-06-03, 01:31
Дар хобам дидам ки ба ман куръон туҳфа кардан илтимос маънеша гуед
Посух
Мухаммад 2023-06-22, 10:01
Туйи худро дар хоб дидан
Посух
Дилором 2023-08-01, 04:01
Ман духтарча дорам 2 сола хоб дидам ки духтапрам я то сангро ба дахон мегирад ва туф мекунад хама дарунаш пури санг шудааст ва сангро мепартояд
Посух
Ансор 2023-08-30, 18:20
Дар хоб дидани фасли тирамох
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Иброхим 2023-03-28, 12:08
Хоб дидам лабонам Пури табхол
Посух
Махваш 2023-05-07, 13:52
Салом. Хоб дидам ки туфли сурхи занонаро ором медихему тухфа мекунем
Посух
Мавзуна 2023-06-03, 01:31
Дар хобам дидам ки ба ман куръон туҳфа кардан илтимос маънеша гуед
Посух
Мухаммад 2023-06-22, 10:01
Туйи худро дар хоб дидан
Посух
Дилором 2023-08-01, 04:01
Ман духтарча дорам 2 сола хоб дидам ки духтапрам я то сангро ба дахон мегирад ва туф мекунад хама дарунаш пури санг шудааст ва сангро мепартояд
Посух
Ансор 2023-08-30, 18:20
Дар хоб дидани фасли тирамох
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД