Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи С
140090

Сабиқаи тилло

Сабиқаи тилло дар хоб нишонаи муфлисӣ ё ғазаби ҳокимон аст. Нафаре, ки дар хоб тилло ва нуқра об мекунад, одамон дар борааш бадгӯиву ғайбат мекунанд. Сабиқаи нуқрагин дар хоб некӣ аст. Марде, ки нуқра ба даст меорад, соҳиби зани зебо мешавад.

Сабзӣ

Дар хоб дидани сабзӣ нишонаи андуҳ аст, дар даст қапидани сабзӣ бошад аз осон шудани мушкиле дарак медиҳад. Дар хоб истеъмол кардани сабзӣ нишонаи бурдборӣ ва муваффақият дар корҳо аст.

 

Сабзавот

Сабзавот дар хоб нишонаи бо заҳмату меҳнати зиёд ба даст овардани насибаи ночиз аст.

 

Саг

Саг дар хоб шахси беақлу бе ирода ё нафаре аст, ки бо шахси хобдида дар низоъ асту баъдан оштӣ мешавад. Нафаре, ки аккоси сагро дар хобаш мешунавад, аз шахси бетамиз ҳарфи бад мешунавад. Cаги шикорӣ дар хоб бузургӣ, қадру манзалат ва боигарӣ аст. Шири саги модаро дар хоб истеъмол кардан маънои дар бедорӣ сахт тарсиданро дорад. Нафареро, ки дар хоб саг мегазад, қурбони фитнаи нафаре мегардад. Саги девона дар хоб душмани оштинопазир аст.

Сагбача

Сагбача дар хоб тифли дӯстдошта аст. Ҳамзамон сагбача ҳамчун писари нохалаф таъбир мегардад. Сагбачаи сиёҳ маънои онро дорад, ки шахси хобдида дар оила ҳукми хуҷаинӣ дорад, сагбачаи сафед бошад, имони шахси хобдида аст.

Сағирагӣ

Сағирагӣ дар хоб нишонаи кам шудани қадру манзалат аст. Нафаре, ки худро сағира хоб мебинад, дар бедорӣ ба коре маҷбур карда мешавад.

Сабр

Сабр дар хоб бузургиву хабари хуш аст. Баъзан сабр ҳамчун фарҷоми неки коре аст, ки шахси хобдида аз он дар ташвиш аст.

Сабза

Дар хоб дидани замини беалафе, ки дар он алафи номаълум рӯидааст, далолат аз он аст, ки бо соҳиби ин мавзеъ муносибатҳои хешутаборӣ барқарор мешавад. Алафи сабз нишонаи имони мустаҳкам аст. Дар хоб сабзаро ба дасти худ гирифтан далели серҳосил омадани сол аст. Шахси камбизоате, ки худро миёни сабзазор хоб мебинад, сарватманд мегардад. Алафҳои ҳархела дар хоб нишонаи ноустуворӣ аст.

Савдогар, фурӯшанда

Савдогар дар хоб ба даромади калон, фоида ва саёҳат ишора мекунад. Баъзан савдогар нишонаи бепарвоӣ зоҳир намудан дар фармудаҳои Худованд аз қабили Ҳаҷ, закот, рӯза ва намоз аст. Шахсе, ки худро дар ҳоли савдо кардан хоб мебинад, пас ҳунари тиҷорат кардан дорад. Фурӯшандаи машрубот дар хоб аз вохӯрӣ бо нафаре ҳушдор месозад, ки одамонро ба амалҳои номатлуб роҳнамо месозад. Хоб дидани шахси миёнарав дар кори савдо нишонаи вохӯрӣ бо нафаре аст, ки худро саховатманд вонамуд мекунад. Фурӯшандаи сангҳои қиматбаҳо дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси олиҳиммат дарак медиҳад.

Садақа

Садақа дар хоб нишонаи аз бадбахтиву санҷиш эмин мондан, шифо ёфтани шахси бемор, лутфи Оллоҳ, инчунин ба даст овардани дороӣ аст.

Садо

Дар хоб садо шунидан нишонаи маъруфият ва бузургӣ аст, ҳар қадаре садо баланд бошад, ҳамон андоза шаъну шараф меафзояд. Агар нафаре дар хоб садои худро баланд шунавад, нисбати нафарони гунаҳкор иқтидор пайдо мекунад. Шунидани садои паст дар хоб ба тарсончакиву беҷуръатӣ ишора мекунаду садои тамоман паст нишонаи хоксорӣ аст. Садои нофорам шунидан шаҳодат аз ташвишу бадбахтӣ буда, садои форам хурсандӣ ва сурур аст.

Сайёҳат, сафар

Агар шахси нодоре худро дар сафар хоб бинад, сарватманд мегардад. Нафаре, ки дар хобаш ба сафар мебарояд, аз як вазъият ба вазъияти дигар мегузарад. Баъзан хобе, ки дар он аз сафар бармегарданд, нишонаи аз гуноҳҳои худ тавба кардан, аз гуноҳ худдорӣ намудан ва ниёзҳои худро ҳосил намудан аст. Рафту шахси бемор хоб бинад, ки ба роҳи дур ё мавзеи ношинос баромадааст, ин нишонаи марги инсон аст. Ҳамзамон сафару саёҳат дар хоб ҳамчун душворӣ ва машаққат таъбир мегардад. Яъне, саёҳат дар хоб аз тағйиротҳои бузург огаҳӣ месозад.

Салла

Салла дар хоб таҷассумгари тоҷ, бузургӣ, нерӯ ва қудрати инсон аст. Марде, ки дар сари худ саллаи тиллоӣ хоб мебинад, дар бедорӣ аз занаш ҷудо мешавад ё шуҳрату боигариро аз даст медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш салла мебандад, бузургиву ҳашаматаш зиёд мегардад. Таъбири дигари пӯшидани салла дар хоб шаҳодати рӯзҳои наздик ба саёҳат баромаданро дорад.

Салиб

Салиб дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва бадӣ аст.

Санг

Санг дар хоб ба маънои афроди дағал, фориғбол, ҷоҳил, беҳавсала меояд. Рафту шахси камбағал хоб бинад, ки бо чӯб ба санге мезанаду аз он санг об мешорад, сарватманд мегардад, рафту шахси сарватманд чунин хоб бинад, сарваташ дучанд мегардад. Шахсе, ки дар хобаш дар даст санг меқапад, хислати душвор дорад. Дар хоб афтидани санг ба мавзеи шинос шаҳодат аз он аст, ки дар ин мавзеъ фоҷиа ва ҳатто куштор сар мезанад. Хоб дидани тӯдаи санг маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дучори ҷаҳолат, дағалӣ ва фориғболӣ мегардад. Дар хоб ба санг мубаддал гаштан маънои бераҳм ва дағал гаштани инсонро дорад. Дар баъзе ҳолатҳо агар шахси чунин хобдида бемори вазнин бошад, вафот мекунад. Сангча дар хоб боигарӣ аст.

Сангзанӣ

Дар хоб нафареро санг задан, нишонаи ин нафарро таҳқир карданро дорад. Ҳамзамон сангзанӣ дар хоб бо ҳақорату дашном рехтани обрӯи нафаре аст, рафту санг бо мақсади ҷазо додан зада шавад, пас шахсе, ки аз зарби санг лат мехӯрад, аз гуноҳ пок мешавад.

Сангпушт

Сангпушт дар хоб ҳамчун умри дарозу бобаракат таъбир мегардад. Истеъмол намудани гӯшти сангпушт нишонаи аз худ намудани илму дониш ё ба даст овардани маблағи пулӣ аст.

Сандуқ

Сандуқи пур дар хоб нишонаи боигариву пешравӣ асту сандуқи холӣ ҳамчун бадбахтиву мушкилот таъбир мегардад.

Санҷоб

Агар мард дар хобаш санҷобро бубинад, бо зани дурӯя шинос мешавад. Рафту зан санҷобро хоб бинад, ба доми марди баду худхоҳ меафтад.

Санҷит

Санҷит дар хоб нафаре аст, ки мавриди таҳсини одамон қарор гирифтааст. Меваи санҷити куҳӣ барои нафарони ботақво мустаҳкамии имон, хушахлоқӣ ва хайру баракат аст.

Сарватмандӣ, дороӣ

Мард агар дар хоб худро доро бубинад, зан мегирад ва амалҳои нек ба анҷом мерасонад.

Сар задан

Шахси пурташвишу ғамгин дар хоб сари худро бурида бинад, аз ғаму ташвиш раҳо мегардад, агар қарздор бошад, онро пардохт мекунад, агар шахсеро, ки сари ӯро буридааст, мешинохта бошад, аз ӯ некии зиёде мебинад.

Сар, калла

Дар хоб дидани каллаи калон ишора ба болоравии обрӯву нуфуз асту каллаи хурд ба камшавӣ. Агар нафаре дар хоб худро дар назди дигарон бо сари хам бубинад, гуноҳе содир кардаасту пушаймон гаштааст. Нафаре, ки дар хоб сари худро ба сари хар мубаддалёфта мебинад, ин маънои онро дорад, ки дар масҷид пеш аз имом сари худро аз саҷда бардоштааст ва ҷоҳил аст.

Саргарангӣ

Саргарангӣ дар хоб нишонаи бепарвоӣ ва ба роҳи шайтонӣ рафтан аст.

 

Сарчархзанӣ

Чарх задани сар дар хоб нишонаи гуноҳи азим содир кардану эҳтиёҷ ба тавбаву тазарруъ доштан аст.

Саргаҳи дарё

Саргаҳи дарё дар хоб лутфу эҳсони Оллоҳ, хайру баракат аст.

Сардӣ

Агар инсон дар хоб сардиро эҳсос намуда, хунук хӯрад, нишонаи камбағалӣ ё бадбахтии дигаре аст. Нафаре, ки дар хобаш аз сардии ҷойҳои соягӣ хунук хурда, гармии офтобро эҳсос мекунад, нодорияш хотима меёбад, рафту аз гармии офтоби сӯзон ба ҷойи соягӣ панаҳ бубарад, аз ғаму андуҳ раҳо меёбад. Дар хоб ба обе даст занед, ки он об баъдан ях бандад, нишонаи сарвати бе интиҳо аст. Рафту дар хоб сардӣ ба шахси хобдида ягон зиён нарасонад, нишонаи нек аст.

Сароб (мираж)

Сароб дар хоб кори дурӯғ ва бефоидае аст, ки ба анҷом намерасад. Нафаре, ки сароб хоб бинаду дар зиндагӣ мақсаде дошта бошад, ба ҳадафи худ ноил намегардад.

Сарроф, банкир

Корманди банк дар хоб олими донишмандест, ки аз ӯ барои дин ва охират фоидае нест.

Сартарош

Сартарош дар хоб ҳамчун ҳоким, олим, судя, доктор ва нафароне таъбир мегардад, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳим сару кор доранд. Дар хоб дидани сартароше, ки бо ҳиҷомакунӣ машғул аст, барои марди муҷаррад ҳамчун издивоҷ таъбир мегардад. Ҳамзамон сартарош дар хоб нишонаи рафъ гардидани ташвишу андуҳ ва бемориҳо аст.

Шахсе, ки дар хобаш бо сартарошӣ машғул мешавад, атрофиёнро дӯст медорад ва ҳамеша омода аст, ки дасти мадад дароз кунад. Фарди дигареро ҳангоми сартарошӣ хоб дидан далолати он аст, ки дар зиндагӣ бо шахсе вомехӯред, ки дӯстдори ҳақиқат аст ва дигаронро ба дӯстиву рафоқат талқин менамояд. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, худ низ дорои сифатҳои мазкур буда метавонад.

Сатил

Нафаре, ки дар хоб танҳо барои худ об мегирад, ҳама корро ба фоидаи худ ба анҷом мерасонад. Агар мард дар хобаш ба сатил об гирад, завҷааш писар таваллуд мекунад, рафту занаш ҳомила набошад, рӯзе ҳатман соҳиби писар мешаванд.

Саховатмандӣ

Нафаре, ки дар хобаш хайру сахо мекунад, дар бедорӣ хушбахтиву беҳбудӣ насибаш мегардад.

Сачоқ

Сачоқи тоза дар хоб аз шиносоӣ бо шахсони хуб далолат медиҳад. Сачоқи ифлос ҳушдор аз он аст, ки наздикон шуморо фиреб медиҳанд.

Сафедӣ, рангпаридагӣ

Ҳар нафаре, ки дар хоб рухсораи худро бо ранги парида бубинад, ба бузургӣ мерасад.

Себ

Себ дар хоб ҳамчун касбу кор, музди меҳнат ва ташвишҳое таъбир мегардад, ки инсон бартараф кардан мехоҳад. Барои савдогар себ тиҷорат асту барои деҳқон замин. Нафаре, ки дар хобаш себ ба даст оварда, истеъмол мекунад, дучори ташвишҳо мегардад. Себи ширин ҳамчун маблағи пулии бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда таъбир мегардаду себи турш нишонаи даст ба гуноҳ задан аст. Чидани себ дар хоб маънои аз шахси наҷиб маблағ ва миннатдорӣ ба даст оварданро дорад. Миқдори начандон зиёди себҳо дар хоб нишонаи ба даст овардани каме маблағ аст. Марде, ки дар хобаш дар масҷид бӯйи себро ҳис мекунад, барои худ завҷа меёбад. Зан агар бӯйи себро дар ҷамъияти дигар одамон эҳсос намояд, обрӯву нуфуз ба даст меорад. Зане, ки дар хоб себ истеъмол мекунад, писари зебое ба дунё меорад. Дарахти себ ҳамчун шахси баимону ба халқ наздик таъбир мегардад. Дар хоб ниҳоли себ шинонидан маънои сари сағераеро сила карданро дорад.

Серкорӣ

Марде, ки дар хоб худро машғули коре мебинад, бо духтари бокира издивоҷ мекунад.

Сеҳру ҷоду, соҳирӣ

Сеҳру ҷоду дар хоб ошӯб ва фиреб аст. Нафаре, ки дар хобаш ҷодугарӣ мекунад, пас бо роҳи фиреб зану шавҳареро ҷудо мекунад.

Сикказанӣ

Асбоби сикказаниро дар дасти худ хоб дидан нишонаи хушҳолӣ, обрӯ ва ғолибият аст. Дар хоб дидани асбоби сикказанӣ дар дасти марди дигар далели дучор гаштан бо макру ҳиллаест, ки боиси хориву залилӣ мегардад. Асбоби сикказаниро дар дасти зане хоб дидан нишонаи бо роҳи макру фиреб пули бе дарди миён ба даст овардан аст. Устои сикказан дар хоб шахси ғайбатчӣ ва туҳматгар аст.

Сина, пистон

Синаи зебо дар хоб нишонаи он аст, ки шахси гунаҳкор пушаймон мешавад ва мушкилиҳо рафъ мегарданд. Ҷароҳат дар сина нишонаи ошиқист. Дард дар сина исрофкорӣ аст. Баъзе аз уламо мегӯянд, ки синаи васеъ дар хоб шаҳодат аз саховатмандӣ ва нармдилӣ аст. Агар чизеро дар синаи зан овезон хоб бинанд, ин зан ба зино роҳ медиҳад. Синаи калони зан дар хоб нишонаи бадахлоқии уст. Синаи ширдор аз сарватманд шудан ва тавлиди тифл дарак медиҳад. Ҳамзамон нишонаи сабурӣ ва ҳалимӣ аст.

Сипар

Сипар дар хоб таҷассумгари шиносоӣ аст. Сипари рангаш сафед дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси худотарс, сипари сурх бо шахси зиндадил ва сипари сиёҳ аз дидор бо шахси қудратманду сарватманд дарак медиҳад. Дар хоб қапидани сипар ё яроқи дигар нишонаи он аст, ки рӯзҳои наздик душманон ба шумо зарар расонида наметавонанд.

Сирко

Сирко дар хоб боигарӣ, худотарсӣ, баракат, дарозумрӣ ва нигоҳ доштани ҳадди эътидол дар дилхушиву сурур аст. Ҳамзамон истеъмоли нону сирко дар хоб таҷассумгари хушнудӣ аст.

Ситора, сайёра

Нафаре, ки дар хонаи худ ситораи бе ҷиллоро хоб мебинад, ба шахсиятҳои номдору муҳтарам бадбахтӣ мерасад. Дар хоб истеъмол кардани порае аз ситора аз дороии шахсиятҳои машҳур истифода бурданро маънидод мекунад. Агар ситораҳо якҷоя ҷамъ омада бошанд, шахси чунин хобдида бо нафарони соҳибвазифаву бомартаба ҳамнишин мегардад. Ба ҷое, ки ситора меафтад, ин мавзеъро бадбахтӣ интизор аст. Фарде, ки дар хобаш ситораро меқапад, соҳиби писари зебову азиз мегардад. Шахси сарватманд дар хобаш осмони бе ситораро хоб бинад, камбағал мешавад, шахси камбағал чунин хоб бинад, шаҳид мегардад. Ситораро дар рӯзи равшан хоб дидан маънои нохушиҳои зиёдро аз сар гузаронидан аст. Агар дар хоб ба сари нафаре ситора афтад, реҳлат менамояд ё пули зиёд қарз мегирад. Хоб дидани ситораҳои ҳаҷмашон якхела аз шунидани хабари хуш дарак медиҳад. Ситораҳои гуногунҳаҷм нишонаи сар задани муноқиша миёни аҳли хонавода аст.

Собун

Нафаре, ки дар хобаш бо собун либос мешӯяд, аз беморӣ шифо меёбад ё ташвишҳояш рафъ гашта, қарзашро бармегардонад. Собун дар хоб нишонаи рафъ гардидани ғаму андуҳ аст, зеро ифлосиро тоза мекунад, ифлосӣ бошад, ғаму ташвиш аст.

Соқи по

Соқи по дар хоб ин синну сол ва такягоҳи инсон аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки соқи пояшро боло кардаасту пойҳояш ба ҳам печидаанд, ин маънои онро дорад, ки умраш ба охир мерасад ва ӯро корҳои муҳим аз пеш аст. Рафту зан соқи пояшро луч кунад, имонаш қавитар мегардад. Ними боигарии нафаре, ки дар хоб бо як пой мепарад, гум мешавад. Мард дар хоб соқи пойи худро луч бубинад, нишонаи аз намоз дур шуданашро дорад.

Хоб дидани сӯзани риштадор маънидодкунандаи он аст, ки корҳои барҳамхӯрдаатон аз нав барқарор мегардад. Агар дар хоб сӯзане, ки бо он дӯзандагӣ мекунед, шикаста аз даст афтад, нақшаву корҳоятон низ халалдор гашта, анҷоми нек намеёбанд. Ҳамзамон сӯзан дар хоб завҷа аст ва марде, ки дар хобаш ба сӯзан ришта гузаронад, завҷааш итоаткор мешавад.

Соч, майна

Майна дар хоб аз робита бо нафари мазҳабиву худотарси лоғарандом хабардор месозад. Майна дар қафас аз ҳодисаҳои ногувор дарак медиҳад.

Сохтмон

Дар хоб дидани бинои нав нишонаи ободии рӯзгор ва фоида ба даст овардан аст. Баъзан сохтмон дар хоб ба маънои нафаре аст, ки оила бунёд намудан мехоҳад. Нафаре, ки дар хобаш дар шаҳр ё деҳа корҳои сохтмонӣ мекунад, дар бедорӣ оила бунёд месозад. Шахсе, ки дар шаҳр ё деҳае сохтмон мекунад, аз ҳамин мавзеъ барои худ зан меёбад. Баъзе таъбиргарони хоб бар онанд, ки маънои сохтмон дар хоб аз масолеҳи сохтмонӣ вобастагӣ дорад. Масалан, дар хоб аз каҳгил хона сохтани таъбири нек дораду сохтани хона аз хишти пухта ҳамчун бадбахтиву мусибат таъбир мегардад.

Соя

Соя дар хоб нишонаи дар бедорӣ даст ба аъмоли нодуруст задану дар дил аз ҷазои он тарс доштан аст. Шахсе, ки дар рӯзи гарми тобистон дар ҷои соя истироҳат мекунад, дар зиндагӣ аз ғаму андуҳ раҳо ёфта, осудагиву боигарӣ ба даст меорад. Барои бонувон соя ҳамчун шавҳар таъбир мегардад. Рафту зани бе шавҳар дар хобаш дар ҷои соя панаҳ барад, пас рӯзҳои наздик ба шавҳар мебарояд. Нафаре, ки дар ҷойи соягӣ хунук хурда, ба ҷои офтобӣ баромадани худро хоб мебинад, аз кабизоатӣ раҳо меёбад.

Субҳ

Субҳ дар хоб хушҳолӣ ва амалӣ шудани орзуҳо аст. Хоб дидани субҳ барои нафаре, ки дар маҳбас аст, нишонаи озод шудани ӯ аст. Субҳро шахси гунаҳкор хоб бинад, дар бедорӣ аз амали кардааш пушаймон мешавад. Тоҷире, ки тиҷораташ заиф гаштааст, субҳро хоб бинад, кораш пеш рафта, даромади хуб ба даст меорад. Субҳ дар хоби шахсе, ки дучори душвориву камбудӣ гаштааст, шаҳодати он аст, ки мушкилиҳоро сарбаландона паси сар намуда, комёб мегардад. Дар маҷмуъ субҳ дар хоб аз тағйироти хуши зиндагӣ ва хушбахтӣ дарак медиҳад.

Суд

Суд хоб дидан ё дар суд ширкат варзидан, ҳамчун ғаму андуҳ, овозаҳои бардурӯғ ё фош гаштани сиру асрор таъбир мегардад.

Сулфа

Дар хоб сулфа кардан маънои шиква карданро дорад. Сулфаи буғикунанда шаҳодати марг аст.

Сураҳои Қуръони карим

Нафаре, ки дар хобаш сураи Фотиҳаро қироат мекунад, дарҳои некӣ барояш кушода гардида, дарҳои бадӣ барояш маҳкам мешаванд ва Худованд дуояшро мустаҷоб мегардонад. Қироати сураи Бақара дар хоб нишонаи дарозумрӣ ва мустаҳкамии имон аст. Ақлу ҳуши нафаре, ки сураи Имронро қироат мекунад, равшан мегардад ва бар зидди мунофиқону дурӯғгӯён бармехезад. Сураи Нисоро дар хоб қироат намудан маънои соҳиби мерос ва дӯсти бонувон шудану умри дароз диданро дорад. Сураи Моидаро хондан дар хоб нишонаи муваффақият дар касбу кор, мустаҳкамии имон ва парҳезкорӣ аст. Ҳар нафаре, ки сураи Анфолро дар хоб қироат мекунад, душманро мағлуб месозад ва агар соҳиби чорво бошад, сафи он меафзояд. Қироати сураи Тавба нишонаи зиндагии шоиста ба сар бурдани инсонро дорад. Шахсе, ки сураи Йунусро қироат мекунад, шуҳрат ба даст меорад ва ба эҳтироми дигарон сазовор мегардад, ӯро дар зиндагӣ дасисаву ҳиллаву найранг ва сеҳру ҷоду асар намекунад. Қироати сураи Худ дар хоб башорати хурсандӣ аз серҳосилӣ ва зиёд гаштани сафи чорво аст. Нафаре, ки дар хобаш сураи Фалакро қироат мекунад, аз бадиҳо эмин монда, Оллоҳ ӯро аз дасисаву фитнаи одамон ва ҷинҳо, аз ҳама гуна ҳашароту паразитҳо эмин нигоҳ медорад. Шахсе, ки сураи Носро қироат мекунад, аз бадбахтиву зарари душманон ва дасисаи шайтон эмин мемонад.

Сурма

Сурма дар хоб боигарӣ ва пайваста дар фикри парҳезкорӣ будан аст. Рафту шахси хобдида нобино бошад, пас шифо меёбад. Духтари бикр дар хоб чашмонашро сурма кунад, ба наздикӣ шавҳар мекунад.

Сутунмуҳра

Сутунмуҳра дар хоб ба тавлиди тифл ишора мекунад.

Сутун

Сутун дар хоб дину имон ва такягоҳ дар зиндагӣ аст. Сутунҳои зиёд ҳамчун одамоне таъбир мегарданд, ки зимни ҳодисаҳои нохуш, корҳои муҳим ва пешгирӣ намудани хатар ба онҳо такя мекунанд. Афтидани сутун дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида дар зиндагӣ аз такягоҳи худ маҳрум мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(10)
Хакимов Рахмон 2023-04-06, 10:10
Ассаламу алейкум Ман дар хоб.мебинам Ки дар хонаи Аммакиям Намоз мехонам хама намоз мехонан хусурам дар сачда маро дуъо кардан кати хамсарам хусурам дар зиндаги хам имом Ва дар хобам хам имом Ман ва хамсарамро Дуъо кардан
Посух
Наргиз 2023-05-18, 18:45
Сӯзанак бубини чи маъно дорад
Посух
Парвона 2023-06-10, 07:30
Ток задан дархоб Чи манодорад
Посух
Заррина кодирова 2023-07-02, 06:19
Москва як мусафед Ду гарданбанди тилло сохтам Дод як мард дастбанд Дод тилои Чи боша
Посух
Заррина кодирова 2023-07-02, 06:21
Ку атвет
Посух
Шоиста 2023-08-06, 12:49
Дар хоб дидани бенамози?
Посух
Фарзона 2023-08-07, 04:26
Салом хоб дидам дар хобам бо шавхарам занозони карда истидаем аз пугти зани дуюумаш ин чи табир дорад
Посух
Салом ман фарзона 2023-08-07, 04:27
Мади чан руз чоп мешавад
Посух
Гулнора 2023-08-23, 13:05
Хобдидани сузандору гузарлнидан
Посух
Зарнигор 2023-10-15, 01:14
Соати тиллои дастиатро ба касе дихи чи маъно дорад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(10)
Хакимов Рахмон 2023-04-06, 10:10
Ассаламу алейкум Ман дар хоб.мебинам Ки дар хонаи Аммакиям Намоз мехонам хама намоз мехонан хусурам дар сачда маро дуъо кардан кати хамсарам хусурам дар зиндаги хам имом Ва дар хобам хам имом Ман ва хамсарамро Дуъо кардан
Посух
Наргиз 2023-05-18, 18:45
Сӯзанак бубини чи маъно дорад
Посух
Парвона 2023-06-10, 07:30
Ток задан дархоб Чи манодорад
Посух
Заррина кодирова 2023-07-02, 06:19
Москва як мусафед Ду гарданбанди тилло сохтам Дод як мард дастбанд Дод тилои Чи боша
Посух
Заррина кодирова 2023-07-02, 06:21
Ку атвет
Посух
Шоиста 2023-08-06, 12:49
Дар хоб дидани бенамози?
Посух
Фарзона 2023-08-07, 04:26
Салом хоб дидам дар хобам бо шавхарам занозони карда истидаем аз пугти зани дуюумаш ин чи табир дорад
Посух
Салом ман фарзона 2023-08-07, 04:27
Мади чан руз чоп мешавад
Посух
Гулнора 2023-08-23, 13:05
Хобдидани сузандору гузарлнидан
Посух
Зарнигор 2023-10-15, 01:14
Соати тиллои дастиатро ба касе дихи чи маъно дорад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД