Равған
Дар хоб ба мӯйи сар ва риш равған молидан ба зебоӣ ва неъматҳо ишора мекунад. Нафаре хоб бубинад, ки дар фарши хона равғани зиёде рехтааст, дучори ғаму андуҳ мегардад. Баъзе аз уламо бар онанд, ки ҳама гуна чарбу дар хоб нишонаи ғаму ғусса аст, ба ғайр аз равған.
Равғани растанӣ
Равғани растанӣ дар хоб боигарӣ ва пули бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда аст. Нафари беморе, ки дар хобаш ба бадани худ равғани растанӣ мемолад, шифо меёбад.
Равғани зайтун
Равғани зайтун дар хоб дониш, баракат, роҳи ҳақ, нур ва насибаи Худованд аст.
Равғани маска дар хоб нишонаи серҳосилӣ, фоида ва афзалият аст.
Равғани зард дар хоб илму донише аст, ки дар ҳар ду дунё аз он фоида ба даст меояд. Баъзеҳо бар онанд, ки нӯшидани равған дар хоб нишонаи бемориҳо ва суқи чашм аст. Таҳшини равғанро нӯшидан дар хоб нишонаи ба даст овардани маблағе аст, ки тавассути таҳқир ба даст меояд.
Равғанфурӯш
Равғанфурӯш дар хоб ба олиме ишора мекунад, ки донишу дороии худро бо дигарон тақсим мекунад.
Равшанӣ, нур
Равшанӣ дар хоб ҳамчун роҳи ҳақ ва пушаймонӣ аз гуноҳ таъбир мегардад. Ҳамзамон равшанӣ ба маънои аъмоли нек ва дониши қуръонӣ аст. Равшании сабз кафолати он аст, ки хушксолӣ намешавад. Ранги зард нишонаи беморӣ, ранги сурх аз хунрезӣ шаҳодат медиҳад. Баъзан равшанӣ барои мард ҳамчун издивоҷ таъбир мегардад.
Райҳон
Хоб дидани райҳон раҳоӣ аз ташвишҳо ё амали нек аст. Агар нафаре, ки ин дунёро тарк намудааст, дар хобатон ба шумо райҳон диҳад, ин маънои онро дорад, ки ӯ дар биҳишт қарор дорад. Марди муҷаррад дар хоб райҳон бубинад, зан мегирад, зани шавҳардор бошад, соҳиби фарзанд мегардад. Ҳамчунин, хоб дидани райҳон ба дониши диниву дунявӣ, шуҳрату обрӯ ишора мекунад.
Раъду барқ, ғалоғула, таркиш
Агар дар хоб раъду барқ ба мавзеи муайяне занад, нишонаи азият ва ҷазо аст. Задани раъду барқ дар хоб далели марг аст. Зарбаи сахти раъду барқ ҳушдор аз даст задан ба гуноҳ аст. Доду войи зиёд, ғалоғула ва садои таркиш дар хоб аз сар задани бадбахтӣ, тӯфон ва маразе шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, раъду барқ дар хоб ба тарс ишора мекунад. Рафту раъду барқ занаду осмон равшан шавад, нишонаи нек нест.
Рақсу бозӣ
Рақсу бозӣ дар хоб бадбахтиву нохушие аст, ки инсон бо амалҳои хатарноку муғлақ ба он даст мезанад. Шахсе, ки дар хобаш барои нафари дигар рақс мекунад, бо ин нафар ғами худро қисмат мекунаду ба кори беҳудаву бефоида машғул мешавад. Рақосса дар хоб ҳамчун муноқишаву моҷаро таъбир мегардад. Шахси бемор рақс хоб бинад, беморияш хуруҷ мекунад, рафту шахси маҳбасӣ чунин хоб бинад, аз зиндон озод мешавад.
Ранги зард
Нафаре, ки дар хоб пӯсти худро зардшуда мебинад, бемор мегардад.
Ранг
Рангкунӣ дар хоб нишонаи кунҷковӣ аст. Риши худро дар хоб ҳино молидан нишонаи хушахлоқӣ ва риоя намудани суннатҳои дини ислом аст. Рафту нафаре дар хоб панҷаи дасти худро рангмолида бубинад, беҳбудӣ ба даст оварда, дар зиндагӣ муваффақ мегардад. Рафту зан хоб бинад, ки ба дастонаш ҳино молида шудааст, аз шавҳари худ некӣ мебинад. Мӯйи сари худро сиёҳ кардан дар хоб нишонаи пеш омадани мушкилиҳо аст.
Рассом
Рассом дар хоб нафаре аст, ки дигаронро ба гумроҳӣ мебарад. Ҳамзамон рассом дар хоб нишонаи зулму ситам, ҷазо ва азобу азият аст.
Ресанда
Занеро бо чархи бофандагӣ хоб дидан нишонаи бо кам қаноат кардан, риояи суннатҳо ва ба анҷом расонидани корҳои муҳим аст. Рафту зан дар хоб аввал чизеро бофта, баъдан онро кушояд, нишонаи ғазаби Оллоҳ ва ҷазои ӯ аст.
Риш
Риш дар хоб боигарӣ, бузургиву ҳашамат аст. Агар мард хоб бубинад, ки ришаш дароз шудааст, соҳиби давлату шуҳрат ва зиндагии серу пур мегардад. Дар хоб риши худро тарошида дидан рехтани обрӯву нуфуз аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб ҳам сару ҳам риши худро тарошида мебинад, мушкилаш ҳал мегардад, бемор бошад, шифо меёбад. Писарбачаи наврас худро бо риш хоб бубинад, нишонаи бад аст. Риши сип-сиёҳ дар хоб ба боигарӣ ишора мекунад. Риши сурх хоб дидан аз тақводориву порсоӣ нишон аст. Зане, ки дар хоб худро ришдор мебинад, ҳеҷ гоҳ таваллуд намекунад. Рафту зани шавҳардор бошад, чунин хоб дидан нишонаи аз шавҳар шуданро дорад. Агар зани ҳомила дар хобаш худро ришдор бубинад, писареро ба дунё меорад, ки баъдан сағера монданашг эҳтимол дорад. Риши сафед нишонаи эътибору манзалат аст.
Ришгирак
Хоб дидани ришгирак ба қаҳру ғазаб ва хусумату адоват ишора мекунад.
Ришта
Дар хоб ришта тофтан нишонаи ба сафар баромадан ё рафъ гардидани мушкилии вазнин аст.
Риштарошӣ
Нафаре, ки дар хоб риш метарошад, оромӣ меёбаду аз беморираҳои чашму сар халос мешавад. Баъзан хоб дидани он мавзеи бадан, ки аслан тарошида намешавад, ба бадбахтиву мусибат ва талафот ишора мекунад. Сартарошӣ дар Ҳаҷ нишонаи бехатарӣ, баргардонидани қарз ва ғолибият аст.
Қайчӣ кардани мӯйи сар дар хоб нишонаи бехатарӣ аст. Рафту шахсе дар хобаш дар Ҳаҷ неву дар дигар ҷо сар тарошад, парҳезгору тақводор нест ва агар дӯсти ӯ ғам ё дошта бошад, аз ин бадбахтиҳо халосӣ меёбад.
Роҳ
Дар хоб бо роҳи каҷ, печдарпеч ва ифлос рафтан аз зиндагии нодуруст ва гуноҳҳо ёдрас мекунад. Бо роҳи росту ҳамвор ва фарох рафтан маънои онро дорад, ки инсон ба роҳи ҳақ, некӣ ва хушбахтӣ сафарбар гаштааст.
Роҳгардӣ
Роҳгардӣ бо қомати рост ба роҳи ҳақ сафарбар шудани шахси хобдидаро таъбир менамояд. Ҳамзамон роҳгардӣ дар хоб дар ҷустуҷӯи маблағ барои рӯзгузаронӣ будани шахси хобдидаро низ таъбир менамояд. Бовиқор қадамгузорӣ дар хоб ҳамчун имони заиф ва амали ношоиставу беодобона таъбир мегардад. Дар хоб бо як попӯшӣ гаштан нишонаи он аст, ки шахси хобдида аз шарики кории худ ҷудо мешавад. Пойи луч гаштан дар хоб нишонаи имони қавӣ, аз бадбахтиҳо раҳо гаштан ва амалӣ шудани орзуҳо, муваффақият ва сарбаландӣ аст.
Рӯбоҳ
Рӯбоҳ дар хоб душмани ҳиллагару макоре аст ва хилофи нафаре амал мекунад, ки ҳамроҳаш ҳамкорӣ дорад. Овози рӯбоҳ дар хоб нишонаи макру ҳилла аз ҷониби нафари фиребгар ё қаллоб аст. Нафаре, ки дар хобаш рӯбоҳро ба даст мегирад, дар баҳс ғолиб меояд. Шахсе дар хобаш рӯбоҳро сила намояд, ӯро ҷин метарсонад. Бо рӯбоҳ бозӣ кардан ба муҳаббати зебову тарафайн расидан аст.
Рӯзи равшан
Рӯзи равшанро хоб дидан маънои аз ғаму андуҳ раҳо ёфтан аст. Умуман рӯзи равшан дар хоб таъбирҳои зиёд дорад ва ин вобаста ба он аст, ки ҳавои рӯз чӣ гуна аст: офтобӣ, соф, тира ё абрӣ. Рӯзи равшан дар хоб метавонад ба маънои шиносоӣ бо шахси мусалмон, талоқ, дурӯягӣ, пасту баландшавии нарху наво, наҷот, дарозумрӣ, хушксолӣ бошад.
Рӯймол ва болишт
Рӯймол ва болишт дар хоб таҷассумгари хизматгор аст. Аз чӣ гуна будани ҳолати ин ду чиз вазъи хизматгор вобастагӣ дорад.
Рӯймол
Рӯймол дар хоб барои зан ин роз ва ҳусни зан аст. Ҳамзамон он ба шавҳар ишора мекунад, аз чӣ гуна будани ҳолати рӯймол ҳолати шавҳар вобастагӣ дорад.
Рухсора
Рухсора дар хоб таҷассумгари амалҳои инсон аст. Агар рухсора дар хоб сафед бошад, соҳиби он шуҳрату эҳтиром ба даст меорад. Сурхии рухсора дар хоб нишонаи хушнудӣ ва фаровонӣ асту рухсораи бадафт нишонаи заифиву зиён аст.