goodwell
Қаҳрамониҳои Ҷалил Ҷабборӣ
114

Дар ҳама давру замон шахсиятҳое ба камол мерасанд, ки бо азму иродаи қавӣ баҳри ободии ватан мекӯшанд. Ёди чунин афрод бо гузашти вақт аз хотираҳо намеравад. Зеро, манфиати ин гуна нафарони нексиришт ба давлату миллату ҷамъият ҳатто баъди марг ҳам мерасад. Ҷалил Ҷабборов, ки ӯро дар шаҳри  Истаравшан бо тахаллуси Ҷалил Ҷабборӣ мешиносанд, аз зумраи чунин шахсиятҳост.

Ҷалил Ҷабборӣ 1-уми майи соли 1910 дар оилаи Абдуҷаббор ном марди меҳнаткаш ба дунë омадааст. Волидонаш, ки илмдӯст буданд, ӯро дар аввалин мактаби ибтидоии типи нав, ки дар гузари Марҳамбеков фаъолият мекард, мегузоранд. Сипас ӯ дар мактаби ҳафтсолаи Каленин таҳсил намуда, соли 1930 пас аз хатм таҳсилашро  дар рабфаки (факултети коргарии) шаҳри Тошканд идома медиҳад. Баъди хатми он Ҷаббории илмдӯсту маърифатпарвар дар шуъбаи шабонаи омӯзишгоҳи Шефченко  таҳсил мекунад. Ҳамон сол баъди хатм  дар МТМУ №1 ба номи М. Горкий фаъолияташро оғоз менамояд.

Ҷанги хонумонсӯзе, ки аз ҷониби Гитлерчиëни фашист оғоз мегардад, нақшаҳои Ҷалил Ҷаббориро барбод медиҳанд. Омӯзгоре, ки нав ба остонаи мактаб бо ҳазор умеду орзу қадам монда буд, барои ҳимояи марзу буми ватан ба ҷанг меравад. Ӯ соли 1942  дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ таҳсил намуда, бо рутбаи лейтенант ба фронт меравад ва бо душмани ғаддор мардонавор меҷангад.

Ҷалил Ҷабборӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст. Вай дар убур намудани дарёи Висла барои озод намудани шаҳри Позднам қаҳрамонона меҷангад ва барои торумор намудани лашкари фашист то ҷануби шаҳри Берлин меравад. Ӯ бо оташи пулемёти худ 120 аскару афсари немисро ба хок яксон намуда, 8 пулемёти душманро аз кор мебарорад ва 150 нафари дигарро асир мегирад.

Давлати Шуравӣ, ки чунин мардони фидоиву далеру ҷасур дошт, дар ҷанги аҳдшиканонаву ноҷавонмардона ғолиб меояд. Ҷалил Ҷабборӣ Иди Ғалабаро дар Берлин ҷашн гирифта, 20-уми декабри соли 1945 бо  сари баланду синаи пур аз ордену медал ба Истаравшан бармегардад. 

Ҷалил Ҷабборӣ аз соли 1946 дар МТМУ №1 аз нав фаъолияташро оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун кор мекунад. Баъди ба нафақа баромадан моҳи августи соли 1971 ба мактаби деҳаи Боботағо ба кор меояд. Он замон мактаб дар як анборе буду ҳамагӣ 4 синфхонаи дарсӣ дошт. Бо кӯшишу ғайрати Ҷалил Ҷабборӣ соли 1971 сохтмони бинои нави муассиса оғоз меёбад. Бо талошҳои Ҷабборӣ ва ҳашари мардумӣ соли 1976 сохтмони муассиса пурра ба анҷом мерасад.

Хизматҳои шоистаи ин марди накӯкор бо ордену медал, сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, барои арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандааш 6-уми июни соли 2000 МТМУ №76-и деҳаи Боботағо ба номи Ҷалил Ҷабборӣ номгузорӣ шуд.

Муассиса дуошёна буда, аз таҳхона, 30 синфхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ ва майдони ғалаба иборат аст. Дар ин боргоҳи илм 1753 хонанда таҳсил ва 82 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд.

Ҳамин тавр, Ҷалил Ҷабборӣ собит намуд, ки инсони ватандӯсту худогоҳ метавонад ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар зиндагии осоишта қаҳрамон бошад. Ӯ дар баробари қаҳрамониҳои бемислаш дар майдони ҷанг бо таъсиси муассисаи таълимӣ барои рушди маориф ва тарбияи насли наврас заминаи устувор гузошт. Ҳаёту фаъолияти ӯ нишон медиҳад, ки хизмати ҳақиқӣ ба Ватан дар ободонӣ ва пешрафти ҷомеа низ ифода меёбад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД