Хазидан
Дар хоб болои дарахте баромадан вазъи хизматии шахси хобдидаро таҷассум менамояд.
Хазина, ганҷ
Шахсе, ки дар хобаш хазина меёбад, агар донишҷӯ бошад, донишу саводи зиёд аз худ мекунад, агар тоҷир ё коргар бошад, кораш бобарор ва пурфайз мегардад. Рафту корманди ҳукумат бошад, давлати зиёд ба даст меорад. Хазина дар хоб барои мард ҳамчун завҷа таъбир мегардад. Ҳамзамон хазина ба мушкилоти молиявӣ ишора мекунад.
Хартум
Шахсе, ки худро бо хартум хоб мебинад, донишманд аст ва шаъну шарафи худро аз ҳама чиз болотар мегузорад. Шахсеро, ки дар хоб фил бо хартумаш мезанад, дар ҳаёт сарватманд мегардад.
Харчанг
Харчанг дар хоб нишонаи ба даст овардани пули ҳаром аст. Истеъмол кардани гӯшти харчанг нишонаи шунидани хабари хуш аз роҳи дур аст.
Халта, ҷувол
Халтаи пур дар хоб нишонаи дороӣ ва сериву пурӣ асту халтаи холӣ ба меҳнати бесамар ва хароҷотовар ишора мекунад.
Хамир
Хамир дар хоб боигариву насиба аз Оллоҳ аст. Ҳамзамон, хамир дар хоб ба зиёд шудани сафи фарзандон ва ҳосили хуби мева ишора мекунад. Шахсе, ки дар хоб хамир мешурад, наслаш зиёд ва меваву зироаташ серҳосил мегардад. Дар хоб нафареро машғули хамиршӯрӣ дидан ишора ба маблағи пулӣ ва беҳбудии оилавӣ аст. Агар хамир дар хоб ба зудӣ расад, нишонаи даромади калони пулӣ аст, рафту хамир нарасад, шахси чунин хобдида дучори мушкилоти пулӣ мегардад.
Хамёзакашӣ
Нафаре, ки дар хобаш худро дар ҳоли хамёзакашӣ мебинад, ба роҳи шайтонӣ меравад.
Ханда
Дар хоб баланд хандидан нишонаи ғаму андуҳ аст. Хандаи паст дар хоб аз тавлиди тифл шод гаштан асту нафаре, ки хандаи муқаррарӣ мекунад, дар зиндагӣ шахси хубу порсо аст. Шахси реҳлатнамударо дар ҳоли хандидан хоб дидан маънои онро дорад, ки руҳаш шод аст.
Ханҷар
Нафаре, ки дар дасти худ ханҷар хоб мебинад, ба боигариву қудрат мерасад. Хобе, ки дар он ханҷар дар дасти дигарон аст, аз хатар огаҳ месозад.
Харбуза
Ҳар нафаре, ки харбуза хоб мебинад, дар корҳояш муваффақ мегардад.
Харгӯш
Харгӯш дар хоб ишора ба шахси тарсончак аст. Ё он занест, ки аз ӯ на фоида мерасаду на зарар. Марде, ки дар хобаш харгӯшро ба даст мегирад, рӯзҳои наздик издивоҷ мекунад.
Харобӣ
Харобии бадан дар хоб ҳамчун ғаму ғусса таъбир мегардад.
Хароҷот
Хароҷот барои оилаи худ дар хоб нишонаи садақа додану подоши онро дидан аст. Барои дигарон хароҷот намудан қисмату насибаи Оллоҳӣ аст.
Харош, изи ханҷол
Дар хоб аз ҷониби нафаре харош ёфтан нишонаи он аст, ки ба молу мулк ё ба нафаре аз наздикони ин нафар зарар мерасонед. Харош ёфтан дар хоб нишонаи таънаву маломат аст. Аз ханҷоли уқоб ҷароҳат бардоштан дар хоб ҳамчун бемории дуру дароз, аз ханҷоли зоғ харош ёфтан шаҳодати марг аз сардӣ ё аз дасти золимон, ҳамзамон нишонаи азобу кулфат аст.
Хасбеда
Хасбеда ё дигар намуди ғизо барои ҳайвоноти хонагӣ ҳамчун даромади зиёди пулӣ таъбир мегардад.
Хато, иштибоҳ
Агар нафаре дар хобаш иштибоҳ намояд ё роҳгум занад, ин нишонаи аз роҳи ҳақ гаштанаш аст.
Хатна
Хатна дар хоб нишонаи аз нуқс халос шудан ва шодиву хурсандӣ аст. Мард дар хоб хатна шудани худро хоб бинад, аз гуноҳ пок мегардад, духтар чунин хоб бинад, ба шавҳар мебарояд ё давраи гулдоманияш фаро мерасад.
Хачир
Хачир дар хоб сафару саёҳат, инчунин шахси бе дин аст. Ба хачир савор шуда рафтан дар хоб нишонаи дарозумрӣ ва издивоҷ бо зани безурриёт аст ё чунин хоб шаҳодати ғолиб омадан ба рақиби бе дини худ аст. Модахачири зинзада дар хоб духтари зебову ботарбия асту бе зинаш сафари муфид аст. Истеъмол намудани шири модахачир нишонаи нек надорад. Садои хачир аз муомилаи душвор бо шахси якрав далолат медиҳад.
Хирашавии чашм
Нафаре, ки чашмони худро хира хоб мебинад, дар бедорӣ ба чизе назар мекунад, ки аз ҷониби Оллоҳ манъ карда шудааст (масалан, ба узвҳои ҷинсии нафаре нигоҳ кардан ё ба завҷаи нафаре назар кардан ва ғ.)
Хирс
Хирс дар хоб душмани беақл ва дузд аст, дар баъзе ҳолатҳо хирс дар хоб зани бадафту баднамуд аст.
Хишт
Хишт дар хоб ҷамъшавии сарват аст, нафаре, ки дар хобаш хишт ба даст меорад, соҳиби дороии тайёр мегардад. Агар дар хоб аз девори хонае як хишт кам карда шавад, пас аъзоёни ин оила якто кам мешаванд. Хишти оташгирифта дар хоб нишонаи нек надорад, модоме хишт оташ гирифта бошад, оташ таҷассумгари шайтон аст.
Хоктеппа
Дар хоб ба хоктеппа баромадан маънои монеаҳоро убур карданро дорад. Аз теппа афтидан дар хоб нишонаи пеш омадани бадбахтиву кулфат аст.
Хона, манзил
Хона дар хоб ба маънои занест, ки шавҳари худро паноҳгоҳ медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш аз хонаи хурд мебарояд, аз ташвишу изтироб раҳоӣ меёбад. Агар нафаре дар хоб хонаи худро калонтар бубинад, давлату дороии худро афзун мегардонад. Хонаи ношиносро дар ҷои бегона хоб дидан, маънои онро дорад, ки хонаи шахси чунин хобдида дар охират чунин хоҳад буд. Хонаи шинос дар хоб ҳаёти осоишта аст. Нафаре, ки худро дар хонаи ошно хоб мебинад, давлату дороияш ба андозаи ҳамон хона афзун мегардад. Дидани хонаи вайрона, аз нобуд гаштани молу мулки инсон дарак медиҳад, ки бо сабаби амалҳои нодурусти инсон сар мезанад. Андозаи хонаи ошноеро дар хоб аз будаш бештар дидан, маънои афзун гаштани давлат аст. Худро дар хонаи ношинос дидан, хабари хуш шунидану аз беморӣ шифо ёфтан аст. Ба хона даромадану дарро аз паси худ сахт пӯшидан, маънои онро дорад, ки аз содир намудани гуноҳ худдорӣ мекунӣ. Дар хоб хона сохтан нишонаи нек аст. Хонаро шикастан бо бадӣ рӯ ба рӯ шудан ва беинсофӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш ба хонаи шиноси худ медарояд, аз сиру асрори ӯ бохабар мегардад.
Нафаре, ки дар хобаш хона мехарад ё ба ӯ хона туҳфа мекунанд, ба сафари роҳи дур мебарояд.
Хокистар
Хокистар дар хоб пули бо роҳи ҳаром ба дастомада аст.
Хомӯшак
Хомӯшак дар хоб шахси заифу нотавон аст. Дар хонаи худ ё ҷои дигар анбуҳи хомӯшакро хоб дидан, маънидодкунандаи он аст, ки шумораи сокинон ва насли ин хонадон зиёд мегардад. Баъзеҳо бар онанд, ки нафари дар хобаш хомӯшакдида бояд аз амалҳои ҷоҳилона худдорӣ намояд.
Хона, утоқ
Хона дар хоб нишонаи бехатарӣ аст. Рафту шахси хонаро хобдида муҷаррад бошад, пас ин нафар издивоҷ мекунад. Мегӯянд, ки нафаре худро дар хонаи тозаву бароҳат хоб бинад, ба биҳишт меравад.
Хорпушт
Хорпушт дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси бераҳм, кӯрнамак ва бадҷаҳл ҳушдор медиҳад.
Хоҷаи Хизр
Хоҷаи Хизр дар хоб нишонаи серҳосилӣ, лутфу марҳамати зиёд, осудагӣ ва бехатарӣ аст.
Хубон, хук
Хубон дар хоб ба маънои бадиву бадбахтӣ, бадахлоқӣ, пастиву разилӣ, аз дин дур шудан ва бо роҳи гуноҳ пул ба даст оварданро дорад. Хур-хури хубон дар хоб нишонаи ба душман ғолиб омадан ва боигарии рақибро ба даст овардан аст.
Худкушӣ
Худкушӣ дар хоб нишонаи сидқан пушаймон шудан ё покизагии руҳу ҷон аст.
Хунравӣ аз бинӣ
Хунравӣ аз бинӣ нишонаи ташвишу ғам ва бадбахтӣ аст. Рафту хуни бинӣ бе танаффус ва борик мерехта бошад, ин маънои даромади мунтазами пулиро дорад.
Хун
Хун дар хоб пули беинсофона ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда аст. Нафаре, ки дар куртаи худ хун хоб мебинаду аз куҷо пайдо шудани доғи хунро намедонад, аз ҷое туҳматаш мекунанд, ки намедонаду интизораш нест. Дар хоб либоси худро хунолуда кардан маънои пули ҳаром ба даст оварданро дорад. Хунравии худро хоб дидану инро нишонаи нек шуморидан маънои онро дорад, ки аз нафари сарватманде фоида ба даст меоред. Рафту хунравии худро нишонаи бад шуморед, чунин хоб маънои онро дорад, ки сараввал аз нафаре фоида ба даст меоред, вале баъдан он бар зарари шумо мегардад. Рафту дар хоб либос хунолуда бошад, пас шахси чунин хобдидаро аз ҷое пеш мекунанд, ки дар он ҷо мустаҳкам гаштаву маскун гаштааст. Баъзе олимони таъбиргар бар онанд, ки хун хоб дидан маънои дар кори шубҳаноку пургуноҳе шарик буданро дорад.
Хурмои арабӣ (финик)
Нафаре, ки дар хобаш хурмои арабӣ истеъмол мекунад, бахту саодати Оллоҳӣ насибаш мегардад. Агар нафаре ба худ наздик омадани хурмои арабиро хоб бинад ё онро барояш ҳадя намоянд, дар бедорӣ боигарӣ насибаш мегардад. Шахси ғамгину руҳафтода хурмо хоб бинад, аз ғаму кулфат раҳо меёбад. Дар хоб хурморо шикастан ва донаки онро берун овардан нишонаи он аст, ки шахси хобдида соҳиби тифл мешавад. Хурмои пухтаву хуб дар хоб нишонаи шунидани сухани нек ва фоидаи зиёд ба даст овардан аст. Нафаре, ки дар хоб хурмо истеъмол мекунад, ширинии имондориро чашида, китоби Қуръонро мутолиа менамояд. Хурмои тару тоза ва пухта ҳамчун пули ҳалол ба дастовардашуда, раҳоӣ аз бемориҳо, дурӣ аз мушкилиҳо ва хушнудӣ таъбир мегардад. Хурмои ба ҳар тараф пошхӯрда дар хоб маънои бе пул монданро дорад. Марде, ки дар хоб аз дарахти нахл хурмо мечинаду дар зарф ё сабад ҷамъоварӣ мекунад, дар бедорӣ бо зани сарватманд, донишманд ва худотарс издивоҷ менамояд. Аз дарахти хушкидаи нахл хурмо чидан маънои онро дорад, ки шахси хобдида ба маслиҳати шахси бадахлоқе гӯш меандозад.
Хӯрок, ғизо
Агар инсон дар хобаш дар зарфе, ки пайғамбарамон манъ сохтааст, масалан, зарфи нуқрагину тиллоӣ хӯрок тановул намояд, чунин хоб нишонаи бадбахтӣ аст. Дар хоб бо дасти рост ғизо хӯрдан аз рӯи суннат амал кардан асту бо дасти чап хӯрок хӯрдан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бо душман ҳамнишин гашта, ба дӯсти худ зиштгӯӣ мекунад. Агар дар хоб нафаре ба хӯроки субҳона даъват намояд, ин нафарро саёҳати дуру дароз интизор аст. Умуман ба хӯроке даъват шудан маънои аз хастагӣ раҳо ёфтанро дорад. Агар нафаре дар хоб гӯшти бадани худро истеъмол намояд, сарвату дороии худро сарф мекунад. Гӯшти бадани шахси дигареро дар хоб истеъмол кардан маънои он нафар ё шахси дигареро бадгӯӣ ва бадном карданро дорад. Истеъмоли каду дар хоб нишонаи ба роҳи ҳақ рафтану риоя намудани суннатҳоро дорад. Дар хоб истеъмоли хӯроки дилбеҷокунанда шаҳодат аз бадбахтӣ ва марг аст. Хӯроки бемазаро хӯрдан нишонаи тарс ва камбағалӣ аст. Хӯроки лазиз истеъмол кардан расидан ба хушбахтиву қаноатмандӣ аст. Хӯроки турш бошад, аз гуфтори қабеҳу дағал далолат медиҳад.
Хуроккашӣ
Хурроккашӣ дар хоб нишонаи оромӣ баъди тарс ва фориғболӣ аст.
Хӯрокпазӣ
Ҳар нафаре, ки дар хоб хӯрок мепазаду хурокаш пухта тайёр мешавад, дар зиндагӣ ба мақсад мерасад. Рафту хӯрок бо гӯшти гӯсфанд бошад, шахси хобдида зиндагии хушу босаодатеро паси сар менамояд. Баъзе олимон бар онанд, ки пухтани хӯрок дар хоб нишонаи амалҳои неки инсон аст.
Хӯроки нисфирӯзӣ, наҳорӣ
Нафаре, ки дар хобаш хӯроки нисфирӯзӣ ва наҳорӣ талаб мекунад, дучори хастагӣ мегардад.
Хутба
Шахсе, ки дар хобаш назди одамон хутбаи хуб ва намозро адо менамояд, дар бедорӣ қудрат ба даст меорад, рафту хутбаву намозро то ба охир нарасонад, қудрат ба даст оварда наметавонад.
Хушбахтӣ, беҳбудӣ
Дар хоб худро хушбахту хушҳол дидан ба он ишора мекунад, ки мушкилиҳо рафъ гардида, агар шахс қарздор бошад, қарзашро бармегардонад ва аз ташвишу ғаму андуҳ раҳо меёбад.
Хушксолӣ
Хушксолӣ дар хоб нишонаи камбизоатӣ ва ташвиш аст.
Хушнудӣ
Хушҳолӣ, қаноатмандӣ дар хоб нишонаи ташвишу ашк аст. Нафари дар ҳоли душвор қарордошта дар хоб худро хушҳол бинад, Оллоҳ ӯро аз душвориҳо эмин медорад.
Хушомад
Хушомадзанӣ дар хоб барои нафаре, ки дар бедорияш чунин одат надорад, нишонаи шармандагиву таҳқир аст.
Хӯша, сараки ғалла
Хӯша дар хоб нишонаи он аст, ки сарвати ҷамъшуда ду баробар зиёд мегардад. Хӯшаи сабз насибаи Оллоҳ ва серҳосилӣ аст. Хӯшаи хушк дар хоб аз хушксолӣ ва қаҳтӣ далолат медиҳад.