Фаввора
Фаввора дар хоб нишонаи рӯзҳои наздик кори манфиатнок оғоз кардан аст.
Фалаҷ
Шахсе, ки дастони худро фалаҷ хоб мебинад, гуноҳи калон содир менамояд. Рафту дасти рост фалаҷ гашта бошад, ёрдамчии худро аз даст медиҳад, рафту дасти чап фалаҷ гашта бошад, бо дасти чапаш ғизо тановул мекунад.
Фарбеҳӣ
Фарбеҳӣ дар хоб ҳамчун дороӣ таъбир мегардад. Нафаре, ки худро дар хоб фарбеҳшуда хоб мебинад, боигарияш афзун мегардад.
Фаришта
Дар хоб дидани фариштаву малак нишондиҳандаи он аст, ки инсон дар зиндагӣ ба шуҳрат ва иззату эҳтиром мерасад. Агар фариштагон ба масҷид ворид гарданд, маънои онро дорад, ки шахси чунин хоб дида бояд хайру садақа ва аъмоли нек ба анҷом расонад. Дар кӯчаҳо гаштани фариштагон маънои онро дорад, ки шахси хобдида бояд дар тарозу ва ченак дақиқкор бошад. Дар қабристон дидани фаришта аз паҳн шудани бемории вабо дар миёни олимон ва марги зоҳидон хабар медиҳад.
Ҳар нафаре, ки дар хоб фариштаро мебинад, бояд тавофи хонаи Худо намояд. Дидани фариштагон дар майдони ҷанг нишонаи бар душман ғолиб омадан аст. Агар фариштагон сари таъзим фуруд оранд, ин нафар ба тамоми орзуву ниятҳои худ мерасаду шуҳрат ба даст меорад.
Бо фаришта мунозира кардан, маънои ба вазъияти душвору риқкатовар афтидани инсон аст. Нафари беморе, ки дар хоб ҷанги фариштагонро бубинад, рӯзи маргаш наздик аст.
Дар хоб дидани парандагони ношинос маънои онро дорад, ки фариштагон дар парвозанд. Агар нафаре дар хоб бубинад, ки дар сурати фаришта баромад мекунад, аз бадбахтиву нокомӣ раҳо мегардад. Агар бемор чунин хоб бубинад, рӯзи маргаш наздик аст.
Фароштурук
Фароштурук дар хоб шахси хеле меҳрубону бобаракатест, ки дар хизмати Оллоҳ қарор дорад. Чаҳ-чаҳи фароштурук дар хоб панду насиҳат шунидан аст. Аслан садои паррандагон дар хоб бояд ҳамин гуна таъбир карда шавад ва он аз беҳтар гаштани мавқеи инсон далолат медиҳад. Нафаре, ки фароштурукро дар хонаи худ ё дар парвоз хоб мебинад, пули ҳалол ба даст меорад. Агар дар хоб фароштурукҳо аз хона парида раванд, нишонаи вохӯрӣ бо наздикон ё шунидани хабари хуше аст, ки ба касбу кор вобастагӣ дорад. Дар хоб фароштурукро қапидан маънои бевиҷдонона пул ба даст оварданро дорад.
Фиғон
Дар хоб фиғон кашидан нишонаи заифшавӣ ва аз даст додани қувват аст. Нафаре, ки дар хоб фиғон мешунавад, ба ҳар чизи шунидааш бояд бовар кунад.
Фил
Фил дар хоб ҳамчун ҳокиме таъбир мегардад, ки аз ӯ тарс доранду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Нафаре, ки дар хобаш ба болои фил мешинад ё филро харидорӣ менамояд, ба мақому мартабаи баланд мерасад. Таъбири дигари хоби мазкур ҳамин аст, ки шахси чунин хобдида бар зидди нафаре дасисаву фитна ангехта, хиёнат мекунад.
Фиръавн
Фиръавн дар хоб ҳамчун дину имон таъбир мегардад. Ҳамзамон фиръавн дар хоб ба маънои ҳоким, сарвар ва роҳбар меояд.
Фонус
Дар хоб дидани равшании фонус нишонаи тавлиди писари зебое аст, ки дар ҷомеа мавқеи баландро соҳиб шуда, садои хуш насибаш мегардад.
Фурӯ рафтан, фуромадан, поин шудан
Ба чуқурие фурӯ рафтан, аз баландӣ фуромадан ва ҷое поин шудан дар хоб нишонаи пеш омадани азоб ё бадбахтӣ аст.