goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
1558

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз метавонед дар муносибатҳои ошиқона тағйироти хуб ба вуҷуд оред, агар каме бештар талош намоед. Муносибат бо аҳли оила гарм ва самимӣ мешавад, шумо якдигарро хуб мефаҳмед. Хушбин бошед ва аз фурсатҳои нав истифода баред. Қобилияти муошират ба шумо дар пешрафти кор кумак мекунад. Вазъи молӣ метавонад беҳтар шавад ва имкони даромади нав пайдо гардад. Бо доруворӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ эҳтиёткор бошед. Барои корҳои дӯстдоштаатон вақт ҷудо намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои муносибатҳои ҷиддӣ ва устувор рӯзи мусоид аст. Агар шахси орзуҳоятонро ёфта бошед, муносибатҳо метавонанд мустаҳкамтар шаванд. Дар хона баъзе нофаҳмиҳои хурд пеш меоянд, вале шумо онҳоро ба осонӣ ҳал мекунед. Барои муроҷиат ба роҳбарият ё идораҳои давлатӣ вақти хуб аст. Дар масъалаҳои молӣ бодиққат бошед, зеро баъзе пешниҳодҳо он қадар фоидаовар нестанд, ки ба назар мерасанд. Нимаи дуюми рӯз нерӯи зиёд ва рӯҳияи хуб эҳсос мекунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта аз эҳсосоти манфӣ дурӣ ҷӯед. Сабру таҳаммул ба шумо барои нигоҳ доштани оромӣ кумак мекунад. Муошират бо фарзандон ё наздикон хотири шуморо болида месозад. Рӯзи муносиб барои омӯзиш ва аз худ кардани малакаҳои нав аст. Соҳибкорон пешрафти корро эҳсос мекунанд. Эҳтимоли каме хастагӣ ё нотобӣ вуҷуд дорад, бинобар ин бештар истироҳат кунед ва худро зиёд азият надиҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар муносибатҳои шахсӣ боз ба мушкилоти пешина рӯ ба рӯ шаванд, тақдир ба шумо имкони ислоҳи хатоҳоро медиҳад. Дар оила тағйироти ғайричашмдошт ба амал меоянд ва эҳтимол масъулияти бештар ба дӯши шумо афтад. Ҳоло вақти муносиб барои оғоз кардани корҳои нав нест, беҳтараш корҳои нопурраро анҷом диҳед. Нақшаҳои зуд бой шудан метавонанд иҷро нашаванд. Дар масъалаҳои хариду фурӯши амвол эҳтиёткор бошед. Агар тарзи ҳаёти солимро риоя кунед, худро хуб ҳис мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз бештар ба ҳиссиёти худ гӯш диҳед, зеро он роҳи дурустро нишон медиҳад. Зӯрӣ нисбат ба шахси дӯстдошта метавонад боиси ҷанҷол гардад. Дар касбу кор сабру таҳаммул нишон дода, аз баҳс бо роҳбарият дурӣ ҷӯед. Баъзе корҳоро шояд аз нав оғоз кардан лозим шавад. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои шумо имкониятҳои нави корӣ ё ғояҳои ҷолиб оваранд. Машқҳои ҷисмонӣ имрӯз барои саломатӣ ва рӯҳия хеле муфид хоҳанд буд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Пеш аз он ки дар муносибатҳо ваъдаи тағйирот диҳед, хуб андеша намоед. Тозагӣ ва тартибот дар хона ба шумо оромӣ мебахшад, бинобар ин рӯзи хуб барои рӯбучини умумӣ аст. Ҳоло беҳтараш масъулияти зиёдатиро ба дӯш нагиред. Баъзан каме истироҳат аз кори аз ҳад зиёд фоидаи бештар меорад. Агар фаъол ва ба худ бовар дошта бошед, ба дастовардҳои хуб мерасед. Ба ғаму андӯҳи муваққатӣ дода нашавед ва аз муошират бо наздикон канорагирӣ накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта ба осонӣ ҳамдигарфаҳмӣ пайдо намешавад. Шумо эҳсоси хастагӣ мекунед ва мехоҳед истироҳат намоед, аммо корҳоро низ фаромӯш накунед. Ба наздикон дастгирӣ ва ғамхорӣ нишон диҳед, то муҳити хона гармтар гардад. Дар кор аз ҷониби ҳамкорон ёрӣ ва пуштибонӣ эҳсос мекунед. Аз рондани мошин худдорӣ кардан беҳтар аст. Дар масъалаҳои молӣ хеле эҳтиёткор бошед, зеро сармоягузорӣ ва боварии зиёдатӣ метавонанд зарар оваранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳсоси аҷибе дар дилатон бедор мешавад ва эҳтимол хотираҳои муҳаббати гузашта зинда гарданд. Ба наздикон меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Эҳтимол мехоҳед масъулияти корҳои муҳимро ба уҳда гиред ва ин метавонад боиси пешрафти корӣ ва зиёд шудани даромад гардад. Қобилияти фикрронӣ ва зеҳни тези шумо ба нафъатон хизмат мекунад. Саломатӣ хуб мемонад, вале барои нигоҳ доштани нерӯ реҷаи дурусти рӯз ва истироҳати кофиро фаромӯш насозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шояд ба назаратон чунин намояд, ки шахси дӯстдоштаатон нисбат ба шумо сард шудааст, аммо сабаб танҳо мушкилоти ӯст. Барои беҳтар шудани рӯҳия бо дӯстони қадимӣ бештар муошират кунед. Имрӯз нақшакашӣ осон нест, зеро воқеаҳо зуд тағйир меёбанд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед: эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Сарфакорона амал кунед ва қарорҳои оқилона қабул намоед. Аз субҳ эҳтимол мушкилоти сабуки меъдаву ҳазм эҳсос шавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз завқи хуб ва ҳисси зебоии шумо ба беҳтар кардани рӯҳияи худ ва шахси дӯстдоштаатон кумак мекунад. Бо хешовандон, махсусан калонсолон, эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, бинобар ин эҳсосотро идора намоед. Қувва ва қобилияти корӣ каме паст мешавад, аз ин рӯ беҳтараш каме истироҳат кунед ва корҳои муҳимро ба таъхир гузоред. Ҳоло вақти муносиб барои фикр кардан дар бораи пасандоз ва ояндаи молӣ аст. Варзиш ва ҳавои тоза ба саломатии шумо фоида меоранд.

Далв (21 январ-19 феврал)

Ба овозаҳо дар бораи шахси дӯстдоштаатон зуд бовар накунед, вале суҳбати ошкоро барои равшан шудани масъалаҳо муфид аст. Ғояҳои шумо барои беҳтар кардани муҳити хона аз ҷониби наздикон дастгирӣ меёбанд. Дар масъалаҳои вобаста ба шартномаҳо ва ваъдаҳои дарозмуддат эҳтиёткор бошед. Даромади иловагӣ пайдо мешавад ва вазъи молӣ беҳтар мегардад. Агар худро бад ҳис кунед, ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ба духтур муроҷиат намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳсосоти худро пинҳон накунед ва муҳаббатро озодона баён созед. Вақти хубест барои будан дар паҳлуи шахси дӯстдошта ва лаззат бурдан аз лаҳзаҳои хуш. Агар ба кӯмаки наздикон ниёз дошта бошед, шарм надошта, дархост намоед. Сирру асрори кории худро ба одамони ношинос нагӯед. Рӯз барои нав кардани либос, хариди ҷавоҳирот ё ашёи хона мусоид аст. Ғаму ташвишҳои охир оҳиста аз байн мераванд ва зиндагиятон беҳтар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД