toyota motors
Муин: садои ҷовидонаи ишқ ва ғурбат
11.05.2026
СИПЕҲР
41

Дар ҳамлаи ахири Амрикову Исроил ба Эрон, ки чиҳил рӯз идома кард, иттиҳоду ҳамдилии мардуми Эрон ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузошт. Ҳатто даҳҳо нафар аз чеҳраҳои фарҳангиву сиёсӣ, ки бо ҳукумати кишвар ихтилоф доштанд ва солҳо дар Аврупову Амрико зиндагӣ мекарданд, азми баргаштан ба Эронро намуданд. Аз ҷумла дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки сарояндаи номвар Муин низ қасд дорад ба хотири ҳамдилӣ бо мардумаш ба Эрон баргардад...

Садои ҷовидонаи ишқ

Сарояндаи маъруф Муин (Муъин) аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки на танҳо як давра, балки чанд наслро бо овози худ мафтун кардааст. Номи ӯ бо сурудҳои пурдард, ошиқона ва пурҳасрат пайванди ногусастанӣ дорад. Овози Муин дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон - аз Эрону Афғонистон то Тоҷикистон ва Аврупову Амрико шунида мешавад ва ӯро бисёриҳо «садои ҷовидони ишқ» меноманд.

Воқеан, дар Тоҷикистон низ ҳазорон нафар Муинро дӯст медоранд. Бо садои махмалини ӯ ишқ меварзанд ва зиндагии хешро рангин месозанд.

Тиловати “Қуръон”

Ному насаби асливу хонаводагии Муин Насруллоҳ Муин Наҷафободӣ аст. Ӯ 29 декабри соли 1951-и мелодӣ дар шаҳри Наҷафобод ба дунё омадааст. Ин шаҳр дар наздикии Исфаҳон ҷойгир буда, аз қадим ҳамчун маркази ҳунару фарҳанг шинохта мешавад.

Оилаи Муин оилаи серфарзанд ва дорои ҷаҳонбинии мазҳабӣ буд. Ӯ фарзанди ҳафтум дар хонадон ба шумор мерафт. Гарчанде шароити иқтисодии хонавода миёна буд, муҳити маънавии он ғанӣ ва пур аз арзишҳои ахлоқӣ ба ҳисоб мерафт.

Муин аз кӯдакӣ ба садо ва оҳанг таваҷҷуҳ дошт. Ӯ Қуръонро бо савти зебо тиловат мекард ва ғазалҳои шоирони классикро мехонд. Ин тамринҳо на танҳо завқи ӯро парвариш доданд, балки заминаи устувори овозхонӣ ва ҳиссиёти мусиқии ӯро гузоштанд.

Дар муҳити хонаводагӣ, ки эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳо баланд буд, Муин тадриҷан ҳамчун шахсияти ҳассос, ором ва андешаманд ба воя расид. Ин хусусиятҳо баъдтар дар сурудҳои пурдарди ӯ ба хубӣ инъикос ёфтанд.

Роҳ ба сӯйи камолот

Дар солҳои наврасӣ ва ҷавонӣ, Муин аллакай ҳамчун ҷавони боистеъдод шинохта мешуд. Ӯ дар мактаб ва маҳфилҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок мекард. Ҳамзамон бо таҳсил, ба омӯзиши ҷиддии мусиқӣ рӯ овард.

Муин имкони онро пайдо кард, ки аз устодони маъруфи мусиқии эронӣ баҳра барад. Аз ҷумла, ӯ аз омӯзишҳои Тоҷи Исфаҳонӣ ва Ҳасан Касоӣ истифода бурд. Ин омӯзишҳо дар шаклгирии сабки овозхонии ӯ нақши муҳим бозиданд.

Дар ин давра Муин бо адабиёти классикӣ ва муосири форсӣ низ ошно гардид. Шеърҳои ишқӣ ва иҷтимоӣ ба рӯҳияи ӯ таъсири амиқ гузоштанд. Баъдтар, интихоби матни сурудҳои ӯ низ аз ҳамин ҷаҳонбинии адабӣ маншаъ мегирад.

Ӯ дар риштаи мусиқӣ таҳсил намуда, дониши назариявии худро бо таҷрибаи амалӣ ҳамоҳанг кард. Ин омезиш ба ӯ имкон дод, ки на танҳо сароянда, балки ҳунарманди соҳибандеша гардад.

Якеро дӯст медорам

Қадами аввалини ҷиддии Муин дар роҳи мусиқӣ аз синни 17-солагӣ оғоз ёфт. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун сароянда дар радио оғоз кард ва дар Радиои Исфаҳон барнома иҷро менамуд.

Аз соли 1970 то 1977 Муин дар ҷойҳои гуногун, аз ҷумла меҳмонхонаи «Шоҳ Аббос» ва маҳфилҳои ҳунарӣ барнома пешниҳод мекард. Овози ӯ зуд таваҷҷуҳи шунавандагонро ҷалб намуд.

Соли 1977 барои ӯ соли сарнавиштсоз гардид. Дар ҳамин сол таронаи машҳури ӯ «Якеро дӯст медорам» нашр шуд. Ин суруд бо матни Масъуд Аминӣ ва оҳанги худи Муин омода шуда буд.

Ин тарона чунон машҳур шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ Муинро ба ситораи мусиқӣ табдил дод. Баъдтар сарояндагони машҳуре чун Ҳойида ва Эбӣ низ онро иҷро карданд.

Маҳз ҳамин суруд оғози роҳи бузурги эҷодии Муин гардид.

Ҳамеша бо Ватан

Пас аз Инқилоби исломии Эрон (1979) шароити фаъолияти мусиқӣ дар дохили кишвар тағйир ёфт. Бисёре аз ҳунармандон, аз ҷумла Муин, маҷбур шуданд, ки ватани худро тарк кунанд.

Муин ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба шаҳри Лос-Анҷелес муҳоҷират кард. Дар он ҷо зиндагии нав оғоз шуд, аммо дили ӯ ҳамеша бо Эрон монд.

Дар муҳоҷират ӯ фаъолияти худро қатъ накард. Баръакс, бо нерӯи бештар ба эҷод пардохт. Аввалин албоми расмии ӯ бо номи «Мепарастам» соли 1984 нашр шуд.

Сурудҳои Муин дар ин давра бештар мазмуни ғурбат, дури аз ватан ва ишқи гумшударо дар бар мегирифтанд. Ин мавзӯъҳо ба дили муҳоҷирони эронӣ хеле наздик буданд.

Бо вуҷуди дурӣ, пайванди Муин бо фарҳанги Эрон ҳеҷ гоҳ канда нашуд. Ӯ ҳамеша бо забони модарӣ месарояд ва дар сурудҳояш аз ёди ватан мегӯяд.

Навовар

Муин аз ҷумлаи сарояндагонест, ки тавонист мусиқии суннатӣ ва попро ба ҳам орад. Ӯ бо истифода аз оҳангҳои классикӣ ва услуби муосир, сабки хоси худро ба вуҷуд овард.

Ҳамкориҳои ӯ бо оҳангсозони бузург, аз ҷумла Содиқ Ноҷукӣ ва Андроник, ба рушду такомули эҷодиёташ мусоидат карданд.

Муин на танҳо як сароянда, балки як мактаби овозхонӣ аст. Бисёре аз ҳунармандони ҷавон аз услуби ӯ илҳом мегиранд.

Садои ӯ дорои вижаҳои нодир аст: нармӣ, қувват, эҳсоси амиқ ва қобилияти расонидани маънои шеър. Маҳз ҳамин хусусиятҳо ӯро дар миёни дигарон фарқ мекунанд.

Сурудҳо ва албомҳои маъруф

Дар айни замон Муъин 25 албоми сурудҳояшро пешниҳоди мухлисонаш гардонидааст. Аз ҷумла “Мепарастам” (1983), “Орзу” (1984), “Ҳавас” (1985), “Каъба” (1986), “Гулҳои ғурбат” (бо Ҳоида, 1987), “Сафар” (1987), “Бибигул” (1988), “Субҳат ба хайр азизам” (1989), “Исфаҳон” (1990), “Таваллуди ишқ” (1994), “Панҷара” (1997), “Муаммо” (1998). “Парвоз” (2000), “Тулуъ” (2007), “Нав” (2020) ва ғайра. Сурудҳои Муин аз қабили “Хотираҳо” (2010), “Ҳамдам” (2011), “Дилам танге” (2012), “Маҷнун” (2012), “Гули ноз дорам” (2013), “Паранда” (2013), “Таркам накун” (2013), “Ҳавои хона” (2014), “Ошиқ ки бошӣ” (2015), “Бе ту наметонам” (2016), “Чи соле беше имсол” (2016), “Канори ту” (2017) ва ғайра миёни ҳамаи форсигӯёни олам маъруфу маҳбубанд.  

Падари ду духтар

Муин дар зиндагии шахсӣ низ рӯзҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Ӯ соли 1979 бо як зани испаниягӣ издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ духтараш Паричеҳр ба дунё омад.

Аммо ин зиндагӣ дер давом накард ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Баъдтар Муин суруди «Бобо» (ё «Чашматро во кун») -ро барои духтараш иҷро кард, ки хеле таъсирбахш аст.

Соли 1999 ӯ бори дуюм бо зани эронӣ Пантиё издивоҷ кард. Аз ин никоҳ низ як духтар бо номи Ситора дорад.

Имрӯз Муин дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Муин дар Тоҷикистон

Муин, аз машҳуртарин овозхонони эронӣ аст, ки сурудҳои ӯ дар миёни фосризабонҳои ҷаҳон аз маҳбубияти зиёд бархурдор аст. Ҳаводорони сурудҳои Муин дар Тоҷикистон низ хеле зиёданд. Ӯ соли 2009 бори нахуст ба Душанбе омад ва дар Кохи Борбад барномаи ҳунарӣ иҷро кард. Ҳамон замон Муин дар гуфтугӯ бо ВВС гуфта буд, ки ҳудуди 25 сол орзуи сафар ба Тоҷикистонро доштааст: “Тоҷикистонро хеле дӯст дорам ва бо ин кишвари афсонавӣ дер боз ба таври ғоибона ошно ҳастам. Ҳамакнун мехоҳам маротибаи дигар барои як ҳафта ба Тоҷикистон биёям ва бидуни иҷрои кунсерт, аз ин кишвар дидан кунам.”

Муин дар ин сафари хеш бо Фарзонаи Хуршед сарояндаи саршиноси тоҷик деэт иҷро карда буд. Пас аз ин Муин соли 2012 низ ба Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ омада буд.

Хулоса

Муин яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии муосири форсизабон аст. Ӯ бо овози гарму пурэҳсос ва сурудҳои пурмазмун тавонист дили миллионҳо шунавандаро ба даст орад. Эҷодиёти ӯ на танҳо бахше аз таърихи мусиқии Эрон, балки як пораи фарҳанги умумии форсизабонон аст.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД