Салом! Ман шаби гузашта хоб дидам, ки шавҳарам дар болоям зани ҷавон гирифтааст. Ростӣ сахт дар ташвиш ҳастам, чунки шавҳарам марди зебо ва пулдору мошиндор аст. Метарсам, ки дар ҳақиқат зан нагирифта бошад. Илтимос, бигӯед, ки зан гирифтани шавҳар дар хоб чӣ таъбир дорад?
ШАМСИЯ, аз шаҳри Кӯлоб
Посух:
- Дар ҳақиқат зани дигар гирифтани шавҳар барои зан даҳшат аст, ҳатто дар хоб, вале ин хоб ҳанӯз далели хиёнат кардани мард нест. Биёед, мебинем, ки зан гирифтани шавҳар дар хоб чӣ таъбир дорад.
Равоншиносон мегӯянд, зан хоб бинад, ки шавҳараш дар болояш зани дигар гирифтааст, ин нишонаи бадрашку бадгумон будан ва ба худаш боварӣ надоштани шахси хобдида мебошад.
Аммо дар хобномаҳо омадааст, ки зан гирифтани шавҳар дар хоб аз сахт бемор шудани марди орзуҳояш дарак медиҳад. Марди шумо бояд эҳтиёт бошад, зеро хатари сар задани садама ё ягон фалокати дигар вуҷуд дорад. Барои пешгирии хатари ҷонӣ зан бояд ба ятимону бенавоён чизеро садақа кунад, агар хоб бинад, ки шавҳараш бо ягон кампири сиёҳпӯш ё ҷавонзани либоси сафед пӯшида никоҳ кардааст.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар зан хоб бинад, ки шавҳараш бо духтари ҷавону зебо издивоҷ намудаасту бениҳоят хурсанд аст, ба гӯшаш хабари нохуш расида, азоби рӯҳӣ мекашад.
Эҳтимол шумо ҳамсаратонро беҳуда ба зани дигар рашк карда, дарун ба дарун худро мехӯред, вале баъди азобҳои зиёди рӯҳӣ мефаҳмед, ки дар асл байни онҳо чизе набудааст.
Хоб бинед, ки шавҳартон дугонаи наздикатонро ба занӣ гирифтааст, маълум мешавад, ки яке аз дӯстони наздик ё хешу таборатон чизеро аз шумо пинҳон медорад.
Дар хобаш зан дар тӯйи домодии шавҳараш меҳмон шавад, касе ба наздаш кумакпурсӣ меояд. Зан бояд рад накарда ба ӯ ёрӣ расонад.
Таъбири хоб ба шахсияти арӯс низ вобастагӣ дорад. Зан хоб бинад, ки шавҳараш бо зани бегона ва ношиносе издивоҷ намудааст, корҳои ҳамсараш якбора бебарор гашта, касод мешавад ва оила ба азоби бепулӣ гирифтор мегардад.
Хоб бинед, ки шавҳаратон бо духтари ҷавоне тӯй кардаасту базму бозӣ дар ҷӯш аст, ҳамсаратон ба ягон кори бадахлоқона даст мезанад.
Аммо зан хоб бинад, ки шавҳараш бо бевазане никоҳ кардааст, корҳои ҳамсараш барор гирифта, фоидаи калони пулӣ ба даст меорад.
Хоб бинед, ки шавҳаратон зани хориҷӣ гирифтааст, дар бораи оилаи шумо касе овозаҳои нохуш паҳн мекунад.
Бо кампир никоҳ кардани шавҳар дар хоб нишонаи наздик будани беморӣ ё марги мард аст.
Духтари ҷавон хоб бинад, ки марди дӯстдоштаашро зӯран бо каси дигар хонадор карданиянду аз таги чодар гурехта истодааст, бояд ҳушёр бошад, зеро дар сурати сустӣ кардан, зани дигар бахти ӯро мерабояд.
Хоб бинед, ки дӯстдоштаатон бо духтари дигар рақси тӯёна карда истодааст, бидонед, ки аз содагию зудбовариатон истифода бурда, шуморо фиреб медиҳанд.
Хулоса, зани дигар гирифтани шавҳар дар хоб маънои онро надорад, ки ҳамсаратон шуморо мепартояд ё дар болоятон зани дигар мегирад, вале эҳтимоли аз даст додани ягон чизи муҳим, аз қабили кору пул вуҷуд дорад.