Sebiston new 2024 october
ХОҲАРОНАМ КАЙФ МЕКУНАНДУ ХОНАИ МАН МЕСӮЗАД
01.11.2020
ОИЛА
7352

 

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони «Оила»-и мушкилкушо! Мушкили нангине маро маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат намоям. Аввалан худро мешиносонам. Исмам Назира аст, ҳамагӣ 24-сол дорам.

Аксари ҳамсолонам дар паси курсиҳои донишҷӯйӣ нишаста, давраи ҷавониашонро бо шӯхию бозӣ мегузаронанд, вале мани сарсахт аллакай як бор заҳри хонавайрониро чашидааму оилаи дуюмам низ вайрон шуда истодааст. Сабаби бадбахтии ман ягон одами бегона не, хоҳарони худам ҳастанд. Аслан падарро бад намегӯянд, вале ман маҷбурам иқрор шавам, ки падарам одами бад аст. Бисёр бад. Агар вай майзадаю бепарво намебуд, шояд хоҳаронам ба роҳи бад намерафтанд. Модарам аз зарби мушту лагади ҳамин майзада хеле ҷавон бо дили пурормон аз дунё гузашт. Пас аз гӯру чӯб кардани модари ҷавонмаргам худро масъули тақдири хоҳаронам дониста онҳоро ба қадри тавонам нигоҳубин мекардам ва намемондам, ки қадам ба роҳи каҷ ниҳанд.

Баъди ба шавҳар баромадани ман духтарҳо бесоҳиб монда бероҳа шуданд, чунки падарам онҳоро соҳибӣ накард. Шавҳари якумам овозаи бадгаштии хоҳаронамро шунида талоқи маро дод. Маҷбур шудам, ки дубора ба шавҳар бароям. Акнун шавҳари дуюмам ҳар рӯз «хоҳаронат бачабозанд, аз афташ ту ҳам мисли онҳо кавалербоз будаӣ, ки шӯйи якумат талоқат кардааст» гӯён, ҷонамро ба лабам мерасонад. Дирӯз ду ҷӯрааш шавҳарамро дар роҳ дида масхаракунон гуфтаанд, ки шаб бо қайсингилҳоят кайф кардем, бегоҳ “хоҳарҳои ту обрӯйи маро мерезонанд» гӯён, чунон лагадкӯбам кард, ки қариб мурда будам. Намедонам лаҷоми хоҳарони бероҳаамро чӣ хел кашам.

Бародаронам аз дасти онҳо сарашонро гирифта ба Русия рафтанд, падарам бо арақхӯрии худаш овора аст, гапи ман бошад ба хоҳаронам намегузарад. Насиҳат кунам, мегӯянд, ки ту худат шавҳар дорӣ, оғӯшат гарму танат пӯшида аст, барои ҳамин мушкилоти моро фаҳмида наметавонӣ, беҳтараш халал нарасон….

Борҳо сарзанишашон кардам, ҷояш омад, задам, вале ҳеҷ аз роҳи бад   нагаштанд, ки нагаштанд. Ягон кас талабгорашон намешавад, ки хоҳаронамро ба шавҳар дода ҷонамро халос кунам. Овозаи бадгаштиашон дар тамоми ноҳия паҳн гашта, обрӯяшон рехтааст.

Магар ягон мард мехоҳад зани забонзада бигирад? Албатта не! Метарсам, ки ин дафъа ҳам зиндагиам аз рӯйи ҳамин духтарҳои беандеша вайрон мешавад, чунки шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар як бори дигар ягон мард пеши роҳамро гирифта “ман шаб бо хоҳарони занат кайфу сафо кардам” бигӯяд, талоқатро медиҳам.

Хонандагони азиз, мани дар байни аъроф монда ниёз ба дастгирию маслиҳати шумо дорам. Намехоҳам дубора номи бевагиро бигирам ва фарзандам зиндаятим гардад. Илтимос, ягон роҳи аз кӯйи бадномӣ баргардонидани ин духтарҳои хому беақлро ба ман нишон диҳед, охир хоҳарони ман ҳанӯз хеле ҷавон ҳастанд ва намедонанд, ки оқибати бо мардҳои зандори серпул кайфу сафо карда гаштанашон танҳо бадномию нокомиву пушаймонист!

Назира, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД